17:44:48 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Марямбонуи Фарғонӣ: «Рисолати адиб тарбияи инсон аст»

Марямбонуи Фарғонӣ соли 1956-ум дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз мактаби деҳа шуруъ гардида, то соли 1984-ум омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик будааст.

maryambonui-farghoni 455445Охири соли 1984 ба Тоҷикистон омада, то охири соли 1989 дар Маркази методии назди Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон кор карда ва баъдан  ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад. Аз Марямбонуи Фарғонӣ  то имрӯз панҷ асари насрии мураттаб аз қиссаву ҳикояҳо амсоли "Афсонаи тамаддун", "Ҳадиси Риштон", "Хуморшикан", "Чаҳор қисса" ва "Шаҳболи хаёл", инчунин, ду дафтари ашъор "Исои ман шав" ва "Нури ахтарпораҳо" мунташир шудаанд. Марямбону дорандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Б.Пастернак, "Нишони сухан", ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон аст.

-Марямбонуи Фарғонӣ аз кай ба навиштан шуруъ карда?

-Ман мисли аксари қаламбадастон, ки мегӯянд аз 6-7 ва ё 8-солагӣ нахустин шеърашонро гуфтаанд, набудам. Вале дар таъсири апаам Мастура ба мутолиаи осори бадеӣ барвақт оғозидам. Шояд хонандаи синфи 3-4 будам, ки аз китоби "Хрестоматия" -и апаам аз беҳтарин пораҳои насри бадеӣ лаззат мебурдам.

 Китобҳое, ки он солҳо ба таври комил мутолиа кардаам, "Мактаби кӯҳна" -ву "Ятим" -и устод С.Айнӣ ва "Субҳи ҷавонии мо"-и устод С.Улуғзода буданд. Аслан дар муҳити хонаводаи мо қариб ҳама китобхон буданд. Аз ҳамсарони тағоҳоям яке дӯстдори қиссаҳои ошиқӣ буд, дигарӣ ошиқи афсонаҳои "Хазору як шаб". Бобоям (эшон хатмкардаи мадрасаи Хӯканд буданд) ёдам меояд, ки дар гирди сандалӣ "Амир Ҳамза" мехонданд, ашъори Хоҷа Ҳофизу Бедил мехонданд… Сабки ба худ хосе дар қироати шеър доштанд.

Вақте бобоям китоб мехонданд, бибиам, модарам, апааму янгаҳоям, дар ҳоле ки дарз медӯхтанд, дам ба дарун кашида гӯш меандохтанд. Бибиам, ба фикри ман, чандон ба маънои он чӣ мешунавид, сарфаҳм намерафт, вале шояд дар таъсири оҳанги ҳазини қироати бобоям бошад, беист ашк марҷон мекард. Ман то ҳол намефаҳмам, ки чаро аз шунидани байти маъруфи Хоҷа "Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро" модаркалон бо нидои "вой-е!" ғубори зиндагиро бо оби дида мешуст… Ба ғайр аз математика ба ҳамаи фанҳо шавқ доштам.

-Шояд сабаби ба майдони адабиёт омадани Шумо ҳам ҳамин муҳити солими оилаест, ки дар он тарбия ёфтаед?

-Шояд, аммо муносибатам нисбат ба адабиёт ҳанӯз аз ҳамон айём ошиқона буд. Ҳам насрро дӯст медоштаму ҳам назмро. Вақте хонандаи синфҳои болоӣ будам, ҳамчун супориши комсомол ду вазифаро иҷро мекардам: масъули газетаи девории "Адаб" ва рассоми "Ҷайра". Барои газетаи девории "Ҷайра" воқеаҳои хандаовари ҳаёти бачаҳои танбалу дарсгурезро гоҳо латифа ё назм мекардам.

Дар асоси хотираҳои он айём ҳикояе ҳам дорам бо номи "Сегӯша", ки чанд сол муқаддам эҷод шудааст. Нахустин чизе, ки аз навиштаҳои ман дар газетаи маҳаллии "Ҳаёти нав" (ҳоло "Садои Сӯх") чоп шуд, иншои озоде буд таҳти номи "Шаби боронӣ". Муаллими адабиётамон Муҳаммадамин Саидбеков матни иншои маро бо андак таҳрир бо номи ҳикоя ба редаксия фиристода будааст. Ин амали хайрхоҳонаи омӯзгорам гӯиё маро чароғи раҳнамо гардид.

Ӯ ба ман китобҳои беҳтаринро аз адибони бузург тавсия мекард. Таъкид мекард, ки тамоми навиштаҳои устодон Айнӣ, С.Улуғзода, Ҷ.Икромиро хонам. Рӯзе набуд, ки ба китобхона надаромада бошам. Китоби нав, ки ёфтам, хобу хӯрро фаромӯш мекардам. Батадриҷ ба адабиёти ҷаҳон рӯ овардам. Чун наметавонистам ҳамеша китобҳои тоҷикӣ ёбам, бархе аз осори А.П.Чехов, Л.Толстой, Артур Конан Дойл, Ги де Мопассан, Робиндранат Тагор, Нозим Ҳикмат, Чингиз Айтматов…-ро бо забони ӯзбакӣ хондаам. Муаллимам маслиҳат медод, ки бештар ба устухонбандии ин асарҳо эътибор диҳам, аз ҳунари сюжетофаринии он нависандагон баҳра бардорам.

Навиштаи носирони ӯзбакро низ меписандидам. Роману повестҳои Абдулло Қодирӣ, Шӯҳрат, Одил Ёқубов, Саид Аҳмад, Абдулло Қаҳҳор, Ӯлмас Умарбеков … ба дилам наздик буданд. Воқеан, аксари ин эҷодкорон, аз ҷумла А. Қодирӣ ва А.Қаҳҳор аслан тоҷик ҳастанд. Ба пиндори ман, хоҳу нохоҳ дар нигоштаи ин адибон тарзи зисти тоҷикони шаҳрнишин, махсусан водии Фарғона эҳсос мегардид. Ман ҳеҷ гоҳ қаҳрамонҳои асарҳои эшонро ғайритоҷик тасаввур намекардам. Аз шеъри клоссикӣ баҳраҳо бурдаам, ошиқи ашъори устод Лоиқу Сергей Есенин ва ҳикояҳои Шукшин будаму ҳастам.

Ташнагиамро аз адабиёти муосири тоҷик асосан бо хондани "Садои Шарқ" мешикастам. Аз саҳифаҳои ҳамин маҷаллаи муътабар бо осори устодон Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод ва як зумра адибони ҷавони он давр, аз ҷумла, Ҷонибек Акобиров ва Абдурофеъ Рабиев шинос шудаву дар пайравии онҳо қалам кашидаам. Айёми наврасӣ бо имзои Марям Эшонҷонова ҳамагӣ ду ҳикояву чанд латифа, солҳои донишҷӯйӣ (факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ба номи Садриддин Айниро дар Самарқанд хатм кардам) се-чор ҳикоя чоп кунонидааму бас. Яъне, он солҳо ман асосан хонанда будам. Ният доштам баъди хатми мактаби олӣ ба Душанбе биёям ва таҳсилро дар аспирантура давом диҳам.

Аммо бар асари як садамаи автомобилӣ модарам, ки моро ба рӯзи бевагӣ ба воя мерасонд, раҳматӣ шуд ва сарпарастии ду додару хоҳари ятимам ба дӯши ман афтод. Маҷбур шудам, ки зиёда аз ҳафт сол дар мактаби зодгоҳам аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс гӯям, то додару хоҳараконам донишҷӯёни макотиби олӣ гардиданд. Дар баробари кори омӯзгорӣ пайваста ба рӯзномаи "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (ҳоло "Овози тоҷик") хабару мақола ва ҳикояҳо менавиштам. Мудири бахши адабиёт ва санъати ин рӯзнома Ҷонибек Қувноқов (равонаш шод бод) дастгириам мекард. Тез-тез ба Тошанд рафтуо доштам. Оқибати ин ҳамкориҳо чунин шуд, ки маро ба кор даъват карданд.

-Ва аммо Шумо ба Душанбе омадед…

-Охирҳои моҳи декабри соли 1984 баъди чоряки дуюми соли хониш озими шаҳри Тошканд шудам. Чиптаи тайёра дар даст зиёда аз яку ним шабонарӯз дар фурӯдгоҳи шаҳри Хӯканд интизори ҳавои мусоид будам. Баъд аз ҳар як соат эълон медоштанд, ки бар асари бадии ҳаво Тошканд омодаи қабули ҳавопаймо нест, аз ин рӯ парвоз боз ба таъхир афтод… Ҳавои Хӯканд низ бисёр сарду тӯфонӣ буд. Саропо меларзидам. Ногаҳон аз баландгӯяк хабари оғози қайди ҳуҷҷатҳо ба тайёраи Хӯканд - Душанберо доданд. Ба гӯшам калимаи Душанбе чун нидои ҷонбахш расид. Аз ҷой хестаму рафтам назди ғуфраи чиптафурӯшӣ.

Пурсидам, ки аз Душанбе ба Тошканд рӯзе чанд бор рейс мешавад ва нархи чипта чанд аст? Ҷавоби қонеъкунанда гирифтам ва билети дастамро ба чиптаи хатсайри Хӯканд - Душанбе иваз кардам. "Ба дил мегуфтам, ки сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам. Ин ҷо сармо хӯрда шиштан маънӣ надорад. Беҳтараш, вақтро ғанимат шуморида, ба шаҳри орзуҳоям Душанбе, ки ягон бор надидаам, меравам. Соате чанд тамошо мекунам. Сипас ба самолёти Тошканд мешинам…"

Он рӯз ҳавои Душанбе софу беғубор буд, офтоб саховатмандӣ мекард. Аҷабам аз набудани барф не, аз гулу буттаҳои шукуфон буд! Аз дил гузарондам, ки агар фасли дайи ин шаҳр чунин аст, баҳораш чӣ сон бошад?" Баҳри дилам воқеан кушода шуд. Бо нияти тамошои шаҳр таксиеро киро кардам. Ронандаи миёнсол дар андак вақт кӯчаву хиёбонҳои асосиро тамошо дода, мехост, ки ба фурӯдгоҳ бозгардонад. Худ ба худ гуфтам: "Саросема баргаштан чӣ лозим, Марям, ту-ку як умр орзуи тамошои телевизиони тоҷикро доштӣ. Ҷоҳои диданӣ ҳанӯз ҳастанд. Шабро дар меҳмонхонае рӯз куну ягон филми тоҷикӣ бин, осорхонаеро тамошо кун, ба идораи рӯзномаву маҷаллаҳо раву навиштаҳоятро пешкаш кун.

Шукр, дар ҷомадонат чанд ҳикоя дорӣ…" Ронанда ба 2-3 меҳмонхона роҳбаладиам кард. Дар ҳама ҷо яксон бо чунин навиштаҷот лавҳе овезон буд: "Ҷой нест". Рӯз мерафт, дилам ғаш меовард. Шабро куҷо саҳар кунам? Яке Бегалӣ Болтаев ном ҳамшаҳриамон ба хотирам расид. Шунида будам, ки дар Вазорати маориф кор мекунад. Дар вазоратхона гуфтанд, ки он кас ба Институти такмили ихтисоси муаллимон гузаштаанд. Муаллимро дар коргоҳашон пайдо кардам, ки тараддуди хонаравӣ доштаанд.

Ба манзилашон даъват карданд. Он шаб чанд нафар фарғонагиёни муқими Душанберо, ки журналист будаанд, ба меҳмонӣ хонданд. То дер суҳбати гарм доштем. Онҳо маро талқин мекарданд, ки дар Тошканд чӣ гум кардаӣ, бимон ин ҷо, ки барои як қаламкаш муҳити адабии Душанбе созгор аст! Ва ман ҳам дигар хаёли Тошкандравиро аз сар бадар кардам. Панҷ сол методисти калони Маркази методии Вазорати маориф будам, сипас, ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам.

-Ва бахти оилавиятонро ҳам ҳамин ҷо ёфтед…

-Бале, ҳамин ҷо бахтамро ёфтам, соҳиби ду фарзанд шудам. Онҳо маро бибии шаш набера карданд. Воқеан, духтаронам Ситорабонуву Маҳпорабону хатмкардагони факултаи журналистикаи ДМТ ҳастанд. Аз рӯйи ихтисос кор мекунанд.

-Як занро чӣ маҷбур мекунад, ки хома ба даст гирад?

-Қалам ба ҷинсияти эҷодкор коре надорад. Ҳавасбозон ба манзили мурод намерасанд. Нависандагӣ сарнавишт аст. Шояд хутбаи мову қалам дар арш хонда шуда бошад. Ман аз ҳар чизу ҳар кас дил канда метавонам, аммо аз қалам не.

-Дар маҳфили адабие дар Иттифоқи навиандагон насри бадеии бонувон баррасӣ шуда буд… Ба назар чунин мерасад, ки дар адабиёти мо нисбат ба солҳои пешин бонувони насрнавис зиёд шуда истодаанд.

-Шеър гуфтан кори осон нест, аммо заҳмати насрнависӣ бештар аст, ба андешаи банда. Барои эҷоди асари комиле, ки воқеан ҳунармандона навишта шуда бошад, нависанда заҳмати зиёд мекашад. Наср дар баробари истеъдоди фитрӣ таҷрибаи зиёди зиндагӣ талаб мекунад, сабру тоқати беандоза мехоҳад. Дар гузашта ҳам духтарони насрнавис доштем. Бисёриҳо баъди интишори чанд ҳикоя ва ҳатто, китобе ин ҷодаро тарк гуфтанд, ки сабабаш шояд дар баробари рисолати модарӣ, иҷрои вазифаҳои як кадбону дар хонавода, азоби паймудани ин ҷодаи душворгузар бошад. Бархеҳоро умр вафо накард.

Мо Садбарг ном духтари соҳибқаламе доштем, Муаззама Аҳмадоваи накӯрафтор доштем. Ҳанӯз солҳои ҳафтодуми асри гузашта устод Фазлиддин Муҳаммадиев Маҳбуба Турсунова ном насрнависи самарқандиро дуои нек дода буданд. Ӯ соҳиби чандин маҷмӯаи ҳикояҳост. Дар ҳавзаи адабии Самарқанд имрӯз ҳам насрнависон аз ҷинси латиф вуҷуд доранд. Устод Гулчеҳра низ дар наср қалами хешро санҷида буданд, устод Гулрухсор ду асари калонҳаҷми насрӣ нигоштаанд. Сафия Носирова барои кӯдакон осори хубу намакин эҷод мекунанд… Ман аз мутолиаи навиштаҳои номбаршудагон як чаҳон лаззати маънавӣ бардоштаам.

Бадбахтона, дар он маҳфиле, ки ёдаш кардед, навиштаҳои ҳавасбозони ин майдон низ чун моли адабиёт ба забон оварда шуданд. Имрӯз нақлҳои орӣ аз бадеият, орӣ аз нишонаҳои ҳунар бо номи "қисса" дар ҳафтаномаҳои хусусӣ ва ҳатто, маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, ки бархе аз онҳо бофтаи рӯзноманигорони номуваффақ бошанд, бахше аз маҷаллаҳои кишварҳои дигар ноуҳдабароёна тарҷума шудаву Александр ба Амир, Маша ба Моҳбегим табдил ёфтаанд. Ва аҷаб ки қисмате аз чунин "осор" ба сифати китоб нашр ҳам мешаванд. Дар аксари чунин "асарҳои бозоргир" зани тоҷик "қаҳрамон"-и манфист. Агарчи чунин муносибат ба қалам дар миёни мардҳо ҳам ба назар мерасад, ман ба он хотир аз бонувони насрнавис сухан ба миён овардам, ки Шумо аз он маҳфил ёд кардед.

Аз "муҳаққиқ"-е, ки дар мисоли корбасти феъли "мегумонид" забони нигориши нависандаро пур аз лакнату гиреҳҳо медонад, чиро интизор будан метавон? Пеш аз он ки кас даъвои адабиётшиносӣ кунад, забони навиштаи худашро андаке суфта гардонад, балки алифбои суханро омӯзад, ақаллан ҷумлае равон навишта тавонад. Хуб мебуд, агар он хоҳари моро устодонаш дуруст раҳнамоӣ мекарданд, ҳеҷ не, аз Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ шарҳи калимаи "гумонидан"-ро аз назар мегузаронид, ки мураттибон гумон кардан, фарз кардан, тасаввур кардан ва пиндоштан тафсир карда, аз "Шоҳнома"-и азимушшаън чанд мисол овардаанд:

Гумонад, ки аз теғи ӯ дар ҷаҳон

Биларзанд яксар кеҳону меҳон.

Ва ё

Сипоҳе, ки сагсор хонандшон,

Палангони ҷанги гумонандшон.

Дар қолаби феъли "мегумонид" аз адабиёти клоссикиву муосир, чи дар назму чи дар наср, шояд садҳо ва ҳазорҳо мисол овардан имкон дошта бошад. Ман махсус ба чашм айнак гирифта, китобҳои зиёдро барои исботи фикр тагурӯ накардаам. Шумораи ҳаштуми маҷаллаи "Садои Шарқ"-ро варақ мезадам, ки соли ҷорӣ интишор ёфтааст. Дар он матни маърӯзаи Гулмоҳи Шозиёӣ низ аз маҳфили фавқуззикр таҳти унвони "Симои зан дар эҷодиёти бонувони насрнавис" ҷой дода шудааст. Шумораи мазкури маҷалла ҳикояи хуби Юнус Юсуфӣ "Раҳчароғ"-ро низ чоп кардааст.

Банда ҳамчун нишони салосати сухан мисоле аз он ҳикоя меоварам: "Меангорад, ки агар соатро бубинад ва дар кадом пораи раҳбудани вақтро бидонад, ба овозҳои косаи сар такон мезанад, бештар девонаашон мекунад ва ба ин баҳона худ аз ақл бегона мешавад." (саҳ. 11). Бале, ман ин мисолро ҳамчун ифодаи нозукбаёнии муаллифи ҳикоя овардам, на ба мисли бонуи Шоҳзиёӣ, ки бо овардани ҷумлаи солими "Баъзеҳоро аз ақиб Маҳбону мегумонид, чун рӯяшонро медид, умед бармедошту музтар мегашт" ба ҳусни нигориши як нависанда бе ҳеҷ ҳарос хати батлон кашидааст: "Мутаассифона, забони ӯ хеле ҳам лакнату гиреҳҳое дорад, ки мисоли равшани он ҳамон вожа ё таъбири "мегумонид" аст.

-Яъне Шумо ин гуна нақдҳоро қабул надоред?

-Ба таҳқиқи осори бадеӣ бо дилу нияти росту пок даст бояд зад ва барои аз ҳам ҷудо кардани сараву сақат китоб бояд хонд! Ба андешаи инҷониб, баъзан "соҳибназарон"-и замони мо ба хотири хурсанд кардани дили фармоишгарони худ қалам ба даст мегиранд, то бо неши қалам андешаи солимро заҳролуд кунанд. Вагарна фаҳмишҳои "тоза"-е дар адабиётшиносӣ, ба мисли "насри занона", "адабиёти маъюбон" пайдо намешуданд. Бонувон ва ҷанобони хомакаш, бидонед, ки адабиёт адабиёт ҳасту бас! Рисолати он тарбияти инсон бошад. Офарандаи осори бадеӣ нависанда ном дорад, дигар ҳеҷ. Нависанда бояд дар меҳвари асар, новобаста аз он ки қаҳрамонаш зан аст ё мард, тақдири инсонро ҷой диҳад ва ҳунари нависандагӣ намояд.

-Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi