Хазина аз
МАСЪАЛАИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАЛ ШУДААСТ?
Сиёсат
03.05.2012 16:22
1005
Вазири дифои Русия мегӯяд, ба ҳадси ӯ, масъалаи ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ҳалли барои тарафҳо қобили қабулро пайдо хоҳад кард. Анатолий Сердюков ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, "дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, рӯзи 24-уми апрел ...
ҶУНБИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН САБТИ НОМ НАШУД
Сиёсат
03.05.2012 16:20
1172
Вазорати адлияи Тоҷикистон санадҳои пешниҳодкардаи Ҷунбиши миллӣ барои сабти номи расмиро нокомил хонд. Қиёмиддин Шоев, масъули ин созмон ба мо гуфт, вазорати адлия ҳуҷҷатҳои Ҷунбиши миллиро имрӯз, 3 май қабул накард, зеро барои он се ҳуҷҷати дигар, аз ҷумла қарори анҷумани муассисон намерасад.
МАНЪИ ФАЪОЛИЯТИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪИ "МУҲАММАДИЯ"
Хабар
03.05.2012 16:17
1105
Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат фаъолияти масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия» - и ноҳияи Ваҳдатро манъ кард. Ҷамшед Ёров, вакили дифои муассисони «Муҳаммадия» гуфт, додгоҳ дар ин масҷид адои намозҳои панҷгонаро иҷозат дод ва гузоштани намози ҷумъаро манъ кард.
АЛҚОИДА ЯК СОЛ ПАС АЗ КУШТА ШУДАНИ БИН ЛОДЕН
Равзана ба ҷахон
03.05.2012 16:15
968
Пас аз ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2011 ба хоки Амрико, ки беш аз 3 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақти Амрико, бо ишора ба пустерҳои машҳури даврони ғарби ваҳшӣ гуфт, ки хоҳони адолат аст ва "муда ё зинда"-и Усома Бино Лоденро мехоҳад. Ин хоста дар даврони раёсати ....
НИГАРОНӢ АЗ ЭҲТИМОЛИ МАҲДУДИЯТИ ОЗОДИИ БАЁН ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТ
Матбуот
03.05.2012 16:13
3914
Дар ҳоле ки то интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди якуним сол боқӣ монда, нигарониҳо аз эҳтимоли маҳдудияти озодии баён дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Ба ин нукта дар ҷаласае ба муносибати "Рӯзи ҷаҳонии озодии матбӯъот" дар шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 3 май таъкид шуд.
«ҶАМОАТИ АНСОРУЛЛОҲ» МАМНӮЪ ЭЪЛОН ШУД
Иҷтимоъ
03.05.2012 16:11
1146
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» -ро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард. Расми эъломи мамнӯъияти созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» рӯзи панҷшанбеи 3-юми май тавассути масъулони Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бинои ин додгоҳ сурат гирифт.
«АЁДАТ»-И УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР РӮЗИ МАВЛУДАШ
Адабиёт ва фарҳанг
03.05.2012 10:41
1835
Дирӯз, 2-юми майи соли 2012, ба рӯзи таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии ҷумҳурӣ, устод Мирзо Турсунзода 101 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар зодгоҳи шоир ноҳияи Ҳисор бо ташаббуси ҳукумати ноҳия маҳфили ёдбуди ин шоири маҳбуб ...
МАСЪУЛИНИ ХАТЛОН ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ БО КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОХИЛШУДАРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Иҷтимоъ
03.05.2012 10:39
1308
Рӯзи гузашта ҳамоиши масъулини ҳукуматҳои вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, ва навоҳии минтақаи Кӯлоб дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Ҳадаф аз ҳамоиш баррасии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии донишҷӯёни бо квотаи президентӣ таҳсилкунанда буд.
ҶӮГИҲОРО «ОБЛАВА» МЕКУНАНД
Иҷтимоъ
03.05.2012 10:37
1320
Се лӯлие, ки ду соли қабл аз ноҳияи Восеъ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда буданд, имсол ба хона баргаштанд. Рафтани лӯлиён ба хизмати аскарӣ дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа аст, чунки ҷамъияти лӯлиёне, ки дар як рустои ноҳияи Восеъ ...
АЪЗОИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Сиёсат
03.05.2012 10:34
1147
Намояндагии Осиёи-марказии Парлумони Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 5 маи соли 2012 ташриф меоранд. Ба ҳайати намояндагӣ 9 нафар вакилони Парлумони Аврупо (ПА) шомиланд, ки намояндагони гуруҳҳои асосии сиёсии Парлумони ...