00:13:03 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Тағоймурод Розиқов: «Имрӯз актёре надорем, ки образ офарида тавонад»

Тағоймурод Розиқов соли 1961-ум омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо бо ихтисоси найнавоз тамом карда, ҳамон сол барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Консерваторияи шаҳри Тошканд месупорад. Аммо дар Консерваторияи ҳамсоякишвар нафаре аз гуруҳи онҳоро қабул намекунанд. Ӯ аз ин дилсард мешаваду найро канор мегузорад. Он гаҳ барои таҳсил ба Донишкадаи театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав меравад. Ин гардиш дар андешаи он рӯзи Тағоймурод барои имрӯзи Театри тоҷик пур аз аҳамият буд. Зеро санъати театрии тоҷик бурд кард, соҳиби боз як ҳунарманди воқеан касбӣ шуд.

1.taghoymurud 544452Тағоймурод Розиқов аз соли 1971-ум ба Театри ҷавонон омада то имрӯз дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият дорад. Дар театр зиёда аз сад нақш офаридаву дар филмҳои зиёде бозигарӣ кардааст. Ҳамчунин аз соли 1983-юм то имрӯз дар Донишкадаи санъати ба номи устод Турсунзода ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Хабарнигори «Рӯзгор» Баҳман бо Тағоймурод Розиқов дар мавриди фаъолияти эҷодияш ва умуман вазъи имрӯзи театру синамои кишвар суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Устод, ахиран Шумо дар намоишномаи «Моҷаро дар Коҷин»-и Карло Галдонӣ, ки онро коргардони маъруф Баҳодур Миралибеков дар Театри ҷавонон ба саҳна гузошт, нақш офаридед. Мутаассифона, ман намоишномаро дида натавонистам. Аз ин рӯ суолам ин аст, ки дар ин намоиш чӣ нақшеро иҷро кардед ва умуман ин намоиш ба бинандаи тоҷик чӣ медиҳад?

-Имрӯз мардум муштоқи мазҳака аст ва ба саҳна омадани намоише аз осори Карло Галдонӣ барин адиби оламшумул, ки гумон мекунам дар қатори Шекспиру Молер яке аз наҳангҳои драматургияи ҷаҳонист, бисёр падидаи нек аст. Чунки дар ин мазҳака бисёр масъалаҳои хуб ба миён гузошта шудааст, то инсонҳоро такон диҳад, ки озод бошанду саҳми худро дар пешбурди зиндагӣ гузоранд. Як ҷиҳати тарбиявии «Моҷаро…» ҳам дар он аст, ки ҳушдор медиҳад, ки ҷанҷолу хархаша ягон вақт ва ё ба ягон миллату халқ нафъ ё хурсандӣ наовардааст. Дар ин спектакл як нақши бисёр хурдакак аст. Падрон Ничелса ном дорад. Вай дар вақташ моҳигир буд, лекин акнун зиндагӣ маҷбур кардааст, ки ба тиҷорат машғул шавад. Ин як образе ҳаст, ки мардумро ба иттифоқ меорад, ба дӯстӣ мехонад, намехоҳад, ки дар ягон ҷо хархаша бошад.

-Яъне ба ҳар сурат нақши мусбат аст…

-Бале, нақши мусбат аст ва образи хеле ҷолиб.

-Барои он мепурсам, ки мардуми мо аксаран Шуморо ҳамчун бозигари нақшҳои манфӣ мешиносад, чун  Раис аз филми “Дарди ишқ”, Шафеӣ аз филми “Дар орзуи падар” ва чанд филми дигар. Пурсидан мехоҳам, ки ба зиммаи Шумо гузоштани ин гуна нақшҳо интихоби коргардонҳост ё...

-Ман давоми бист сол Ленинро бозӣ кардам, Островскийро бозӣ кардам, Лоҳутиву Туғралро бозидам ва ҳамин гуна нақшҳои мусбати бисёр ҳам дорам. Мутаассифона, мумкин тамошобин онҳоро надида бошад. Актёр бояд аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна нақшҳо барояд. Манзурам актёрҳои касбӣ, на “актёрчаҳо”-е ки имрӯз пайдо шудаанд. Онҳо актёр нестанд. Актёр бояд образ офарида тавонад. Бубинед нақши Суҳроби Ҳошим Гадо ва ё нақшҳои Ато Муҳаммадҷоновро. Онҳо дар саҳна заргарӣ мекунанд.

-Дар саҳнаи имрӯзи театру синамои мо чӣ? Шумо ин гуна ҳунармандонро имрӯз намебинед?

-Мутаассифона ман имрӯз намебинам он актёреро, ки образ офарида тавонад. Мебароянду ҳар куҷо худашонро таъриф мекунанд, ки ман ин хелу он хел. Аммо ягон нақши онҳоро таҳлил кардаву гуфта наметавон, ки образ аст. На дар Театри ҷавонон, на дар Театри Лоҳутӣ, на дар Театри Маяковский, на дар театри лӯхтак ман намебинам актёреро, ки образ офарида тавонад.

-Шояд инҷо тақсир на танҳо дар ҳунармандони мо, бал дар коргардонҳо ҳам бошад...

-Дуруст.

-Зеро агар худи Шуморо ҳам бигирем, ман гумон мекунам, беҳтарин образе, ки то имрӯз офаридаед, ҳамон нақши Раис аз филми “Дарди ишқ” аст...

-На, Шумо бисёр филмҳои маро надидаед, барои ҳамин ин гуна мепиндоред. Ман дар “Чоҳ” ва “Парвози занбӯр”-и Ҷамшед Усмонов ва ахиран дар “Гиреҳ дар гулӯ” ҳам нақшҳои хуб офаридаам. Ман гумон мекунам, образе, ки дар “Чоҳ” офаридам, беҳтарин образ аст. Ман ба ин андеша, ки беҳтарин образи офаридаи ман нақши Раис дар филми “Дарди ишқ” бошад, розӣ шуда наметавонам.

 -Шумо дар филмҳое, ки замони Шӯравӣ офарида мешуданд ва филмҳои имрӯз нақшҳо офаридаед. Чӣ тафовутест байни филмҳои он давра ва айёми мо?

- Ҳунарпеша, ҳунарманд бояд шахсияти комил бошад. Ҳозир ҳар як нафаре, ки ду-се сӯм пайдо кард, метавонад кино гирад. Лекин вай кино нест охир. Масалан, барои нақш офаридан дар филми «Марги бегуноҳ» маро даъват карданд. Ман рафтам, дидам ва таклифи онҳоро рад кардам. Ман нахостам, ки дар ҳамин филм нақш офарам. Барои он ки шахсиятҳое, ки филм мегиранд, маро қонеъ карда наметавонанд. Шумо дар боло гуфтед, ки қуллаи ҳунари Шумо ҳамон нақши Раис аст аз филми «Дарди ишқ». Шумо медонед, коргардони ин филм Анвар Тӯраев як сол пеш аз оғози сабт ба ман гуфта буд, ки«акоиТағоймурод, қиссаи «Дарди ишқ»-ро гиред, хонед, ва тайёриятонро бинед…».

2.taghoymurud 544452Дар ҳамин филм ҳам раис қаҳрамони асосӣ нест-ку , филм «Дарди ишқ» ном дорад, на «Дарди раис». Қаҳрамонҳои аслӣ ҳамон ду ҷавони ошиқ ҳастанд. Лекин, чун нақшҳои дигар паст шудаанд, ин нақш барҷастатар метобад. Аммо имрӯз дар Тоҷикистон актёри театр қариб ки қурб надорад. Вале ба ҳар сурат мо кор мекунем. Навоӣ гуфта, ки «барои он ки лола бирӯяд, мо бояд хок шавем…». Устодони мо мегуфтанд, ки Шумо дар ин касб ягон вақт боигарӣ намеёбед, фақат беморӣ меёбеду ранҷи пайваста ва албатта ҳурмату эҳтироми халқ.

-Пас Шумо аз вазъи имрӯзи синамои мо қаноатманд нестед?

-Мо имрӯз умуман синамо надорем. Мутаассифона, сатҳи театрҳои мо ҳам хеле паст аст. Бубинед, давоми 22- соли Истиқлол оё мо дар сатҳи «эдип»-и Ҳошим Гадо саҳнае офарида тавонистем? Не, ин гуна спектакл пайдо нашуд. Сабабаш дар он аст, ки беҳтарин коргардонҳо рафтанд аз Тоҷикистон. Дар соҳаи синамо гирем, беҳтарин наворбардорҳо рафтанд, танзимгарон рафтанд. Дигар дар инҷо кӣ монд? Медонед, вақте палангҳо рафтанд, ҳар як рӯбоҳ ё харгуш худро шоҳи беша метарошад. Лекин гумон мекунам, дигар бояд ба ин соҳа камтарак аҳамият дод.

Бигзор бачаҳо рафта хонанд дар мактабҳои кинову театрии Маскав, касби коргардониро омӯзанд. Бовар кунед, имрӯз мо қариб, ки коргардон надорем. Хайр танҳо як Барзу аст. Спектаклҳое, ки Барзу мемонад, халқи мо қабул надорад. Масалан, спектакли «Фолбинии Афанди»-ро дар театри мо монд, ҳамагӣ як бор рафт. Ё ки «Отелло»-ро монд, ҳамагӣ ду бор рафт. «Хизматгори ду хоҷа»-ро дар театри Лоҳутӣ ба саҳна овард, ҳамагӣ се-чор бор рафт.

Хайр, ин коргардони авангард аст. Мумкин намефаҳманд, мумкин намедонанд. Дигар канӣ коргардонҳои мо? Як Давлат Убайдуллоев дорем дар театри Лоҳутӣ, Миралибекову Мирзоватан Миров ба нафақа баромаданд. Театрҳои мо умуман коргардон надоранд, театри Қурғонтеппа бе коргардон аст, театри Кӯлоб бе коргардон аст. Театрро коргардон театр мекунад. Барои ҳамин бояд ба ин чиз бисёр аҳамияти ҷиддӣ дод. Танҳо шахсият ҷамъиятро пеш бурда метавонад. Халқ худаш пеш рафта наметавонад.

-Шумо чандин сол аст устод ҳастед дар Донишкадаи санъати ба номи Турсунзода. Барои чӣ ин донишкада давоми ин қадр соли фаъолияташ барои театрҳои мо коргардонҳои воқеан нерӯмандро дода наметавонад?

- Ҳамин масъаларо мо чандин бор бардоштем, лекин устодоне, ки бояд ҳамин соҳаро ба донишҷӯён омӯзанд нестанд дар мо. Бояд на танҳо коргардонҳо, балки боз наворбардорҳои хуб дарс гӯянд. Хайр устод Хушназар Майбалиев буданд, шояд вақташон намерасид. Ба ҳар сурат чанд бор ин гуна гуруҳҳоро ташкил карданӣ шуданд, вале базаи асосӣ барои тарбияи коргардонҳо нест дар донишкада. Ҳозир ташкил кунем ҳам кӣ дарс медиҳад?

Барзу вақт надорад. Яке мебинӣ дар Маскав ҳасту яке дар Қазоқистон ё Қирғизистон. Ана Барзу чор ё панҷ нафар ҷавонони болаёқатро гираду тарбия кунад, беҳтарин кор мешавад. Коргардон бояд бисёр доно бошад, бояд тамоми адабиёти ҷаҳонро донад. Гунбази ақл аст коргардон. Ман чордаҳ сол декани факулати театри бадеӣ будам. Хостам, ки гурӯҳи наворбардориро боз кунам. Наворбардорро меёбем, аммо дар нақшаи таълимӣ бисёр фанҳои дигар ҳастанд, мо он устодонро надорем.

-Шумо аз сатҳи таълими мутахассисони ояндаи ҳунари мо дар ин боргоҳ  розӣ ҳастед?

-Ман аз шуъбаи актёрӣ розӣ ҳастам, чунки актёрҳои беҳтарин дар донишкада ҷамъ шудаанд чун Шералӣ Абдулқайс, Қурбони Собир ва дигарон. Лекин охир дигар шуъбаҳо амсоли коргадони театр ё синаморо ҳам дигар бояд ҳамаҷониба ташкил кунанд, устодони беҳтаринро даъват кунанд. Агар ин корро накунем, дар оянда низ чун имрӯз филмҳои мо ё намоишҳои мо ҳамин хел сабуку хасакӣ боқӣ мемонанд. 

-Пайванди адабиёту театр, равобити пайвастаи адибону актёрон ё коргардонҳо имрӯз хеле кам ба назар мерасад. Оё ин ҳам таъсиргузор ҳаст ба вазъи театр?

-Театр алоҳида, синамо алоҳидаву адабиёт алоҳида ин хел намешавад. Танҳо пайвандии синамову театру адабиёт самаре ба бор меоварад.

-Устод Тағоймурод Розиқов дар айни камолоти синниву ҳунарӣ иҷрои чӣ гуна нақшро орзу дошта бошад?

-Актёрӣ касабае аст, ки вай доимо дастнигар аст. Мо аз пеши худамон ҳеҷ коре карда наметавонем. Мумкин мо ҷудо мекунем, ё моро ҷудо мекунанд. Барои ҳамин ин чизро аниқ гуфта наметавонам, лекин ман орзу дорам, ки то вақте ки зинда ҳастам, дар театр бошам.

-Дар мавриди вазъи имрӯзи Театри ҷавонон чӣ мегӯед?

- Ҳоло дар театри мо ягон намоише нест, ки ман гӯям, ки моли Театри ҷавонон аст. Бубинед, спектакли «Рустаму Суҳроб» намоиши Театри Маяковский буд, чӣ зарурат дошт, ки онро оварда дар Театри ҷавонон ба саҳна гузоранд? Ё «Бойзан»-ро чӣ лозим буд овардан? Одамоне ба театри мо омаданд, ки худхоҳанд.

-Ҳатто ҳамон саҳнаи «Шабе дур аз Ватан» ҳам?

-Ман фикр мекунам ин чиз бисёр аз драмтургия дур аст ва тарзи бозияшон ҳам ба ман маъқул нест. Мо мехоҳем, ки насле биёяд, ки роҳи моро идома диҳад. Мо ана ҳудуди чилу се сол ин театрро пеш бурдем, дигар он тарафаш ба дасти ҷавонон аст.

-Ташаккур барои суҳбат

Суҳбатнигор Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi