17:46:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

УРДУ-ДУХТАРИ ЗАБОНИ ФОРСИИ-ТОҶИКӢ

 Ба муносибати таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ 
ва ташрифи президенти Покистон ҷаноби 
Осиф Али Зардорӣ ба Тоҷикистон


Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш, 
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Мавлавии Румӣ

Ба ибтикори Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муддатҳост, ки забони форсӣ-тоҷикӣ ҳар сол дар рӯзи 22-июл таҷлил ва қайд мегардад. Ин рӯзро мардуми фарҳангдӯст ва адабшиноси Тоҷикистон ҳамчуни рӯзи висоли асли хеш таҷлил ва қадрдонӣ мекунанд. Зеро дар ин рӯзи пур шараф тамоми ҳисобот ва аҳдофи вобаста ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва инкишофу иблоғи он ба маърази намоиш гузошта мешавад. 

Забони форсӣ-тоҷикии имруза ҳамон забонест, ки дар тӯлии таърих нақши муҳимеро иҷро кардааст ва нишонаҳои он ҳанӯз дар бисёр аз нуқоти ҷаҳон дида мешавад.Ин ҳамон забонест, ки бо равишҳои гӯёи худ забонҳои дигари дунёро мисли забони урду, ҳиндӣ, панҷоби,балуҷӣ,пашт, ӯзбекӣ, туркманӣ, арабӣ ва туркиро зебо ва сайқал намудааст. Ба гуфти шоири маҳбуби Шарқ аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.


Инҷо банда ба муносибати таҷлили рӯзи забони форсӣ-тоҷикӣ мехоҳам роҷеъ ба забони урду-ҳиндӣ, ки яке аз забонҳои маъруфи имрӯзаи дунё шинохта мешавад ва ба гуфти доктор Офтоб Асғар -устоди Донишгоҳи Панҷоби Лоҳури Покистон ва Раиси форсидонони ин Донишгоҳ «забони урди яке аз духтарони нозанини забони форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб мешавад», ки имрӯз дар сарзамини Ҳинду Покистон хело роиҷ ва мавриди истифода қарор дорад, рӯйи коғаз биёварам.

Ин забон баъди дохил шудани мусалмонон ба сарзамини Ҳинду Покистон дар замони лашкаркашии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба вуҷуд омадааст. Дар он замон асокири мусалмонон иборат аз турк, араб ва форс буданд, ки бо аҳолии Ҳинд якҷоя зиндагӣ ва мубориза мебурданд. Ба сабаби омехташавӣ асокир ва қавмияту миллатҳои гуногун забони урду, ки маънои забони лашкрро дорад, мавриди қабули ҳамагон гашт ва аз ҳамон замон то имрӯз мавриди гӯйиши мардуми Покистон, баъзе аз минтақаҳои ҷануби Африқо, Англия, Канада, Ҳиндустон, бархе аз сокинони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва дигар манотиқи Осиёи Ҷанубӣ қарор гирифт.

Покистони имрӯза баъди истиқлолият дар 14-уми августи соли 1947 забони урдуро ҳамчун забони расмии давлатии худ қабул кард. Ва қобили зикр аст, ки Покистони имрӯза бо садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу навиштаҷотҳо ва садову симои худ забони урдуро тарғиб ва ташвиқ менамояд то мардуми ин сарзамин аз асли хеш дур намонанд ва аз захираҳои илмии ин забон истифодаи маънавӣ ва моддӣ бибаранд.

Рӯшанфикрон, адибон ва забоншиносони ин сарзамин ҳамеша аз забон ва адабиёти худ фахр мекунанд ва мардум ва насли ҷавонро аз хатари нобудшавии он ҳушдор медиҳанд. Масъуд Хусайнхон яке аз устодони забони урду дар китоби худ «Урду ко аламия», яъне «Дарду ранҷи забони урду» барои мардуми худ чунин огоҳӣ медиҳад: «Наё насли адос ҳи наҳи, гунги беҳри биҳе-унки манаҳ ми забон ҳи лекин й булнаҳи саки-кон ҳе лекин й сунн наҳи саки-услие ки унси унки модари забон чеҳнли ги ҳе».

«Насли нави мо мутаассифона, безабон ва гунг мебошад. Дар даҳон забон дорад, аммо сухан гуфта наметавонад. Гӯш дорад, аммо шунида наметавонад, зеро забони модарии ӯро аз вай дур кардаанд».

Бояд зикр кард, ки алифбои забони урду аз 51 ҳарф иборат аст, ки ба ҳарфҳои муфрад ё алоҳида ва мураккаб ҷудо мешавад ва бо ҳуруфи форсӣ-тоҷикӣ навишта мешавад. Дар гӯйиши ин забон аксар ҷумла ва калимаҳоеи асили форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад ки шунаванда ва хонанда аз ӯ лаззати маънавӣ мебарад. Мо роҷеъ ба ин мавзӯъ чанд мисол меорем то хонанда баҳравар бишавад. Хурсандиовар инаст, ки дар Покистон, ки марказ ва манбаъи аслии забони урду аст, дар аксар ҷойҳо шиорҳои калон бо хатти форсӣ-тоҷикӣ ва шеваи урду дида мешавад. 

Ин намуд шиорҳоро дар аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозорҳову донишгоҳҳо дида мешавад.Барои мисол дар даромадгоҳи Донишкадаи санъат, ки дар шаҳри Лоҳури бародаршаҳр бо Душанбе бо забони форсӣ-тоҷикӣ чунин навиштааст: «Касби камол кун то азизи ҷаҳон шавӣ» ва дар ҳуҷҷатҳои донишгоҳи Панҷоби шаҳри Лоҳур ва Ҳамдарди шаҳри Карочӣ, ки зиёда аз 160000 донишҷӯ доранд ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст: 

«Донишгохи Панҷоб-Ҷомеаи Панҷоб-Панҷоб Юниверсити» ва Донишгоҳ-Ҷомеаи «Ҳамдард». Калимаҳои «ҳавои ҷиҳоз»-ҳавопаймо, «зоишгоҳ»-таввалудхона, «харбуз»-харбуза, «Самуса»-самбӯса, «тезрафтор»-босуръат, «тарбуза»-тарбуз, «як лаҳза»-як дақиқа, «шукрия»-ташакур, «меҳрубонӣ»-раҳмат бо шеваҳои зебои урду бо синонимҳои форсӣ-тоҷикӣ мавриди истифодаи ҳаррӯзаи мардуми ин сарзамин мебошад.

Дар даромадгоҳхо ва дарҳои вуруди аксари шаҳру деҳот шиори «Хуш омадед», «Чашми мо рӯшан дили мо шод», «Азиз мард ва ҳазарот», «ҷанобон ва хавотини мӯҳтарам», «ҷашни озодӣ муборак», «ҷашни милоди Набӣ муборак», «ҷашни Муҳаммад Расули Акрам муборак» бо хатти форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад ва зиёраткунандаро ба шавқ ва омӯзиши ин забони ширин дилчасптар мекунад. 

Шаҳри Мултони Покистон, ки таърихи хело куҳан ва қадима дорад ва бино ба иттилоъи баъзе манбаъҳо оромгоҳи Шамси Табрезӣ мебошад,бо номи мадинаи авлиё ё шаҳри авлиёҳо ёд мешавад ва дар яке аз мақбараҳои ин шаҳри таърихӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ чунин навишта шудааст: «Мултони мо ба ҷаннати аъло баробар аст. Оҳиста по бинеҳ, ки малоика саҷда мекунад». 

Бояд зикр кард, ки рӯзнома ва маҷаллаҳои машҳури Покистон бо номҳои форсӣ-тоҷикӣ зери унвони «ҷанг», «навои вақт», «ҷасорат», «адаби латиф», «базми Иқбол» ва баъзе дарёҳо, хиёбонҳо, бозорҳо ва тарабхонаҳои онҷо бо номҳои «дарёи Синд», «дарёи Панҷоб»,«хиёбони Гулбарг», «шоҳроҳи қоиди аъзам», «шаҳид Муртазо Буҳутто», «бозори аноркулӣ», «урду бозор», «Баракат моркет» ё «Бозори Баракат» ва тарабхонаҳоии «Зиёфат» ва «Шоҳтоҷ» бо хатти форсӣ- тоҷикӣ зери шеваи забони урду машҳуру маъруфи ҷаҳон мебошанд.

Омӯзиши забони урду барои мо мардуми Тоҷикистон, ки ба қавли олимаш он духтари зебои забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад, хело аҳамияти калон дорад. Таърихи 350 -солаи ин забони ишқу муҳаббат саршор аз омезиш бо забону адабиёт, фарҳанг, шеъру ғазали ноби тоҷикӣ форсӣ мебошад. Ин забонро агар мавриди омӯзиши илмӣ қарор диҳем бисёр чизҳои навро оиди забон ва адабиёти худ хоҳем донист.

Ва ҷойи ифтихор аст, ки ин забони ишқу муҳаббат дар бисёре аз марокизи илмии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Инсттитути Шарқшиносӣ ва Мероси хаттиии АУ ҶТ ва маҳфили адабии Тоҷикистону Покистон зери сарпарасти устодони маъруфи ҳиндӣ ва урдушинос, ба мисли Шарафниссо Пӯлодова, Ҳабибулло Раҷабов, Амри Яздон, Сайфиддин Акрамов, Замира Ғаффорова ва дигар донишмандону донишомӯзони забон ва адабиёти урду мавриди таҳлил ва таҷлил қарор дорад.

Ва ахиран дар рӯзи 5-уми майи соли 2009 зери сарпарастии сафорати Покистон дар Тоҷикистон дар бинои Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон маркази омӯзиши Покистон дарҳои адабӣ ва фарҳангии худро барои донишомӯзон ва адибони фарҳангдӯсти Тоҷикистон боз кард ва минбаъд ҳамчун пули иртиботӣ барои васл ва пайванди забони форсӣ-тоҷикӣ ва урду фаъолият хоҳад кард. 

Қобили зикр аст, ки Институти Шарқшиносӣ ва Мероси хаттии Академия Илмҳои Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 50 солаи худ дар соҳаҳои илму фарҳанг, адабиёт ва забон,ҷомеашиносӣ ва кишваршиносӣ бо шӯъбаҳои Ҳинду Покистон, Ирону Афғонистон ва Ғарбу Шарқ таҳлилу баррасии мақолаҳо ва нигоришҳои зиёдеро роҷеъ ба забон ва адабиёти урду-ҳиндӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ табъ ва нашр намудааст ва дар ин маркази илму дониш аспирантон, духтурон ва донишомӯзони зиёде дар соҳаҳои забони ва адабиёти урду-ҳиндӣ, арабӣ-форсӣ кор ва фаъолияти илмӣ мебаранд, ки дар инкишоф ва васли забони урду ва форсӣ-тоҷикӣ барои рӯшанфикрон ва адибони кишварамон аҳамияте бузурге дорад. 

Банда, ки имрӯз ба ҳайси аспирант ё коршиноси аршади Институти Шарқшиносӣ ва Мероси хаттӣ дар соҳаи адабиёти урду мебошам ба ин назарам, ки таърихи забони урду, ки ҳанӯз ба пайдоиши он 500 сол зиёд нашудааст, аммо босуръат ва тез инкишоф меёбад, ба мо таълим медиҳад, ки забон ягона василаи фарҳангист, ки роҳи дониш ва адабро барои инсон рӯшан ва мунаввар мегардонад. Беаҳамиятӣ дар омӯзиш ва кӯшиши инкишоф додани он сабаби дуршавӣ аз худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ мегардад.

Покистониҳо маъмулан ҳар гаҳе бо шахсе дучор шаванд, ки забонашонро намедонад, ин зарбулмасалро ба ёд меоранд: «Забони ёри ман туркиву ман туркӣ намедонам» Бо ин сухани худ онҳо ба ҳамсӯҳбати хеш изҳори муҳаббат, ҳамбастагӣ ва ҳамзабонӣ мекунанд. Онҳо ҳангоми бо форсҳову тоҷикон сухан гуфтан ҳамеша ёдовар мешаванд, ки забону фарҳанги мову шумо якест ва одатан ин байти машҳури алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ба забон меоранд:

Аҳли Ҳакро ҳуҷҷату даъво якест,
Хаймаҳои мо ҷудо дилҳо якест.

Мирсаид Рахмонов,
аспирант ва коршиноси аршади 
Институти Шарқшиносӣ ва Мероси хаттии 
Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi