03:31:14 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

АФЗОИШИ БАҲОИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

 

Давлати Тоҷикистон аз оғози моҳи август қимати истифода аз нерӯи барқ дар ин кишварро 25 дарсад боло бурдааст. Ҳамакнун, соҳибони манозили маскунӣ барои истифода аз нерӯи барқ ҳудуди 7,5 дирам барои ҳар як килувот соъат мепардозанд. Ин дар ҳолест, ки то ҳол сокинони Тоҷикистон барои истифода аз як килувот соъат нерӯи барқ 6 дирам пардохт мекарданд. Ба ин тартиб, арзиши истифода аз барқ барои корхонаҳои санъатӣ, муассисоти давлатӣ, истгоҳҳои обкашӣ ва ғайра мутаносибан 25 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Амонулло Ашӯр, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, тасмим дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқ бо тавсияи созмонҳои молии байналмилалӣ гирифта шудааст.

Зимнан, ду сол қабл давлати Тоҷикистон бо созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ таъаҳҳуд карда буд, ки қимати барқро то соли 2010 то ба 2,5 сенти омрикоӣ барои ҳар килувот соъат барои соҳибони манозили маскунӣ боло хоҳад бурд.

Зеро гуфта мешуд, ки танҳо дар ин сурат созмонҳои молии байналмилалӣ омода ҳастанд ба ҷалби сармояи хориҷӣ дар тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон мусоъидат кунанд. Ба ин тартиб, бо дарназардошти боло рафтани баҳои дулор интизор меравад, ки болоравии феълии баҳои қимати барқ дар Тоҷикистон ниҳоӣ набошад ва ин раванд дар соли оянда низ идома ёбад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки танҳо дар сурати афзоиши баҳои барқ ин ниҳод аз шароити бозпас додани бидеҳиҳое, ки то ҳол барои иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, имконпазир хоҳад шуд.

Вале ба эътиқоди Рахметулла Алжанов, раиси ширкати "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1”, ҳатто афзоиши то 2,5-сентии нерӯи барқ барои ҳар килувот соъат, бахши энержии Тоҷикистон судовар нахоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи оқои Алжанов, ҳоло “Барқи тоҷик” ба давлати Тоҷикистон тарҳи санадеро ироа кардааст, ки бар мабнои он афзоиши қимати барқ то 3,1 сенти омрикоӣ ё 13 дирам барои ҳар килувот соъат барои сокинон дар назар гирифта шудааст.

Ба эътиқоди оқои Алжанов, ҷониби Тоҷикистон танҳо дар ин сурат метавонад қимати истифода аз нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”-ро бипардозад. Ҳарчанд оқои Алжанов аз ироаи мизони дақиқи бидеҳиҳои ҷониби Тоҷикистон ба ин нерӯгоҳ худдорӣ кард, вале дар гузашта аз афзоиши ин маблағ то беш аз бист милюн дулор гузориш шуда буд.

Ин дар ҳолест ки ҳафтаи ҷорӣ миёни давлати Тоҷикистон ва Русия созишномае дар бораи наҳваи баҳрабардории муштарак аз нерӯгоҳи Сангтуда-1 имзо шуд. Ҳарчанд ҷузъиёти ин санад то кунун эълом нашудааст, вале расонаҳои Русия итттилоъ додаанд, ки баҳои нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Бар асоси тавофуқоти қаблӣ, Тоҷикистон муваззаф буд аз аввали январи соли ҷорӣ нерӯи барқи ин нерӯгоҳро бо қимати 3,1 сенти омрикоӣ харидорӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар пайи афзоиши баҳои барқ дар Тоҷикистон, вазъи иқтисодии бисёре аз хонаводаҳои фақир дар ин кишвар боз ҳам душвортар хоҳад шуд.

Давлат Усмон, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд: “Дуруст аст, ки баҳои барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо сойири кишварҳо дар қаламрави Шӯравии собиқ арзонтар аст, вале зиндагии мардуми тоҷик дар пойинтарин сатҳ қарор дорад.”

Ба эътиқоди оқои Усмон, дар ҳоле ки бахши умдае аз мардум аз истифода аз гози табиъӣ маҳрум ҳастанд, онҳо ба истифодаи бештар аз нерӯи барқ водор мешаванд ва ночоранд бахши бештари даромади худро сарфи хариди барқ кунанд.

Ба унвони мисол, коршиносон мегӯянд, ки то ҳол дар шаҳри Душанбе бисёре аз хонаводаҳо дар як моҳ барои истифода аз барқ ба сурати мутавассит то сад сомонӣ пардохт мекарданд. Ҳамакнун ин рақам 25 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи масъулони ширкати “Барқи тоҷик”, ҳоло обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон аз об ғанӣ шудаанд, вале коҳиши ниёз ба нерӯи барқ дар кишвар мушоҳида мешавад. Ҳамакнун, нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ночоранд оби изофиро бидуни тавлиди нерӯи барқ масраф кунанд.

Коршиносон ин амрро ба коҳиши тавлидоти санъатӣ, аз ҷумла дар ширкати Талко, корхонаи тавлиди олуминиюм дар Тоҷикистон ва боришҳои зиёд дар фасли баҳор ва авоили фасли тобистон марбут медонанд. Зеро, ба далели ин амр истгоҳҳои обкашӣ дар воҳидҳои кишоварзӣ бо таъхир ба фаъолият оғоз карданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi