18:58:21 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"БЕШТАР ЗАНОН "ТУЪМА"-И ОДАМФУРӮШОН МЕШАВАНД"

Созмони Милал ҳукуматҳои Осиёи Миёнаро барои муборизаи ҷиддитар бо хариду фурӯши инсон даъват намудааст.

/images/stories/2012/12/13_problema-131212.jpgСозмони Милали Муттаҳид гузориши нави худро дар бораи хариду фурӯши одамон дар ҷаҳон тайи соли 2012 ба нашр расонд. Дар ин гузориш гуфта шудааст, 60 дарсади онҳое, ки дар Осиёи Миёна мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд, занонанд ва онҳо асосан барои амалҳои шаҳвонӣ додугирифт мешаванд.

Бино ба ин гузориши Созмони Милал, дар Тоҷикистон низ асосан занон "тӯъма"-и одамфурӯшон мешаванд. Ин дар ҳолест, ки худи мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳам ҳолатҳои фурӯши занонро, аксаран бо мақсади истифодаи шаҳвонӣ зиёд ошкор кардаанд. Аз ҷумла, чанд моҳи қабл додгоҳи вилояти Хатлон як сокини шаҳри Кӯлобро барои "одамфурӯшӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бо нияти шаҳвонӣ" айбдор дониста, ӯро барои 13 сол равонаи зиндон карда.

Додгоҳ гуфта буд, ки ин шахс ду ҷавондухтарро бо роҳи фиреб ба ноҳияи Шӯрообод бурда, бо маслиҳати пешакӣ онҳоро ба қочоқчиёни афғон ба маблағи 500 доллари амрикоӣ фурӯхтанӣ будааст. Инчунин, тобистони соли ҷорӣ додгоҳи Хуҷанд ду зани суғдиро ба қочоқи як гурӯҳ занони тоҷик барои танфурӯшӣ ба Дубай гунаҳкор дониста, онҳоро ба 6 ва 5-соли ҳабс маҳкум намуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Маркази ахбори Созмони Милал, тайи соли 2012 кӯдакфурӯшӣ ҳам дар Осиёи Миёна афзудааст ва 16 дарсади ҷабрдидагони хариду фурӯши одам дар минтақа, кӯдакон будаанд. Созмони Милал мегӯяд, кӯдакон бештар барои амалҳои  шаҳвонӣ, кори маҷбурӣ ва гирифтани узвҳои бадан фурӯхта мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳам моҳе қабл сару садоҳои мухталиф атрофи пайдо шудани афроде, ки гӯиё  бо мошинҳои сиёҳшиша дар кӯчаҳо гаштаву бо роҳи фиреб ва бо истифода аз ҷонварон ё бозичаҳо кӯдаконро ба худ ҷалб карда медузданд, паҳн шуд. Ин овозаҳо аз ноҳияи Ҳисор, пас аз ғайб задани тифли 3-солае сар зад, ки баъд аз 18 рӯз ҷисми беҷони ӯ аз дохили рӯдхона  пайдо шуд. Аммо мақомоти дохилии кишвар сару садоҳоро атрофи кӯдакдӯздӣ беасос хонданд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милал  талоши кишварҳои минтақаро барои ҷилавгирӣ аз одамфурӯшӣ нокифоя хонда, ҳукуматҳои Осиёи Миёнаро барои чораандешиҳои бештар дар ин самт даъват кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi