13:26:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

ЮСУФИ ГУМГАШТА БОЗ ОМАД

(Hигоҳе ба филми иронии "Юсуф паёмбар")

ХИДМАТИ ЮСУФ ПАЁМБАР

Шояд, на, чаро шояд, балки ба яқин ҳеч гоҳе бинандаи тоҷик ин қадар ошиқ набуд. Ошиқи покӣ, ошиқи барӣ будан аз ҳар навъ олоишот. Ва ин ишқро гӯиё ӯ солҳо ва шояд тамоми умр мунтазир буд ва чун рӯи пардаи телевизиони худ филми "Юсуф паёмбар"-ро дид, ин эҳсос дасташ дод, ки гумшудаи худро билохира ёфт. 
 
Қудрати таъсиргузории ривоёту қиссаҳои илоҳӣ ва ҳунари коргардону бозигаронро бо ин фарогирие, ки дар филм дидам, қабл аз ин камтар мушоҳида карда будам. То ҳол ба нудрат саҳнаеро ёд меорам, ки аз мушоҳидаи он ҳам пиру ҳам ҷавон ва ҳам мутадаййину ҳам мутараддид ин қадар таъсири муштарак гирифта бошанд, ки яксон мутаассир бишаванду оби дида бирезанд. Бале, дар қисматҳои аввали филм барои Юсуф гиристанду баъдан барои Зулайхо. Ва бо наздик шудан ба поёни филм ва саодат ёфтани онҳо худ низ эҳсоси хушбахтӣ намуданд. Ин ҳарду он қадар дар вуҷуди ҳар як аз бинандаи тоҷик нуфуз карданд, ки ҳамагӣ бехабар худ Юсуфу Зулайхо шуданд...  

Шоҳид будам, ки чи гуна мардуми беш аз як моҳ рӯи барқро надидаи рустоҳои водии Вахш дунболи Юсуф мегаштанд. Дар хонаи он иддае, ки дастгоҳи тавлиди барқ доштанд, гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ меомаданд то ин филмро бубинанду баъдан перомуни нукоти он соатҳо баҳсу табодули назар кунанд. Сӯҳбати маҳофилу масоҷид Юсуф шуда буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст. Ҳатто зимистоне, ки гузашт, ишқу алоқа ба Юсуф дилҳои мардумро он қадар гарм кард, ки сардиро ҷиддӣ нагирифтанд ва бо мушоҳидаи сабру шикебоии паёмбари Худо дар баробари сахтиву маҳрумиятҳои рӯзгор камтар аз гузашта лаб ба шикояти мушкилоти иҷтимоии худ, аз ҷумла бебарқӣ кушоданд. Ин ҳадди ақали хидмати "Юсуф паёмбар" аст.


МУШКИЛОТИ МОДДӣ МОНЕЪИ МАЪНАВИЯТ НЕСТ


Ва ҳамчунин филми "Юсуф паёмбар" ин иддаоро рад кард, ки гӯиё мушкилоти моддӣ боиси фосила гирифтани мардум аз маънавият мешавад. Маънавияти воқеӣ бузургтарин кӯмак ҷиҳати рафъи мавонеъу мушкилоти моддист. Ва бояд бипазирем, ки дар кишвари мо барои истифодаи беҳина аз ин абзори бисёр муассир ҳадди ақали истифода сурат мегирад.

Ва истиқболи фавқулода гарму самимии мардум аз "Юсуф паёмбар" ба ин маъност, ки мо ҳоло тавони арзаи корҳои арзишманди фарҳангиро надорем. Ба зоҳир ба масоилу мавзӯъоти бузурги ахлоқӣ ва ҳатто динӣ даст мезанем (мисли таҳияи филму намоишномаҳо), вале умдатан корамон ба ҷое намерасад. Чун таи даврони истиқлол роҳеро, ки бояд мепаймудем, асосан хато рафтем. Ҳавзаҳои ҳунару фарҳанги мо мактаби хоси худро надорад. Бӯи тақлиди кӯр-кӯрона аз даҳлезу долонҳои онҳо аз дур шунида мешавад.

Ҳанӯз ҳам бештари ҳунармандони мо тарзе сӯҳбат мекунанд, ки гӯё бо забони тоҷикӣ чандон ошноӣ надоранд. Яъне ҳаргиз тасаллути онҳо ба забони модариашон ба андозаи як ҳунарпешаи рус, иронӣ, араб ё ҳиндӣ нест. Бинобар ин гуфтори аксари филму намоишномаҳо хеле маснуъӣ (сохта) ба назар мерасад. Гоҳе аз шеваи баёни ҳунармандони мо фаҳмида намешавад, ки онҳо асари ҷиддии ахлоқиву фалсафиро иҷро мекунанд ё мазҳакаеро.

Лакнати забон ва гӯиши ғайритоҷикиии ҳунармандонамон дар тарҷумаи филми "Муҳаммад паёмбар", ки чанд муддати пеш аз тариқи телевизион пахш шуд, ба хубӣ ба мушоҳида мерасид. Он шаҳоматеро, ки ин филм ба забони форсӣ ва русӣ дошт, дар тарҷумаи тоҷикӣ комилан аз даст дода буд. Танҳо овози чанд нафар аз ҳунармандон муносиби ин филм буду бас, ки ба хотири барнахурдан ба иззати нафси боқӣ аз зикри номашон худдорӣ меварзем. Ва ба яқин агар ҳамин филми "Юсуф паёмбар"-ро бо он норавониҳои гуфторие, ки доранд, ба қавле тоҷикӣ бикунанд, шукӯҳу шаҳоматашро барбод хоҳанд дод.

Намунаи чунин кореро дар тарҷума ва садобардории маҷмӯаи (сериали) мисрии ҳазрати имоми Аъзам (р) ба хубӣ мушоҳида кардем. Агар аз баҳри тарҳи мавзӯи пӯшиши суолбарангези занони бозигари ин маҷмӯа, интихоби ҳунармандон барои иҷрои нақши овони кӯдакии ҳазрати имоми Аъзам (р) ва падари эшон бигзарем, боз ҳам тарзи гӯиши норавони хеле аз ҳунармандони тоҷик, ки дар садобардории он ширкат намудаанд, боиси камтаваҷҷуҳии мардум ба он шудааст.

Банда аз чандин нафар дар мавриди ин маҷмӯа суол кардам, вале, мутаассифона, аз он камтар арзёбиҳои мусбатро шунидам. Бо ин ҳол фикр намекунам, ки ба ин наздикиҳо филми дигаре битавонад бо "Юсуф паёмбар", ки бачаҳо онро чун гулҳои наврустаи наврӯзӣ канори ҷодаҳо ба мардум арза мекунанд, ба рақобат бипардозад. Чунин рақобат ҷудо аз интихоби мавзӯъ ба ҳазор чизи дигар ниёз дорад, ки маҷмӯи онҳо ҳирфаӣ будани дастандакоронро нишон медиҳад.


МУХОТАБИ "ЮСУФ ПАЁМБАР" ҲАМААНД


Маъмулан ҳар филм мухотаби худро дорад, ки ғолибан маҳдуд ба намояндагони қишре аз ҷомеа мешавад. Вале харидори "Юсуф паёмбар" ҳама ақшори кишварамон мебошанд. Дар бозори "Корвон" бо чашми худ занеро дидам, ки зоҳиру пӯшиши ғайриисломӣ ва ҳатто ғайримиллӣ дошт, вале дунболи қисматҳои надидааш аз ин филм мегашт. Сеҳри ҳунари асил ҳамин аст, бетараф ва ҳатто мухолифро ҳам маҷзуби худ мекунад.

Худо шоҳид аст, ки бидуни ҳеч гуна ташвиқ писари дуввунимсолаи банда бо пайдо шудани симои Юсуф рӯи пардаи телевизион худро ба суръат ба он мерасонад ва аз чеҳрааш бо шавқ мебӯсад. Агар худам борҳо шоҳид намебудам ва бароям мегуфтанд, ки кӯдаке дар ин синну сол мухлиси филми Юсуф шудаву рӯзе чанд бор тақозои тамошои онро мекунад, ҳаргиз бовар наменамудам. Вале ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати ҳунари синамогарони иронӣ, ки тавонистааст, ҳатто кӯдакони хурдсолро низ ҳаводори хеш кунад. Ва ба баракати "Юсуф паёмбар" ба ин ҳарфи равоншиносон бовар кардам, ки бо кӯдак ҳам бояд чун бо шахсият рафтор кард. Зеро фитратан қобилияти шинохти баду некро дорад.

Иттифоқан маҳбубияти ин филм сӯҳбатҳои хосеро низ дар миёни мардум ба бор овардааст. Бархе аз забони ин ё он мулло "Юсуф паёмбар"-ро филми шиъӣ хонданд ва тамошои онро маҷоз надонистанд. Иддае дигар бо он мухолифат доранд, ки набояд чеҳраи паёмбар нишон дода бишавад. Ба назари банда ҳарду маврид ҳам қобили баҳс аст. Шояд дар ҳақиқат дар ин филм баёну ишораҳое ба арзишҳои хоси мазҳаби ташайюъ вуҷуд дорад, вале он дар сатҳе нест, ки битавонад рӯи муҳтаво ва хатти фикрии "Юсуф паёмбар" асари маҳсус бигузорад.

Бо ин баҳона ҷоиз надонистани тамошои филм кори шоистае нест. Чаро ҳар рӯзе аз ҳазор роҳ даҳҳо филми худиву бегонаи (бахусус голливудии) мубтазилу ғайриахлоқӣ ва оғушта ба фаҳшо пахш мегардад, ки дар маҳкум намудани онҳо касе шитоб надорад, вале "зӯрашон" ба ин роҳатӣ ба "Юсуф паёмбар" мерасад?

Дигар ин ки чӣ тавр метавон симои паёмбареро, ки мазҳари сунъи илоҳист, наовард? Агар тасаввур бишавад, ки дар ин филм ба ҷои чеҳраи Юсуф ҳолае (ҳалқае) аз нур вуҷуд медошт (чизе, ки дар дигар филмҳои иронӣ мушоҳида шудааст), ҳаргиз барои бинанда он таъсир ва ҷаззобиятеро, ки қаблан ёдовар шудем, намедошт. Зеро дар бештари маворид бинанда ҳолати равонӣ, эҳсосот ва рӯҳиёти Юсуфро дақиқан аз чеҳрааш мехонад.


ДАЛЕЛИ МАҲБУБИЯТ


Суоле пеш меояд, ки чаро "Юсуф паёмбар" ин қадар мавриди истиқболу алоқаи тоҷикон қарор гирифтааст? Ба далели достони Қуръонӣ будани он ва ё сатҳи болои ҳирфаии коргардону ҳунарпешагон? Ба назари банда ҳам ину ҳам он. Вале беҳтар аст то ҳунарпешагону коршиносон ва дигар алоқамандон бо баргузории баҳсу сӯҳбатҳои ҷудогона ҷузъиёти ин мавзӯъро ба баррасӣ бигиранд. Ва мо он чиро аз мушоҳидаҳои хусусии худ ва сӯҳбатҳои дӯстон ҳосил кардаем, дар миён хоҳем гузошт.

Муҳаммадии НАВИД, шоир:
- 70 соли Шӯравӣ мардуми мо филмҳоеро медид, ки на танҳо аз дину диёнат фарсахҳо дур буд, балки ҳунари синамо мубориза бо динро яке аз рисолатҳои хеш медонистанд. Табиатан ҳоло дигар мардум ташнаи маънавият мебошанд ва аз ин лиҳоз ҳама филмҳои дорои мазомини исломиро хуб истиқбол мекунанд.

Таваҷҷӯҳи хос ба "Юсуф паёмбар" аз он аст, ки бо ин достон мардуми тоҷик аз тариқи Қуръон ва "Қиссасуланбиё" ошноӣ доранд. Ва дигар ин ки шуарои бузурги мо қиссаи Юсуфу Зулайхоро ба назм даровардаанд, ки дар тӯли қарнҳо вирди забонҳо будааст. Ва ангезаи муҳимми дигар ин аст, ки ҷанбаи маънавии ин қисса дар филми ёдшуда бисёр хуб бозгӯ шудааст. Бахусус нақши Юсуф барҷаста буда, тавонистааст ахлоқи паёмбариро муваффақона таҷассум намояд.  


Куллан ман аз тозакориҳои ин филм дар шигифт афтодам. Агар аз зикри ҳунари бозигарон бигзарем, воқеан барои фароҳам намудани фазои Мисри бостон (аз тарҳи иморатҳо гирифта то сару либос) коргардону таҳиягарони филм чӣ қадар заҳмат кашиданд.  

Неъмати НЕЪМАТЗОДА, рӯзноманигор:
- Моилам ба таври хос ба забони балиғу фасеҳи "Юсуф паёмбар" ишора кунам. Агар забони филм мафҳум намебуд, алорағми ҳама заҳматҳои фаровоне, ки дар заминаи ҳунарӣ, саҳнаороӣ ва фаннӣ (техникӣ) кашида шудааст, боз ҳам бо чунин истиқболи беназир рӯ ба рӯ намешуд. Ва ба назари банда ин посухи бисёр маҳкам ба иддаои ононест, ки фосилаи миёни забони тоҷикӣ бо форсии имрӯзиро бузург дидан мехоҳанд.

Филмҳои ироние, ки дар ин авохир аз тариқи шабакоти телевизионии Тоҷикистон пахш мешаванд, ба ҷузъи муҳимми равобити фарҳангии миёни ду кишвар табдил шудаанд. Ва дар ин миён ҷойгоҳи "Юсуф паёмбар" истисноист.

Нуриддин МУҲИДДИН, вакили Маҷлиси шаҳри Истаравшан:
-Вижагии бештари филмҳои иронӣ ва бахусус "Юсуф паёмбар" дар он аст, ки онро ба сурати хонаводаӣ тамошо мекунанд ва дар қиёс бо филмҳои голливудӣ, русӣ ва ҳатто ҳиндӣ дили касе ҳам ба шиддат наметапад, ки ҳоло бо нишон додани саҳнае ба ҳарими иффат, номӯс ва обурӯи вай таҷовуз мекунанд. Аз "Юсуф паёмбар" бинанда ишқи воқеиро меомӯзад, на шаҳватро, ки мутаассифона, ҳоло таблиғи онро бештари филмсозони ғарбӣ ва ғарбигаро рисолати касбии худ медонанд.
 
Онҳоянд, ки рӯҳу равони мардумро бо муҳтавои филмҳои ғайриахлоқиашон ба бероҳа мекашонанд. Агар ин нест, пас чӣ ҳам буда метавонад, ки қаҳрамонони чунин филмҳо байни худ даргир мешаванд ва аз тариқи озмоишоти генетикӣ ва додгоҳбозӣ мехоҳанд исбот кунанд, ки кӯдаки кадом як зани шаҳватрон фарзанди воқеии онҳост! Рӯи сафҳаи синамо кашонидани ин масоил ба маънои ҷанбаи иҷтимоӣ бахшидан ба ин бебандубориҳост. Мутаассифона, баъзан мо низ чизҳоеро арза мекунем, ки бо ахлоқи воқеии миллӣ ва исломии мардумамон ҳеч созгорие надорад. Ва филми "Вақте дар рӯи шаҳр борон меборид" намунаи он мебошад.

Гулчеҳра НАИМОВА, ҳунарпешаи театр ва кино:
-Дастандаркорони филм хе¬ле ҳирфаӣ ва тахассусӣ кор кардаанд. Коргардон ва муаллифи сенария дар канори Қуръон аз манобеъи зиёди Исломӣ ва ғайриисломӣ истифода кардаанд. Талош шудааст, то дар роҳи расидан ба аҳдофи эҷодӣ аз мавзӯи таърихӣ фосила нагиранд.  

Ин тим: коргардон, таҳиягарон, наворбардорон, ҳунарпешагон ва дигарон воқеан ҳамагӣ мутахассиси кори худанд. Расом ва таҳиягари декоратсия хеле заҳмат кашидаанд, зеро зинда кардани он лаҳзаҳои таърихӣ шояд кори барои хеле аз гурӯҳҳои филмбардорӣ имконпазир бошад, вале офаридани муҳит ва фазои зинда бисёр мушкил ва то ҷое дастнаёфтанист, ки дар ин филм ҷомаи амал пӯшидааст. Шояд битавон порае аз таърихро ба таври басарӣ ё худ дидорӣ (визуалӣ) таҷассум намуд, аммо зинда кардани рӯҳи замон корест тақрибан ғайримумкин. Ва нубуғи коргардон ва куллан тими "Юсуф паёмбар" низ дар ҳамин аст.

Ва ин маводи бисёр бузурги мутолиотӣ барои муаррихин ва донишҷӯёни бахши таърих аст. Дидани ин филм, ҷудо аз баҳси марбут ба ҷанбаъҳои имонӣ ва худошиносӣ, ба онҳо имкон медиҳад то рӯҳи ҳоким дар он замонро дар вуҷуди худ эҳсос намоянд.

Нур, дуд, мавқеи дурбинҳои мутаҳаррик, хулоса ҳама абзорҳои филмсозӣ ба гунае истифода шудаанд, то битавонанд ҳолу ҳавои қаҳрамононро дақиқтар бозгӯ намоянд. Наққош, наворбардор, тарроҳи сару либос ва чеҳраороӣ он қадр дар риояти тавозун кушидаанд, ки як зарра ҳам ҷое барои шакку тардид ва беэътимодӣ ба ҳунарпешагон ва саҳнаҳо боқӣ намегузорад. Бинанда фаромӯш менамояд, ки ин филм аст, балки фикр мекунад шоҳиди вуқӯъи саҳнаҳое аз таърих мебошад.

Дар канори ҷанбаи басарӣ ё худ дидорӣ, матни филм, бахусус диалогҳои фалсафии он ҷалби таваҷҷуҳ менамояд. Дасти бинандаро гирифта ба сайри рӯҳоният мебарад. Ба ҷое мебарад, ки ҳама таслим мешаванд. Ва по ба пои Юсуф то ин водӣ мераванд. Фикр мекунам, ки Худованд аз тариқи Юсуф хост инсонҳоро таслими зебоӣ кунад ва аз роҳи зебоии зоҳир батадриҷ ба зебоии ботин бирасонад. Худованд мӯъҷизаи зоҳирро офарид, ки дар он ботин мастур буд.

Шакке нест, ки филм хеле ва хеле муваффақ аст. Фикр мекунам ин танҳо бардошти тоҷикон нест, балки "Юсуф паёмбар" ба унвони падидаи фарҳангӣ метавонад дар тамаддуни муосири башарӣ ҷойгоҳи муносиби худро ба даст биёрад.


ПАЁМИ "ЮСУФ ПАЁМБАР"


Бале, тавре мусоҳибонамон зикр намуданд маҷмӯаи "Юсуф паёмбар" аз назари ҳунари коргардонӣ, бозигарӣ, матн, тарроҳии саҳна ва истифода аз ҷилваҳои вижа бисёр муваффақ аст. Бахшҳое низ ба достон изофа шудааст, ки муҷиби таҳриф ё фосила гирифтан аз асли он нагардида, балки ҷаззобияташро барои бинанда бештар кардааст. Вижагии дигари "Юсуф паёмбар" ин аст, ки аз ибтидо то интиҳо бо бинанда иртиботи ботинӣ дорад, чизе, ки дар бештари филмҳои имрӯзӣ танҳо маҳдуд ба иртиботи зоҳирист. Ва ин иртиботи ботинӣ моро во медорад, то лаҳзае ба моҳияти зиндагии ин дунёямон биандешем ва нигоҳи худро ба чизҳои беарзише, ки ҳаётамонро машғули худ доштааст, каме ҳам шуда, тағйир бидиҳем. Ин ҳарфи кӯчаке нест.

Ҳарчанд ҳама аъзои тими "Юсуф паёмбар" ин шоистагиро доранд, ки аз онҳо ном бибарем, вале мо бо зикри исми коргардон Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, бозигарон Мустафо Замонӣ (Юсуф) ва Катоюн Риёҳӣ (Зулайхо), ки дар ин филм тавонистаанд мароҳили табдили ишқи заминӣ ба ишқи осмониро моҳирона нишон бидиҳанд ва миллионҳо нафарро соатҳои тӯлонӣ пои телевизион нигаҳ бидоранд, иктифо мекунем. Катоюн Риёҳӣ ҳунарпешаи шинохтаи синамои Ирон аст, аммо Мустафо Замонӣ аввалин бор нақш офаридааст. Ва танҳо бо шаш моҳ омодагӣ тавонистааст ба як чеҳраи маҳбуби ҳунарӣ табдил шавад, ки шояд расидан ба мартабаи вай орзуи хеле аз онҳост, ки умри худро рӯи саҳна сипарӣ намудаанд.  

"Юсуф паёмбар" аз тарафи "Симофилм" дар 45 қисмат дар тӯли ҳудуди чор сол таҳия шудааст. Ҳоло бархе аз кишварҳо онро харида ва ба манзури пахш дар шабакоти миллии худ дар ҳоли тарҷума мебошанд. Шояд тарҷума натавонад он фасоҳату зебоии каломи форсиро ба ҷо биёварад ва хушбахтии мо тоҷикон аст, ки "Юсуф паёмбар" бо забони модарии худамон бароямон арза шудааст.

Имон ба Худо, иршоди инсонҳо, покдоманӣ, ғалаба бар ҳавои нафс, ислоҳи ҷомеа ва хидмат ба мардум аслитарин паёми ин достон барои башарият ва хосатан мусалмонҳост. Шояд то ҳоли ҳозир бо ин фарогирӣ улгу ва намунаи шоиста барои пайравӣ ба ҷомеаи тоҷик, бахусус қишри ҷавони мо муаррифӣ нагардидааст. Бо дидани ду қисмати дигар бинандаи тоҷик ба поёни ин маҷмӯа мерасад. Аммо, бидуни шак, "Юусуф паёмбар" дар ёди бештари мардум хоҳад монд ва бо пайравӣ аз ӯ хелеҳо зиндагии худро маънавӣ ва ҳадафманд хоҳанд кард.

Бо як калом, паёми "Юсуф паёмбар" ин аст, ки ишқ ба Худо дар ҳар даврону замон аз аслитарин ниёзҳои ҷомеаи башарист, ки муҷиби саодатмандии он мешавад. Ва хушбахтона ин паёмро бештари бинандагон ва бахусус ҷавононамон бо гӯши ҷон шуниданд.



Қосим БЕКМУҲАММАД
 


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi