17:17:45 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қурбони Собир: «Барзу мегӯяд ба Бишкек биё, аммо ман ҳеҷ рафта наметавонам…»

Қурбони Собир соли 1960-ум таваллуд шуда, соли 1982-юм Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти ҳунарияшро дар театри шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуда, баъдтар дар театрҳои «Аҳорун», театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳид, театри мусиқӣ-мазҳакавии Хуҷанд ва театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ идома додааст. Дар озмунҳони театрии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ чаҳор маротиба ҷоизаи «Беҳтарин бозигари нақши мардона»-ро ба даст овардааст. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи маҳорати актёрии ДДСТ ба номи Турсунзода аст. Китобҳояш бо номҳои «Фаррухнома», «Як ҷоми пур аз дард» ва «Розҳои паси парда» интишор ёфтаанд.

1.qurbon-sobir 5445-Шумо ба ҷуз оне ки актёр ҳастед, ҳикояву қисса ва ёддошт ҳам менависед. Чанде пеш дар Шӯрои насри Иттиҳодияи адибони кишвар осори Шумо мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва баҳои сазовор ҳам гирифт. Қаблан Устод Сорбон ҳам ба навиштаҳои Шумо дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» баҳои баланд дода буданд. Аз ин бармеояд, ки шумо дар навиштан ҳам то ҷое комёб шудаед. Меҳри коғазу қалам чӣ гуна дар дили Қурбони Собир ҷой гирифта?

-Ман як умр бар он андешаам, ки ҳар кас бояд кори худашро кунад. Чун ҳамаи мо холаи ҳамакора шавем, ҳама корамон нимкора мемонад. Аммо ман намедонам худам то чӣ андоза холаи ҳамакораам. Агар гап дар сари инсони эҷодкор, ба хусус инсони бозигар (актёр) меравад, чун бозигар дар масири зиндагӣ танҳову бекор монад, дар ҳоле ки бояд мағзаш, афкораш, ҳастияш куҷое сарф шавад, ҳатман коғазу қалам мегирад ва чизҳое ҳам менависад.

Ин нависандагӣ нест, аммо намешавад инҳоро инкор ҳам кунем, чун дигар се китоби банда аз чоп баромадааст. Аммо ҳар касе, ки китобҳои маро мехонад, бояд донад ки ин ниёзҳои инсонест, ки надонистааст эҳсосашро куҷо сарф намояд ва онҳоро рӯ рӯйи коғаз оварда. Боз мегӯям, ки бардоштани номи нависандагӣ, масъулияти нависандагӣ хеле вазнин аст.

-Шумо гуфтед, ҳунарманд танҳо монад, ба даст коғазу қалам мегирад. Аҷиб аст донистани он ки ҳунарманде чун Қурбони Собир кай танҳову бекор монда, кай аввалин чизҳояшро навишта?

-Қалам, коғазу ман дар ҳамин наздикиҳо ба ҳам наомадаем. Ман аз даврони мактабхонӣ шеър менавиштам. Ман инҳоро нест кардаам, чун инҳо шеър ҳам набуданд, бал афкори шеъргунаи кӯдаке буданд. Аммо дар рӯзномаҳо нашр шудаву ман барои онҳо ҳаққи қалам гирифта будам. Дар замони донишҷӯӣ ҳам баъзе чизҳо менавиштам. Ману коғазу қалам ошнои деринаем.

-Дар «Фаррухнома»-и Шумо қайдҳои зиёде аз солҳои гуногун аз дафтари хотираи шумо оварда шудааст. Манзурам ин аст, ки оё Қурбони Собир воқеан ҳамин гуна дафтари хотира дорад ё…?

- Бале,

-Шояд рӯзе ҳам ба дасти хонанда расад?

-Ҳатман, агар зиндагӣ фурсат диҳад. Ба он шакле, ки ҳаст албатта не. Кор мехоҳад. Чаро ки он чизҳо хеле содаанд ва шояд аз миёни садҳо саҳфа як сафҳа созем, аммо он гуна, ки рӯзнома аз байн наравад ва ҳам ба хонанда чизе дода тавонад. Рӯзномаи ман аз ҳамон лаҳзае дар китоб оварда мешавад, ки ман аввалин бор Фаррухи Қосимро дидам. Ҳамаи ин қайдҳо воқеан аз дафтари хотираи ман ҳастанд. Устодро Худо биёмурзад, ман дар ин моҳи Рамазон ҳар субҳ лаҳзае бо устод суҳбат мекунам, дуруд мефиристонам.

ӣ монандӣ ҳаст байни кори актёр ва нависанда ва кадоме барои устод осонтар бошад барои ибрози дард?

-Барои ман актёрӣ осонтар аст, агарчӣ касби актёрӣ худ осон нест… Худситоӣ нашавад, агар гӯям, ки эҳтимолан ман ҳамчун актёр корҳоеро ҳам анҷом додам. Аммо дар адабиёт дар ҳар сурат ман одами тасодуфиям. Адабиёт бисёр мушкил аст. Корҳои театрӣ мисли муҷассамаҳои яхӣ аст, ки об мешаванд, аммо чизе ки бо қалам менависӣ, ҷовидонист.

-Ман хондани навиштаҳои актёрони маъруфи тоҷик, рус ё хориҷиро бисёр меписандам. Онҳо ҷое дар офаридани чеҳра, образ, ҳолат ва задухӯрд аз нависанда дида боҳунартаранд, чун аз таҷрубаҳои театрии худ истифода мебаранд. Ҳолатҳову задухӯрдҳоеро ба қалам меоваранд, ки худ дар саҳна ба онҳо ворид шудаанд, худро дар дохили онҳо ҳис кардаву дар он ҳодисаҳо бозӣ кардаанд ва аз ин рӯ зебо тасвир карда метавонанд. Ва ахиран нигоҳи онҳо ба адабиёт дигар аст. Шумо ба осори адибони мо чӣ баҳо медиҳед? Осори киҳоро хондаву меписандед?

-Бо ин фишору задухӯрде, ки ман дар зиндагиям дорам, барои хондани китоб хеле вақт кам мемонад. Гоҳо мешавад, ки мо як моҳ-ду моҳ машғули наворбардории филм ҳастем ва ман китоб хонданро пазмон мешавам. Аммо ба ҳар сурат чун вақти холӣ ёфтам, китоб мехонам. Асари бузурги устод Сорбон бо номи «Достони писари Худо» бароям хеле писанд омада буд ва мо қиссаеро ҳам аз он бо номи «Куштори 116 шоҳзода дар кӯшки гардон» ба саҳна гузошта будем ва ин намоиш дар фестивали «Парасту» ҳам бахои баланд гирифт.

Аммо агар мушаххасан бигӯем, Баҳманёр барои ман писанд аст. Абдрофеъро ҳам хеле дӯст дорам. Абдурофеъ худаш хам як инсони шариф аст. Бо донишҷӯён дар ин бора суҳбат ҳам мекунем, ки як инсоне, ки китобҳояш дар барномаи дарсии бисёр кишварҳои қудратманди дунё шомил шуда, бо як пиҷаки бисёр одӣ мегардад. Дар ҳоле ки ӯ бояд гули хӯрок ва гули либосро дошта бошад. Ман чопи навиштаҳои Баҳманёрро интизор мешавам. Аз сабки навишт, масъалагузорӣ ва тарзи баёнаш хушам меояд, махсусан «Гавазни чамбаршохи ман». Ман ба ҳамаи шогридонам хондани асарҳои Баҳманёр ва дигар нависандагони маъруфамонро тавсия медиҳам ва онҳо мехонанд.

-Ман филму баъзе корҳои дигари шогирдони Шуморо мебинам ва бисёр хушҳол мешавам. Зеро агарчӣ комилан бенуқс ҳам нестанд, аммо бозёфтҳое ҳам доранд, ки инсонро ба рушди ояндаи синамову ҳунар дилгарм мекунанд. Чанд сол пеш як шогирди Шумо-Муҳиддин Ҷӯраев филме бо номи «Ормонҳо» ба навор гирифта, то андозае қолабҳои дар ин чанд соли охир шахшудаи филмҳои тоҷикиро шикаста буд. Аммо чаро чанд сол аст, ки дигар нопадид аст?

2.qurbon-sobir_5445-Муҳиддин яке аз он бачаҳое ҳаст, ки ман умед дорам синамову ҳунари тоҷикро аз ин таназзул наҷот дода метавонад. Кош ноумед нашавам. Аммо дар ин замона нон ёфтан мушкилтар аст ва ҳунар ҳам наметавонад бе вуҷуд доштани шароити созгори зиндагӣ рушд кунад. Муҳиддин баъди филми «Ормонҳо» ва хизмати ҳарбӣ хеле талош кард, ки филмофарияшро идома дихад, сенарияи олиҷанобе ҳам рӯйи даст дошт, аммо маблағ пайдо карда натавонист. То ҷое, ки ман медонам Муҳиддин ҳоло дар театри Конибодом фаъолият дорад. Ман дар симои Аъзами Розиқу Муҳиддин Ҷураев ва чанд ҷавони дигар ояндаи синамову ҳунари тоҷикро мебинам.

Хайр, корҳое, ки то имрӯз ин ҷавонон карданд, дар сатҳи миёна аст, аммо офаринашон!!! Барзу Абдураззоқов ё Султони Усмон ё Қурбони Собир дар синну соли онҳо корҳоеро, ки имрӯз онҳо мекунанд, накарда буданд. Ин бачаҳо хеле дасти дарозтар доранд, ҳушёртаранд ва интизор меравад дар синну соли Барзу бояд хеле корҳоро анҷом диҳанд. Чашми бад дур!

-Шумо коргардони спектакли «Кӯшки гардон» будед ва ҳунари коргардонии Шумо дар таҳияи ин саҳна чашмрас буд. Чаро баъди ин намоиш дигар даст назадед ба коргардонӣ?

- Мехоҳам баъди ин суол фиғон кашам. Аввал бояд гӯем, ки чаро Барзу, Султон Усмонов баринҳо коргардон дар ин кишвар кореро анҷом намедиҳад? Дар ҳоле, ки онҳо бачаҳои хеле ҳирфаиянд дар кори коргардонӣ ва хеле кор ҳам аз дасташон меояд. Албатта, ман дар коргардонӣ ҳам як шахси омад ҳастам. Агар имкон медоданд, агар намоиши «Кӯшки гардон» соҳиб медошт, дунёро мегашт. Чун аз нигоҳи эксперементалӣ ва навҷӯиҳо дар театр «Кӯшки гардон» хеле ҷолиб аст. Ин намоиш 30-40 бор дар театри Лоҳутӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ин ҳам кам нест. Аммо тадриҷан бачаҳо пароканда шуданд ва намоиш мурд. Ҳайф. Охир ин намоиш метавонист бо иштирок дар фестивалҳои байналмиллалӣ хеле дастовардҳо барои театри ин кишвар биёрад.

-Аз ин хаста шудед?

-На, хаста нашудам, ман ҳоло дар синну соле ҳастам, ки инсон метавонад дар ин давра баъзе корҳоеро анҷом диҳад, чун инсон дар панҷоҳсолагӣ ба қиёмаш мерасад. Даруни ман пури суханҳои нагуфта, энергияи сарфннашуда аст, ки ман метавонам дунёи бачаҳоро, дунёи шогирдонамро иваз кунам. Дилам мехоҳад театри худро дошта бошам. Вуҷуди ман метавонад як театрро бо як тими қавӣ таъсис диҳад, ки рашки дунё бошад. Барзу ҳоло ҳам ба ман занг зада мегӯяд, ки ба Бишкек биё, дар инҷо одамон ба ту ниёз доранд. Аммо дар ин мамлакат, ман намедонам….

- Шояд худи Шумо ҳам рафтан нахоҳед аз Тоҷикистон?

- Ман ҳеҷ наметавонам рафта. Бо хасу хори ин Ватан зистан бароям бас аст!

-Шумо суханро сари театр овардед. Пурсиданиям, ки ба вазъи имрӯзи театрҳои мо чӣ баҳо медиҳед?

- Театри мо рӯз ба рӯз дар ҳоли шикастан, поён рафтан аст. Аввалан, дар мамлакати мо сатҳи озмунҳои театриро чун «Парасту» поён бурданд ва шакли он ба «штамп» табдил шуд, муборизаи коргардонҳо аз миён рафт. Коргардонҳои хуб аз ҷараён берун монданд.

Бубинед, намоише, ки дар «Парасту»и имсола беҳтарин эътироф шуд, арзанда буд, аммо он дар сатҳи намоишҳои миёнаи озмунҳои гузашта буд, ки хеле ҳайф. Он дар остонаи баъзе фестивалҳоямон намеарзид. Ин қадар сатҳи «Парасту» поён рафт, ки намоиши беҳтарини он як этюди донишҷӯиро мемонд. Ин сатҳи ҳунармандони ҳирфаӣ бошад, аз дигарон чӣ гила. Театр миссияи худро гум кардааст. Театр мисли масҷид бояд бошад.

ӣ кор бояд кард, ки театр рисолаташро дубора ба дӯш гирад? Шояд Фаррухҳо лозим бошанд?

-Албатта, барои ин шахсияти нав, афкори нав, бачаҳои нав, Фаррухи нав, Барзуи нав даркор аст. Ҳарчанд бачаҳо ҳастанд, аммо…

Озмуни театрии ҷавонон «Нигоҳи нав»-ро, бубинед, ки бачаҳо чӣ кор карданд? Аммо онҳое, ки болотаранд, ба «Нигоҳи нав» чӣ қадар хусумат доранд. Чаро инҳоро дастгирӣ намекунанд? Инҳо наҷот медиҳанд театри кишварро!

-Шуморо дар филмҳои наве, ки ҷавонони мо мегиранд, хеле бисёр мебинем. Чун рӯз равшан аст, ки аксари ин филмҳо дар сатҳи хеле поён таҳия мешаванд. Оё ин ба обрӯи Шумо латма намезанад? Шояд ба хотири дастгирии шогирдонатон дар ин филмҳо бозӣ кунед, шояд ба хотири маблағ ё…

3.qurbon-sobir_5445- Баъзан шогирдонам аз гиребонам мегиранд, ки агар Шумо ниёз ба пул дошта бошед, мо пайдо мекунем барои Шумо ҳамон пулро ва дар ин гуна филмҳо нақш набозед. Баъди исрори шогирдонам ман даҳҳо филмро рад кардам. Вале як чизи дигарро ҳам бояд гӯям, ки ман ҳунарманди Ҳолливуд ё Болливуд нестам, ман ҳунарманди тоҷикам. Ва дар ватани ман санъати синамоиро комилан ба нестӣ расонидаанд.

Ҳунармандону коргардонҳояш ҳама парешон шуданд. Валерий Аҳадов дар Русия муваффақ аст, Ҷамшед Усмонов дар Фаронса муваффақ аст, Маргарита Қосимова ва Бахтиёр Худойназаров муваффақанд. Ҳамин чор нафар кифояанд, ки киностудияи «Тоҷикфилм» дунёгир бошад. Аммо инҳо нестанд ва ба ҷойи инҳо имрӯз ҳар одами чоруми кишвар филм гирифтан мехоҳад ва ҳар одами панҷум таъҷилан мехоҳад, ки Амитабх Баччан ё Ҷигархонян бошад.

Одам ҳайрон мемонанд. Одамоне, ки умуман дар бораи синамо маълумот надоранд, филм гирифтан мехоҳанд. Чӣ бояд кард? Ман чӣ кор кунам? Қиссаеро ба Шумо мегӯям. Ҳабибулло Абдураззоқов ба ҳайси як устод гоҳо гӯши маро мекашад. Чанд сол пеш дар як барномаи наврӯзӣ ман савори асп ин тарафу он тараф медавидам ва Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамонро дидаанду рӯзе ба ман гуфтанд: «Қурбон, ман туро савори асп дар телевизион дидам, чӣ номаъқулӣ мекардӣ дар онҷо?» Дар аввал суханони ӯ хушам наомад, баъд фикр кардам, ки дуруст мегӯяд.

-Дар коре, ки ту мекунӣ як зарра эҷодиёт бошад, майлаш, аммо ҷойе ки эҷодиёт несту ту бо асп меравӣ худро байни мардум нишон медиҳӣ ин чӣ кор аст?

Вақте, ки бачаҳо филм мегиранд ман меравам, ба он хотир ки бо будани ман як ҷойи филм хуб мешавад. Шумо мегӯед барои пул? Онҳо чӣ пул доранд, ки ман пул мегирам аз онҳо? Ҳамаи буҷаашонро ҷамъ кун музди кори якрӯза намешавад. Шумо бубинед, ҳамон бачаҳое ки меоянд, ҳатман гарданшон каҷ аст ва мегӯянд «устод…» Ҷавон аст, баробари ман нест, ки гӯям намеравам. Ва аксаран шогирдони ман ҳастанд. Ва бо ҳузури ман филми онҳо каме тағйир меёбад, бачаҳо каме ба сӯйи ҳирфаият тамоюл мекунанд. Ман барои ҳамин меравам ва дар ҳар сурат рафтани ман барои пул нест.

-Ман ба наздикӣ филми Сироҷиддин Ғафуриро бо номи «Сукут» тамошо кардам ва…

- Айб буд… Агар ман медонистам, ки ҳосил ҳамон аст, ки дидем дар оқибат, ба ҳеҷ ваҷҳ барои бозӣ дар филм розӣ намешудам. Охир ӯ ҳам шогирди ман аст. Бачаҳои мо мехоҳанд таъҷилан муваффақ шаванд. Муҳиддин ҳам дар филми «Ормонҳо» яке аз нақшҳои асосиро бозӣ мекунад. Маро вақте, ки барои бозӣ дар филм даъват кард ва ман ба Конибодом омадам, гуфтам ки ин комилан мумкин нест. Муҳиддин сухани маро қабул кард. Мо дигар ҷавонро интихоб кардем, ӯ чеҳраи зебо дошт, аммо бозӣ карда натавонист, карахт буд. Баъд ноилоҷ гуфтем, ки Муҳиддин акнун маҷбурӣ худат бозӣ кунӣ.

Охир бубинед, ҷавонҳои мо ҳамаашон мехоҳанд ҳам коргардон бошанд, ҳам муаллиф ва ҳам бозигари нақши асосӣ. Бачаҳо бояд донанд, ки оҳиста-оҳиста бояд рафт сӯйи шуҳрат.

-Устод, як чизи дигарро мехостам аз Шумо пурсам, Шумо профессори кафедраи маҳорати актёрии ДДСТ ҳастед ва баҳсҳое ҳам бо ректори собиқи донишкада доштед, ки суҳбати мо сари он нест. Фақат мехоҳам бипурсам, имрӯз бо ректори нав фаъолияти донишгоҳ дар самти таълиму тарбияи ҳунармандони ҷавон чӣ гуна аст?

- Бо берун рафтани ректори собиқ ба хаёлам аз фазои Донишкада сиёҳие берун рафт. Танҳо ҳамин кифоя аст ки ман дигар ҳар чизе, ки дар донишкада мешавад, бигӯям, ки бад нест. Дили одам мехоҳад, ки онҳое ба корҳои таълиму тарбия машғул шаванд, ки ҳақ дошта бошанд. Дар чанд соли охир ба донишкада одамони тасодуфӣ бисёр ворид шудаанд ва ман умед дорам, ки ин ҳам оҳиста-оҳиста ҳалли худро меёбад. Аммо бояд гӯям, ки хеле устодони хуб ҳам дарс медиҳанд, чун Давлат Убайдуллоев, Шералӣ Абдулқайс, Нозим Меликов. Умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда хеле корҳои арзанда ҳам анҷом хоҳанд дод.

-Хуб ташаккур барои суҳбат…



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi