18:13:32 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29            

ИНТИХОБИ ДУБОРАИ МЕҲМОН БАХТӢ

Меҳмон Бахтӣ (Муҳаббатов), нависанда, шоир ва дромнавис, муҷаддадан ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Ин рӯйдоди фарҳангӣ рӯзи ҷумъаи 3 июл дар анҷумани сездаҳуми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, дар толори теотри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Оқои Бахтӣ бидуни олтернотив ва дар як раъйгирии ошкор бо раъйи аксарияти орои вакилони анҷумани Иттиҳодияи нависандагон ба мақоми раёсати ин созмон даст ёфт. Ин дар ҳолест ки тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоби раиси ин созмон бояд бо раъйгирии пинҳонӣ сурат бигирад. Аммо чун номзаде олтернотив дар баробари оқои Бахтӣ набуд, масъулони садорати Иттиҳодияи нависандагон раъйгирии ошкоре дойир карданд.

Ба ин тартиб, ин барои бори дувум аст, ки раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба ӯҳдаи Меҳмон Бахтӣ вогузор мешавад. Вай соли 2003 дар анҷумани дувоздаҳуми Иттиҳодияи нависандагон ба раёсати ин созмон даст ёфта буд.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи 18 асари бадеъӣ буда ва барандаи чандин ҷоизаи давлатӣ аст.

Интихоби муҷаддади оқои Бахтӣ ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар ҳолест ки бархе аз нависандагони тоҷик дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ва адабиро ба даврони шаш соли ахири раёсати вай дар ин созмон марбут медонанд.

Ба гуфтаи ин афрод, дар ин муддат 74 тан аз шоирону нависандагон ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон шомил шудаанд, ки дар миёни онҳо ҷавонони халлоқу эҷодкор низ кам набудаанд.

Ҳамчунин беш аз 40 тан аз нависандагон ва шоирон ҷоизаҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ ба даст овардаанд ва адабиёти тоҷик сабку услуби тозае ба худ касб кардааст.

Ҷонибеки Акобир, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”, мегӯяд, ки дар чанд соли ахир адабиёт ба марҳилаи тозае ворид шуд ва фазои эҷодии шаффоф ва муҳити созгоре барои қаламкашон фароҳам гардид.

Ба эътиқоди вай, ваҳдати назарҳо, тарбияти адибони ҷавон, чопи муназзами нашрияҳо ва маҷаллоти фарҳангӣ ва адабӣ аз дастовардҳои муҳимми Иттиҳодияи нависандагон дар панҷ соли ахир будааст.

Оқои Акобир мегӯяд нависандагону шоирон бо истифода аз фазои мусоъид дар Иттиҳодияи нависандагон тавонистаанд "асарҳои хубу хонданӣ ва ҷолиб, ки мавзӯъоти таърихӣ, ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои волои инсониро дар бар мегиранд", таълиф кунанд.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Акобир, бештари нависандагону адибон дар даврони Шӯравии пешин "аз чунин муҳити адабӣ ва озоду созанда бархӯрдор набуданд ва ё камтар чунин шароите барояшон насиб мегардид."

Аммо Пайванди Гулмуродзода, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд бо он ки муҳит ва фазои адабӣ дар Тоҷикистон озод аст, аммо то ҳол Иттиҳодияи нависандагон дар заминаи расидан ба аҳдофи хеш, яъне тарғиби адабиёти тоҷик ва ҷаҳон, ба таври чашмрас муваффақ нашудааст.

Оқои Гулмуродзода иллати ин амрро ба мушкилоти молӣ, камбуди мутахассисон, бахусус тарҷумонҳо ва адабиётшиносон марбут медонад.

Аммо Саттор Турсун, нависандаи саршинос, бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон меросест аз даврони Шӯравӣ ва ба таҷдид ва бознигарии ҷиддӣ ниёз дорад.

Оқои Турсун гуфт: “Ҳамакнун ки замона ва муҳит дигар шудааст, пас шеваи корбарӣ ва фаъолияти Иттиҳодияи нависандагон бояд тағийр кунад. Ин муассиса набояд чун даврони Шӯравӣ дастнигари давлат бошад, балки тавонад бо иҷрои барномаҳои мухталиф вазъи адабиёт ва фарҳангро беҳбуд бахшад.”

Афзун бар ин, оқои Турсун мегӯяд: “ Дар анҷумани имрӯз низ бархе аз нависандагон пешниҳод карданд, ки давлат нашриёт ва маҷаллоти Иттиҳодияи нависандагонро таъмини молӣ кунад ва дар рушди ин арса саҳим бошад. Ин маънии онро дорад, ки ҳанӯз мафкураи онон тағийр нахурдааст ва ҳоло ҳам нависандагони мо умедворанд, ки аз сӯйи давлат пуштибонии молӣ бубинанд.”

Ба ин далел, оқои Саттор бар ин назар аст, ки адабиёт танҳо дар он сурат рушд мекунад, ки Иттиҳодияи нависандагон як ниҳоди мустақил ва худкифо бошад.

Бо ин ҳол, Нур Табар, дромнавис, бар ин назар аст, ки Иттиҳодияи нависандагон, шоиру нависанда, бахшҳои мухталифи адабӣ дар кишвар бояд зери ҳимояти молии давлат қарор дошта бошанд.

Ба эътиқоди оқои Табар, ин муассиса ва зерсохторҳои он батанҳоӣ наметавонанд рушди уствор дошта бошанд ва нақше барои ҷомеъа ва сиёсати фарҳангӣ ва адабии кишвар ифо кунанд.

Зимнан, Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар нахустин анҷумани ин созмон дар моҳи майи соли 1934 таъсис шуд ва ҳоло 350 тан аз шоирону нависандагон узви он ҳастанд.

Бар асоси пажӯҳишҳои илмӣ, нахустин раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Саид Носиров, кумисари халқии маъорифи Тоҷикистон дар авоили аҳди Шӯравӣ будааст.

Аммо дар солҳои мухталифи фаъолияти ин созмон, шоирону нависандагони саршиноси тоҷик, назири Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Аскар Ҳаким раёсати онро ба ӯҳда доштаанд.

Ҳарчанд тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагон замони раёсат дар ин созмон ба муддати панҷ сол муқаррар шудааст, аммо як фард метавонад дар давраҳои баъдӣ низ номзад шавад ва ба мақоми раиси ин иттиҳодия интихоб гардад.

Дар гузашта, Мирзо Турсунзода ба муддати 31 сол, Мӯъмин Қаноат барои 14 сол ва Аскар Ҳаким барои 12 сол раёсати Иттиҳодияи нависандагонро ба ӯҳда доштаанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi