21:04:42 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Атохоҷа Мирхоҷа: «Ман мавқеи нодурусти иҷтимоии Бозорро маломат кардам»

Шеърҳои Атохоҷа Мирхоҷа оинаи рӯзгори Тоҷикистони азиз, ба хусус Бадахшони сарбаланданд. Агар шумо ташнаи обҳои ширини Бадахшон шудаед ва дар хумори дидани куҳҳои осмонбӯсаш сар ба саҳро задаеду  наметавонед ин ормони худро ба сабаби дурии ин сарзамини афсонавӣ бишканед, аз ҳад зиёд озурда набошед. Китоби ашъори Атохоҷа Мирхоҷаро ба даст бигиред ва он гаҳ бубинед, ки то чи ҳад мушкилатон осон мешавад. Мо чунин кардем ва дар пайяш рафтем ба суҳбати шоир. 

1-atokhoja-mirkhoja-544545-Маҷмӯаи нахустини шеърҳоятон «Ишқ ва ашк» ҳамагӣ даҳ сол пеш, дар чилсолагиатон, соли 2003, чоп шудааст. Оё аз ин чунин барнамеояд, ки Шумо дер ба саҳнаи адабиёт ворид шудаед? Ё Шумо аз онҳоед, ки дар бораашон мегӯянд: «Дер ояду шер ояд»?

-«Ишқ ва ашк» нахустин маҷмӯаи алоҳида аст. Аммо пеш аз ин соли 1991 нашриёти «Адиб» дар китоби «Боли парвоз» ҷамъе аз ашъорамро таҳти унвони «Тасмаи мардон» дар овони 28-солагиам чоп карда буд. Вале ба ҳасби он ки чанд шеър дар як китоби дастҷамъӣ симои вижаи муаллифро ифода намекунанд, гуфти Шумо дуруст аст, ки бо «Ишқ ва ашк» ба адабиёт ворид гаштам. Адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода дар тақризе, ки ба ин маҷмӯа навишта буд, айни андешаи Шуморо дар мавриди вурудам ба арсаи адаб чунин нигоштааст: «Шоире, ки, ба қавли худаш, бо азобу ранҷҳо ба боргоҳи сухан омадааст:

Гуфтам ба забони тифл дар ин дафтар,

Ҳар нукта, ки аз дил ба даҳон омадаам.

Айбам ту макун, ки ман пас аз чандин ранҷ

Акнун ба дари кохи сухан омадаам.

Албатта, мо ин соядастро, ки аз воқеъият қисса мекунад, мепазирем, аммо ба фикри мо, агар шоир байти зерро, ки мо ба масобаи ҳусни мақтаъ баргузидаем, дар аввал ва ё поёни маҷмӯа меовард, ҳеҷ муболиға намешуд, балки барои ӯ ва шеъраш мувофиқ ва барозанда буд:

Ба арзи бандагӣ дер омадам, дер

В-агар дер омадам, шер омадам, шер!».

-Аҷоиб, рости гап, ман ин китоби Шуморо то ҳоло нахондаам. Ба ҳар ҳол мехостам бифаҳмам, ки шеър гуфтан бароятон имрӯз осон аст ва ё он 10 - 15 сол пеш хубтар даст медод? Муомилаи Шумову мурғи илҳоматон чӣ муаммоҳое доранд?

-Ман аз синфи 4-5 сар карда, пайваста шеър гуфтаам. На ба ин маъно, ки ҳар рӯз. Гоҳ-гоҳ, дар як сол шояд зиёдаш се моҳ шеър нависам. Ғолибан баҳор ва тирамоҳ бештар менависам. Зимистону тобистон илҳом ба ман камтар даст медиҳад. Аксари шеърҳо дар дили шабҳо ба зеҳнам роҳ меёбанд. Барои он ки то субҳ аз ёдам нараванд, бархоста онҳоро сабт мекунам. Пештар қаламу коғаз мекофтам, ҳоло телефони ҳамроҳ корро осон кардааст. 

-Шумо дар шеърҳоятон хеле зиёд аз Мавлои Румӣ ва Шамси Табрезӣ ёд мекунед. Чунин ба назар мерасад, ки тариқати Мавлавиро беҳтарин роҳи расидан ба ҳадафҳо дар зиндагӣ медонед? Пас Атохоҷа Мирхоҷа дар зиндагӣ Шамси Табрезии худро дорад?

-Дар зодгоҳи ман ба Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва Шамси Табрезӣ мартабаи малакутӣ қоиланд. Ёдам меояд, падарам (рӯҳаш шод бод!) дар овони кӯдакиам ба ману бародарам Мирзоҷалол як дафтаре ҳадя кард, ки дар он бо дасти худаш ашъори Шамси Табрезӣ, Ҳофиз, Ғиёсиддини Бадахшӣ ва Саноиву Носири Хусравро аз куҷое баргардон карда буд. Ману бародарам ин ашъорро, ки бисёрашон қасидаҳои дароз буданд, азбар карда, гоҳ-гоҳ месароидем. Маъракаҳои шодиву андӯҳ ҳам дар диёри ман бе хондани ашъори Мавлоно намегузаранд. Ба ибораи дигар, Мавлоно дар дили ман ҳанӯз дар айёми тифлӣ маъво гирифта буд ва мардуми мо ӯро пири тариқати худ медонанд. 

-Замоне Шумо дар ҷавоб ба баъзе шеърҳои Бозор Собир манзумаеро иншо кардед, ки дар он ин шоири маъруфро сахт мавриди интиқод қарор додед? Ҳоло шоир ба Ватан баргашту мавриди ҳурмату иззати раҳбарияти кишвар қарор дорад. Муносибати Шумо имрӯз бо устод Бозор Собир чӣ гуна аст?

-Ман на «баъзе шеърҳои Бозор Собир», балки мавқеи ба назарам нодурусти иҷтимоии ӯро нисбат ба ҳаммиллатонам дар як шеърам маломат кардам. Соли 2008 ман мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагон будам. Ба таҷлили 70-солагии Бозор омодагӣ мегирифтем, агарчи худаш дар Амрико буд. Буклет ва табрикномаашро бо меҳру муҳаббате, ки ба ӯ доштам, сохтам.

Ин асно пайиҳам се суҳбати, нарм карда гӯем, камандешонаи устод дар рӯзномаҳои хусусӣ чоп шуданд. Ӯ зиёиёни тоҷикро бо лаҳни тунд таҳқир намуда, онҳоро ба саг монанд намуда, ҳамчунин дину мазҳабамонро сахт мазамммат карда буд. Дар байни мардум ҳангома бархост, зиёиёни баномус аз шоир дилсард гардиданд.

Маломатномаи ман дар ҳаққи Бозор Собир дар ҳамон шабу рӯз дар заминаи ҳамин эҳсосоти нохуш ба вуҷуд омад. Пас аз чопи он дар ҳафтаномаи «Миллат» чанд шеъру номаи дигар ҳам дар пуштибониам аз ҳар куҷо ба дасти ман расиданд, аммо банда ин маъракаро дигар давом надодам. Чунон ки мегӯянд «ба аспи нағз як қамчин» бас аст.

Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки Бозор Собир шахсияти андак нест. Бо номи ӯ ҷунбишҳои истиқлолталабии давлатии равшанфикрони тоҷик дар охири солҳои 90-уми асри гузашта иртиботи ногусастанӣ доранд. Он ғояҳоеро, ки устод Бозор ва ҳамсафони вай дар орзуяшон буданд, ба туфайли дурандешӣ ва миллатдӯстии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишварамон ба сиёсати давлатии кишварамон табдил ёфтанд, зина ба зина шакл гирифтанд ва ҳоло барои амалӣ гаштанашон майдонҳои бузург боз гардидаанд. Президент Бозор Собирро расман ба ватанаш даъват намуд ва боз ҳам оқилонатарин корро барои миллатамон анҷом дод. Сарфи назар аз синнаш, синаи устод ҳоло ҳам моломоли суханҳои тоза барои мардумаш аст ва умед дорам, ки дар кори давлатдорӣ ҳам ғояҳои наве аз зеҳни ӯ хоҳанд бархост.

Фикр мекунам, ки Бозор Собир ба чи муносибат доштани ман ба шахси худ эҳтиёҷе надорад. Ҳоло ки хатояшро фаҳмид ва дар бари мост, ба қадраш бояд бирасем.

-Ба фикри Шумо имрӯз кадом навъи шеър бештар ба дарди мардум мехӯрад? Шеъри лирикӣ, сиёсӣ, меҳанӣ ва ирфонӣ?

-Дигаронро намедонам, вале ба дарди ман танҳо шеъри нағз мехӯрад. Мавзӯи он муҳим нест, муҳим моли ҳунар будани он аст.

-Дар кадом шакли шеърӣ барои шумо эҷод кардан осонтар аст?

-Ҳар давра ба ҳар хел шакл рӯ меоварам. Ҳоло бештар дар қолаби муъҷази рубоӣ андешаҳоямро мерезам. Тайи ду соли охир ҳамчунин ғазалу қасида маро машғул медоранд.

-Шумо инчунин намунаи ашъори бархе аз шоирони рус, беларус, қирғиз, доғистониро тарҷума кардаед. Чи зарурат буд, ки ба чунин кор даст бизанед? Оё ашъор худи Шумо ба дигар забонҳо тарҷума шудааст?

2-atokhoja-mirkhoja-544545-Тарҷума як ҷузъи кори эҷодии банда аст. Он имкон медиҳад, ки бо василаҳои эҷодии адиби дилхоҳатон ба фосилаи либосу бадан наздик шавед, ба сарчашмаи илҳоми ӯ дар лаҳзаи эҷоди он асар роҳ ёбед ва эҳсоси ӯро дилу замири худ таҷриба кунед. Тарҷума хазинаи луғавиро ғанӣ месозад, табъро сайқал медиҳад ва муҳимтар аз ҳама хонандагонро бо намунаи осори адибони хориҷӣ ошно менамояд.

Банда ашъори шоирони рус Александр Блок ва Иван Переверзин, шеърҳои шоири беларусӣ Микола Метилитский, қирғиз Акбар Рисқулов ва доғистонӣ Аминатро тарҷума кардаам. Тарҷумаҳо аз Переверзин ва Метилитский дар шакли китобҳои алоҳида нашр шуданд. Тарҷумаи шеърҳои Блокро дар китоби тозаинтишорам – «Нафаси дувум», ки ду моҳ пеш чоп шуд, ҷой додам. Махсусан Александр Блокро бо лаззату илҳоми саршор баргардон кардам. Ҳоло ҳам ин корро давом дода истодаам.

Шеърҳои ман ба забонҳои русӣ, арманӣ, қирғизӣ, беларусӣ, китобҳои бачагонаам – «Нахудак - булъаҷабак» ва «Нахудак ва Нисо» ба англисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

-Дар таҳкими равобити адабӣ бо дигар кишварҳо, ба фикри шумо, чи дастовардҳоеву чи мушкилоте дорем?

-Мутаассифона, робитаи адабӣ бо ҳамсоягони дуру наздикамон ниҳоят суст ба назар мерасад. Барои иқтисоди бозорӣ, ки алҳол сиёсати қариб тамоми давлатҳои дунё бар он асос ёфтааст, адабиёт ва баъзе ҷинсҳои дигари ҳунар аҳамияти охириндараҷа доранд. Барои мисол, дар муддати 20 соли охир ягон нафар нависанда ё шоир дар ҳайати гурӯҳҳои ҳунарии ин ё он тадбирҳои фарҳангӣ ба хориҷи Тоҷикистон фиристода нашудаанд. Оё ин рӯйдод нигаронкунанда нест? Дар Иттифоқи нависандагон шуъбаи равобити адабии хориҷӣ ба ном вуҷуд дорад. Баъзеҳо шиква мекунанд, ки адабиёти тоҷикро дар ҷаҳон намешиносанд. Вақте муносибат чунин бошад, албатта, намешиносанд.

-Медонем, ки аз ҷумлаи аввалин шоироне ҳастед, ки ба забони шуғнонӣ пайваста шеър эҷод мекунед. Ҳатто намунаи ашъори шоиронеро ҳамчун Носири Хусрав, Фирдавсӣ, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Камол Насруллоҳ ва дигарон ба шуғнонӣ тарҷума кардаед. Дар бораи ин самти фаъолиятатон мехостам суҳбат кунед. Ашъори ба забони шуғнонӣ навиштаатонро дар куҷо нашр мекунед ва чи тавр дастраси хонанда месозед?

-Шуғнонӣ забони модарии ман аст. Дар он низ чизҳое эҷод кардаам ва дуруст гуфтед, тарҷумаҳое анҷом додаам. Забон хурдиву бузургӣ надорад. Хеле хушбахтам, ки ҳамдиёронам ҳар шеъри маро бо ташнагию пазмонӣ истиқбол мекунанд. Ҳоло дар садади ба чоп расондани маҷмӯаи ашъори шуғнониам бо номи «Хирпичор» («Офтоб дар мард») ҳастам. Соли 2010 нашриёти «Адиб» як китобчаи бачагонаамро бо номи «Равшан қиссаен» («Қиссаҳои Равшан») нашр карда буд, ки мақбули хурдсолон гардид. Дар масъалаи нашри осор ба забони шуғнонӣ чун ба дигар забонҳо дар кишварамон шукри Худо ягон монеа вуҷуд надорад. Китобро дӯстон ё аз ман ё аз дуконҳои китобфурӯшӣ мехаранд. Китоби нағз бошад, хонанда худаш онро пайдо мекунад.

Ба тарҷумаи шеъри нағз ба забони шуғнонӣ ҳам гоҳе машғул мешавам. 

-Дар бораи зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ ва яғнобӣ, ба фикри Шумо, чӣ корҳоеро бояд анҷом бидиҳем?

-Давлат ва конститутсия ҳимояву рушди онҳоро кафолат додааст. Дигараш ба худи соҳибони ин забонҳо вобастааст. Бояд гуфт, ки аз забонҳои помирӣ дида, забони яғнобӣ ба муроқибати давлат бештар эҳтиёҷ дорад. Шумора, мавқеи ҷуғрофӣ ва маъмурии намояндагони забонҳои помирӣ ба дар ҳоли сабзиши ҳамешагӣ нигоҳ доштани онҳо мусоидат мекунад. Мардум забону суннатҳояшонро дӯст медорад ва онҳоро батадриҷ инкишоф медиҳад.

-Аз як хизмати хеле пураҳамияти Шуморо наметавон ёд накард. Дар ҳаммуаллифӣ бо журналист Ҳикмати Неъмат ду луғат ва ё вожаномаи соҳаи нақлиётро тартиб додаед. Мехостам дар ин бора мухтасаран чизе бигӯед.

-Банда 14 сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нақлиёт» (то соли 2002 «Роҳи умед») будам. Дар ҳоле ки нуфузи забони русӣ аз байн рафту забони тоҷикӣ ҷойи онро гирифт, идораи рӯзнома ва хадамотҳои роҳи оҳану нақлиёти автомобилӣ ба татбиқи истилоҳоти соҳа сахт ниёз доштанд. Бинобар ин, дар ҳаммуаллифӣ бо журналисти маъруф Ҳикмати Неъмат ду луғат – «Вожаномаи роҳи оҳан» ва истилоҳоти соҳаи нақлиётро омода ва чоп намудем. Аз он ифтихор дорем, ки ҳоло ҳам кормандони соҳа аз луғатномаҳои мо доиман истифода мебаранд.

-Дӯстонатон мегӯянд, ки Шумо хотираҳои шавқангезу ҳазломези зиёдеро аз шахсиятҳои шинохта доред ва то ҳоло онҳоро рӯи коғаз ҳам овардаед. Мешавад, ки яке аз чунин қиссаҳои кӯтоҳро ба мо ҳикоя кунед?

-Банда ҳазлу мутоибаро ниҳоят дӯст медорам. Аз ҳаҷвнигорони рус ба Задорнову Петросян, аз тоҷикон ба Убайдуллоҳи Раҷаб ва нависанда Наҷмиддин Шоҳинбодов иродат дорам. Худам ҳам чизҳои танзомез менависам. Махсусан дар арафаи соли нав дӯстонам аз газетаҳо барои навиштани ҳазлҳои рафиқона ҳамеша ба ман муроҷиат менамоянд. Ҳамчунин ба ёддошти ширингуфториҳои адибону дӯстону наздиконам рағбате дорам ва ин гуна латифаҳоро бо номи «Лаҳзаҳои дилпазир» гирд овардаам, ки иншоаллоҳ чоп мекунам. Бо хоҳиши Шумо яке аз онҳоро меорам:

«Гурбаи аҳдшикан»

Муҳиддин ба қишлоқ падарашро хабаргирӣ рафта, мепурсад, ки барояш чӣ хизмат кунад. Падараш – амаки Шоҳинбод мегӯяд:

– Писарам, вақтҳои охир дар хона муш пайдо шуда, ҳама ҷоро касиф кардааст. Илтимос, гурбае ёбу ба хона биёр.

Муҳиддин ба хонаи ҳамсоя рафта гурбаашро барои ду ҳафта ба хонаи падар овард ва худ ба шаҳр рафт. Се-чор рӯз пас боз падарашро хабар мегирад ва мебинад, ки гурба нест.

– Падар, гурба куҷо шуд?

– Маслиҳати мо бо гурба ин буд, ки вай бояд мушро қапида хӯрад, ҳамин тавр не?

-Бале, – ҷавоб медиҳад Муҳиддин.

-Лекин ин гурба аҳдшиканӣ карда, ба ҷойи хӯрдани муш яхчоламонро кушода ширу гӯштамонро хӯрдан гирифт. Ба ин ки вай ширу гӯшт хӯраду ман муш, ба ростӣ, розӣ нашудам ва ҷавобаш додам».

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi