11:34:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ортиқи Қодир: "Намехоҳам, ки нияти таҳияи моноспектаклро бо худ ба хок барам"

Ҳунармандон ва дастандаркорони театри тоҷик имрӯзҳо чун дигар ҳампешагони худ дар тамоми дунё дар рухсатии меҳнатӣ ба сар мебаранд. Ортиқи Қодир, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон низ имрӯзҳо дар яке аз дармонгоҳҳои кишвар ба табобат ва истироҳат машғул аст. Вале бо вуҷуди ин розӣ шуд, ки дар суҳбате ба суолҳои и хабарнигори ҳафтаномаи "Рӯзгор" лутфан посух гӯяд:

-Пас аз анҷоми мавсими театрӣ имрӯзҳо рухсатии худро дар куҷо ва чӣ гуна мегузаронед?

1.ortiq-qodir august-2013-Як шохаи санъати актёрӣ тасаввур кардан аст ва мо ҳам пеш аз ба рухсатӣ баромадан дар тасаввури худ гӯё рухсатиямонро дар Қриму Сочиву Италия ё Фаронса мегузаронем. Аммо тасаввур дигару олами воқеӣ дигар. Хуллас, ҳоло рухсатии худро дар дармонгоҳи физиологии шаҳри Хуҷанд ба номи Абдусаттор Нурматов мегузаронем, то сиҳатии бархе аз узвҳои хешро барқарор намоем. Ин ҳам бо лутфи вазорати тандурустии кишвар, хосса дӯсти арҷмандам, муовини вазир Соҳибназар Раҳмонов даст дод, ки аз эшон миннатдорам. Бо қаноатмандӣ ва азри сипос гӯям, ки дар инҷо ҳам сардухтури беморхона ва ҳайати пизишкону ҳамшираҳо бо самимият дар пайи дармонбахшии мо ҳастанд. Мо инҷо дар оғӯши меҳру муҳаббату самимият қарор дорем.

-Худо кунад, ки ҳамеша мардуми мо ба ҳунармандон ҳамин гуна бо лутфу марҳамат бошанд. Аммо, шумо соле қабл, дар вохӯрӣ бо ҳайати ҳунармандони турк, бозигарони филми "Ҳомиён" чандин бор бо таъкид ин масали халқиро зикр карда будед, ки "Оби дари хона тира аст". Манзуратон аз гуфтани ин суханҳо чӣ буд? Шумо он ҷо чиро дар назар доштед? Қадр нашудани ҳунармандоне, ки дар дубляжи "Ҳомиён" иштирок доштан ё дар маҷмуъ….

-Ҳам ину ҳам он. Мо он имкониятҳои фаннии наворбардории филмро, ки дар Туркия ҳаст, надорем ва агар ин гуна имкон дар кишвари мо бошад, актёрони мо аз актёрони турк на танҳо ҳеҷ камӣ надоранд, балки бартарӣ ҳам доранд. Лекин ин чиз ҳам буд, ки бархе бинандаҳо гуфтанд, ки ҳарчанд мо туркиро мефаҳмем, аммо аз тамошои филми "Ҳомиён" бо забони туркӣ ҳеҷ лаззат набурдем. Филм тавассути дубляжи мо машҳур шуд, вале агар мушоҳида карда бошед, мардуми мо нисбат ба бегонаҳо ҳассосанд, бо онҳо дигар хел муносибат мекунанд. Ба ҳар ҳол шукр мекунем, ки дар кишвари мо ҳам ҳастанд нафароне, ки ба аҳли ҳунар эҳтироми хосса доранд.

-Устод, ин мавсими театрӣ, ки Шумо паси сар кардед бароятон чӣ гуна мавсим буд?

-Мавсими гузашта мавсими хубу бобарор буд. Нахуст ин ки дар ин мавсим ман дар як намоиши ҷолибу дидании театр- "Чархи гардон"-и Давлати Убайдулло яке аз нақшҳои асосиро бозидам ва ин намоиш дар фестивали ҷумҳуриявии "Парасту-2013" сазовори ҷойи аввал шуд. Ғайр аз ин, ман дар тӯли мавсим қариб дар ҳамаи намоишҳои репертуари ҷорӣ нақш доштам ва пайваста намоишҳои мо рӯйи саҳна буд, чун намоиши "Аёдат"-и Ҳикмат Раҳмат, ки ман дар он нақши устод Турсунзодаро бозӣ мекунам, намоиши "Раъду барқ", ки ман дар он ҷо нақши Пиверро бозӣ кардам, намоиши "Ориёӣ"…

Пеш аз анҷоми мавсим мо бо фоҷеаи "Раъду барқ" сафари ҳунарӣ доштем ба вилояти Суғд. Бисёр сафари хотирмон ҳам буд. Худи Шумо ҳам медонед, ки имрӯз бисёриҳо ба он андешаанд, ки тамошобини мо ба чизҳои сабук шавқу таваҷҷуҳ дорад, лекин ин сафари мо маълум кард, ки мардум асари хубу ҷиддиро бештар дӯст медоранд. Тамошобинон аз толор бо ашк, бо таассуроти амиқ берун мерафтанд, ки ин барои мо таъсирбахш буд.

Баъзан мо дар як ҳолатҳои дудилагиву ноумедӣ гирифтор мешудем, ки шояд моҳияти театр аз байн рафта, ки мардум бештар ба чизҳои сабук, ба гуруҳҳои эстрадӣ, ки кори онҳо аз лиҳози маънавиву эстетикӣ ягон чизи баланд надорад, таваҷҷуҳ мекунанд. Руҳафтода мешудем, ки муҳити театрӣ дар Тоҷикистон нест. Лекин вақте, ки мо бо ин фоҷеа ба сафар баромадем ва дидем, ки тамошобинон баъд аз намоиш як вокунишҳои аҷибе нишон медоданд, мо гуфтем ба ҳар сурат ҳанӯз театр моҳияти худашро гум накардааст.

-Пас барои ҷалби ҳарчӣ бештари тамошобин ба театрҳои мо ҳамин гуна гастрол ё худ сафарҳои ҳунарӣ ба манотиқи гуногуни кишвар ё ташкилоту муассисаҳо бештар таъсиргузор аст?

-Бале, ин анъанаи нек солиёни дароз дар театр вуҷуд дошт. Мо ба кадом ноҳия ё вилояте, ки мерафтем, котибони ҳизбии вилоят ё ноҳияҳо масъул буданд, ки ҳунармандонро истиқбол гиранду онҳоро ба ин ё он хоҷагӣ ё корхонаҳо сафарбар намоянд. Дар марказ ҳам ин як нақша буд ва ҳизб фармон медоду ин нақшаро бояд, ки корхонаҳо, масъулини шаҳру ноҳияҳо иҷро мекарданд ва ҳисобот медоданд, ки тӯли сол корхона чанд намоиши театрӣ тамошо кардааст ва киҳо бачаҳояшоно ба театр бурдаанд.

Мо ҳунармандон чун имкони техникӣ бештар буд, ҳамеша ба сафар мебаромадем. Алоқаи театр бо мардум ҳеҷ вақт канда набуд. Солҳои шасту ҳафтодум баъзе намоишҳои театри Лоҳутӣ аншлаг мешуду бештари мардум дар нахустнамоишҳо беруни дар мемонданд. Баъди нооромиҳои солҳои навадуми кишвар як холигии фарҳангӣ ба вуҷуд омад ва ҳамон арзишҳо аз байн рафтанд. Ин анъанаҳоро дубора бояд эҳё кард ва барои ин аз ҷониби Ҳукумат ҳам мусоидат карда шавад.

-Бояд барои рушди театр худи давлат ҳам саҳмгузор бошад?

-Ҳатман, чунки дар тамоми дунё ҳамеша давлат пуштибони театр буд. Хусусан, дар замони мо театр бе дастгирӣ ҳеҷ наметавонад рушд кунад. Аммо як чизи дигарро набояд фаромӯш кард, ки дар бисёр мамлакатҳои пешрафта, ҳатто дар Фаронса театри махсуси дарборӣ буд, ё имрӯз дар Қазоқистон оркестри президентӣ вуҷуд дорад, ки эҷодиёташон бисёр дар сатҳи баланд аст. Онҳо ҳамеша пайи сайқал додани ҳунари худашон ҳастанд, на аз пайи ташвиҳои рӯзгор. Ҳозир дар мо агар ҳунарманд қисман ба фаъолияти эҷодии худаш машғул бошад, қисмати асосии андешаҳои вай дар мавриди пешбурди рӯзгораш аст. Аслан ҳунарманд бояд аз тамоми ташвишҳои зиндагӣ фориғ бошад, баъд ба ҷое хоҳад расид.

-Шумо имрӯз аз зумраи маъруфтарин ҳунармандони мо ҳастед, ки садову симояшро мардум дӯст доранд. Чаро чанд соли охир Шуморо дар синамо намебинем?

-Мо имрӯз синамо надорем. Шумо ба ман мувофиқ ҳастед?

2.ortiq-qodir august-2013Бале, ман ҳам гумон дорам сатҳи синамои мо хеле поён аст… Дастгоҳҳои муқтадири синамоӣ, ки дар кишвар буд, аксар хароб ва ё ба яғмо рафтанд. Имрӯз бо дастгоҳҳои телевизион видеофилмҳо мегиранд. Баъдан, ман ба чанд сенарияе, ки шинос шудам, рости гап бисёр хориам омад. Чун хеле омиёнаву дар сатҳи хеле паст буд. Ман барои бозӣ кардан дар ин гуна филмҳо розӣ нашудам ва чанд тан аз онҳое, ки имрӯз бо синамо сарукор доранд, аз ман ранҷиданд ва дигар ба ман муроҷиат ҳам намекунанд.

-Муносибати Шумо бо ҳамкасбонатон чӣ гуна аст?

Ман ҳамеша хари худамро аз лой худам баровардаам. Бисёр фишорҳову пешпо доданҳо дидаам ва ба давоми фаъолият ба хулосае омадам, ки:

Айбе набувад зи бухл бадтар,

Наздики акобири ҳунарвар…

Воқеан, дар дунё зуҳуроти бисёр бади бахиливу нотавонбинӣ аст, аммо он тавре, ки дар байни мардуми мо, хосса дар байни аҳли эҷоди мо аст, фикр мекунам дар ягон мардуми дигар нест. Ман ҳам ҳазорҳо ҳазор айб дорам, ҳазорон камбудиву нуқсон дорам, лекин ба як чиз шукр мекунам, ки ман ҳеҷ вақт ба як ҳунарманде, ки воқеан вай арзанда аст, истеъдоду неруи бузург дорад, бахилӣ накардаам.

Баръакс аз дастовардҳои эҷодии ҳамкасбонам ҳамеша чун кӯдак завқ бурдаам. Як нафар нақши наверо бозӣ кунад, ман бомуҳаббат рафта табрикаш мекунам, дар ғайбаш ҳам аз ӯ суханони нек мегӯям. Гоҳо эҳсос мекунам, ки аз ин дигарҳо нороҳат мешаванд. Барои чӣ мо ҳунари худро қадр накунем? Дигарон аз пашша фил месозанд, мо чаро баръакс, нисбати ҳамдигар бадгӯӣ кунем?

Чаро мо ин хел бошем? Чаро бузургонамонро эътироф накунем ? Ман дар ин росто на танҳо ба аҳли эҷод, балки ба тамоми мардуми тоҷик гуфтани ҳастам, ки:

Бурун кун кинаҳо аз синаи хеш,

Ки дуди хона аз равзан бурун беҳ.

-Устод, Шумо гуфтед, ки ман аз бозёфтҳои ҳунарии ҳамкасбонам бисёр хурсанд мешаваму ба завқ меоям. Гумон мекунам ин нишонаи ҳунарманди комилу дили соф доштан аст. Аммо, мехостам як чизи дигарро аз Шумо бипурсам, ки масалан барои хонандаи мо ошкор гуфта метавонед дар чанд соли охир аз бозёфтҳои кадом ҳунармандон ё коргардонҳои мо ба завқ омадаед?

-Албатта, маро дастовардҳои Барзу Абдураззоқов чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ хориҷ хурсанд мекунад. Аловиддин Абдуллоев аз театри Қурғонтеппа ҳунари бисёр баланд дорад ва яке аз беҳтарин ҳаҷвнигорон аст, ки дар худаш аслан ҳунарро гиромӣ медорад. Қурбони Собир, Хуршед Мустафоев, Раҷаб Ҳусейнов ва бисёр ҳунармандонеро метавон номбар кард, ки дастовардҳои бисёр баланди ҳунарӣ доранд. Тӯли солҳои охир театри тоҷик чандин бор дар фестивалҳои байналмиллалӣ иштирок кард. Дар театри маъруфи "Аҳорун" ҳанӯз ҳам таъсири ҳунару истеъдоди нотакрори Фаррухи Қосим дида мешавад ва Сабоҳатхон ин пайраҳаро идома медиҳад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин инсон ин чизҳоро мушоҳида карда, хаста мешавад, ки муҳити мо муҳити театрӣ нест, мардуми бештар ба ҳамон ҳунарҳои кӯчагиву раҳзанӣ таваҷҷуҳ доранд. Боз агар бархе ситораҳои "гумном" консерте гузорад, бо маблағҳои калон чипта дастрас мекунанд, аммо чиптаи намоишҳои театри академикӣ барои калонсолон 10 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки барои таҳияи як намоиш чӣ қадар заҳмату чӣ қадар нерӯ сарф мешавад, вале мардум баъзан дар канор мемонанд. Борҳо ба аҳли худи эҷод, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон даъватномаҳо медиҳӣ, ки ба намоиш оянд, аммо…

Охир театр барои ҳамагон нест, театр ҷойи хосон аст, ба театр бояд зиёиёни пешқадам биёянд. Баъзан аз телевизион  журналистон ба ман занг зада мегӯянд, ки мо мехоҳем бо шумо дар бораи театр суҳбат кунем. Ман мепурсам, ки охирон намоиши тамошокардаи шумо кадом аст, ҷавоб медиҳад, ки ман намоишеро надидаам. Ман ҳайрон мешавам, ки ӯ чӣ гуна бо ман дар бораи театр суҳбат мекунад?

-Шумо гуфтед мардуми мо дигар ба санъатҳои кӯчагӣ таваҷҷуҳ дораду ҳунари ситораҳои "гумном"-ро меписандад. Сабаби паст рафтани завқи мардум дар чӣ бошад ва барои боло бурдани завқи онҳо чӣ бояд кард?

-Боз ҳам решаи онро дар фоҷеаҳое, ки солҳои навадуми асри гузашта ба сари миллати мо бориданд, биҷӯем. Воқеан, яке аз сабабҳои аслии паст шудани завқи мо ин аз ҳамон солҳои пурдаҳшат, ки холигии маънавӣ ҳам дар пай дошт, сарчашма мегирад. Дар ин росто сатҳи мактабу маориф хеле паст рафт. Ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди истиқлолият ва арзишҳои истиқлолият ман борҳо ба таъкид гуфтаам, ки агар таваҷҷуҳамон ба мактабу маориф ва муаллим самимӣ набошад, мо ба ҷое намерасем ва дар бораи кадом истиқлол бояд гӯем?

Ва чун гирди сохтмони Роғун бисёр ҳамҳамаҳо пайдо шуд, ман гуфта будам, ки масъалаи аз Роғун ҳам муҳимтар барои мо масъалаи мактабу маориф аст. Ҳамон рӯзе, ки муаллим маҷбур шуд, ки ба бача бигӯяд, ки ту "пули моҳ"-а биёр, аз ҳамон рӯз хор шуд. Бояд мо ба ин роҳ намедодем. Бояд қадри мактабу маорифро ҳамеша гиромӣ медоштем. Дар ин сурат завқу одобу фарҳанги мардуми мо тарбия меёфт.

Имрӯз бисёр ҷавонҳои мо, насли "гумшуда"-и мо, ки худ модар ё падар шуданд, худашон муҳтоҷи тарбия ҳастанд. Дигар завқашон паст асту чизи баландро қабул карда наметавонанд. Ҳаминҳо сурудҳои кӯчагиро қабул мекунанд, дар ҳоле ки дар ин гуна сурудҳо таҳқиру дашном, паст задании шаъни зан-модар ва бисёр номаъқулиҳои дигар ҳаст. Дар замони Шӯравӣ ин гуна сурудҳо ҳатто ба клубҳои деҳа роҳ намеёфтанд. Имрӯз ин гуна сурудҳо то минбарҳои баланд роҳ ёфтанд, то радиову телевизионҳои мо роҳ ёфтанд. Ин албатта завқи ҷавононро мекоҳонад.

-Аммо замон замони глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ аст…

3.ortiq-qodir august-2013-Албатта, пеши роҳи интернету ин гуна чизҳоро гирифта намешавад, лекин ба ҳар сурат ба фарҳанги асил арҷи дигарро бояд қоил буд. Як файласуфи иронӣ, ки дар Амрико зиндаги мекард, мутаассифона номаш аз хотирам рафтааст, намудҳои нави санъатро "ҳашара" унвон кард, яъне Майкл Ҷексону дигаронро "ҳашара", яъне вирус хонда гуфт, ки онҳо зуд сироят мекунанд. Албатта, ин сиёсат ҳам ҳаст. Дискоклубҳо, клубҳои шабона инҳо ҳама ҳуҷуми идеологияи Ғарб ба хотири вайрон кардани фарҳангу одобу маънавиёти мо аст.

Инро мо нодида мегирем, аммо ин нақшаи қавии тарҳрезишуда аст. Билохира, ин ҳуҷумҳо метавонад арзишҳои волои фарҳангиву миллии моро нобуд кунад. Вақте мо кӯдак будем, дар кӯча дашномеро ба забон меовардем, ҳамон замон калонсолон вокуниш нишон дода, моро маҳкум мекарданд. Имрӯз дар рӯйи ҳавлӣ кӯдакон модарҳояшонро дашном медиҳанду касе ба онҳо аҳамият намедиҳад, яъне ин чизи муқаррарӣ шудааст. Вақте ин бетарафиҳоро мебинам, дилам хун мешавад. Воқеан, хеле фарҳангамон паст аст. Вақте инро нодида мегирем, ин нишонаи бад аст.

ӣ бояд кард? Чӣ гуна фарҳангамонро боло барем?

-Ҷомеаи мо ба як инқилоби фарҳангӣ ниёз дорад ва дар ин росто бе амру фармонҳои Ҳукумат ягон кори муассир кардан имкон надорад. Нақшаҳои онро бояд Ҳукумат таҳия кунад. Он гунае, ки дар Чин Инқилоби фарҳангӣ эълон дошта буданду ба ҳадаф расиданд, бояд мо ҳам ҳамин гуна иқдомро руйи даст бигирем. Ҳам давлат ва ҳам ҷомеа бояд ба ин кор таваҷҷуҳ намоянд. Боз мардуми одат кардааст, ки дар ҳама кор аввал Ҳукумат тасмим бигирад.

Ман мехоҳам махсус қонуни давлат қабул шавад барои мубориза бар зидди маҳалгароӣ. Бадтарин зишттарин зуҳуроте, ки имрӯз ба пештарфи миллати мо хала ворид мекунад, ин маҳалгароист. Маҳалгароӣ ҳам аз паст будани завқ ва фарҳангамон реша мегирад. Боз мегӯям, ки барои аз байн бурдани ҳамаи ин пеш аз ҳама қадри муаллим ва қадри мураббии боғчаро баланд бардорем.

-Шумо овози хуб дореду шеърро то ба хонанда расонида метавонед, пас чаро бо таҳияи моноспектакле тамоми паҳлуҳои ин ҳунаратонро пешорӯйи бинанда боз намекунед?

-Ин савол бори аввал домангири ман нест, ин савол ҳамеша дар зеҳни худи ман ҳам ҳаст. Борҳо ҳам кӯшиш кардаам, ки ҳамин корро кунам, аммо кадом як зарурият, кадом як душвории зиндагӣ садди роҳ шудааст. Ман намехоҳам, ки ин ниятро бо худ ба хок барам.

-Дигар тамошобин интизор бошад, ки ахиран аз ҷониби Ортиқи Қодир моноспектакле ҳам таҳия ва рӯйи саҳна меояд?

-Ё насиб

-Суоли одатии рӯзноманигорон: боз чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

-Нақшаҳои мо бештар ба худамон вобаста набуда, вобастаи роҳбарияти эҷодии театр аст. Мо дар Китобхонаи миллӣ чанд намоиш, аз ҷумла "Шоме бо Ҳофиз" бо иштироки яке аз шашмақомсароёни боистеъдоди мо Хуршед Иброҳимов ва намоишҳои дигаре бахшида ба бузургдошти Низомиву Рӯдакӣ таҳия карда будем. Ҳамчунин дар масири ҳамкориҳо бо Китобхонаи миллӣ нақшаҳои зиёд дорам, пешакӣ гуфтан намехоҳам, аммо талош меварзам, ки онҳо амалӣ гарданд.

-Ташаккур барои суҳбат…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi