12:12:45 01-уми Июни 2025 сол

ДАҲ СОЛ БАЪД АЗ ЛАҒВИ НЕРӮҲОИ МУСАЛЛАҲИ ИНОТ

Даҳ сол пеш, дар рӯзи 3-юми августи соли 1999, Иттиҳоди мухолифони тоҷик эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳеҷ гуна нерӯи мусаллаҳ надорад.

Бахши аъзами мусаллаҳони оппозитсиюн ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон шомил гаштанд ва он афроде, ки ба хидмати низомӣ ноомода дониста шуданд ва ё синнусолашон гузашта буд, силоҳи худро супурда, ба ҳаёти осоишта қадам ниҳоданд. Аммо зоҳиран ин раванд дар вақташ ва солҳои баъд ба таври бояду шояд ба иҷро нарасид. Ҳанӯз аз ҳамон соли 1999 сар карда ин ҷову он ҷо фармондеҳои саркаше зуҳур карданд, ки аз таслим кардани силоҳу муҳимот худдорӣ карданд ва ҳатто даргирӣ бо нерӯҳои давлатро идома доданд. 

Дар бархе аз ҳолатҳо мақомоти давлат иддае аз мусаллаҳони собиқро, ки дар даврони нооромиҳо ҷиноят содир карда буданд ва баъдан ба ҳаёти осоишта баргаштанд, аз нав мавриди таъқиб қарор доданд ва сабабгори ин шуданд, ки мусаллаҳон дубора маънии зиндагии худро дар шӯришу ошӯб ва ҷанг ҷустуҷӯ кунанд.

Дар робита ба ҳамин солгард гуфтугӯе доштем бо раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, ки дар он зарурати ҳамоиши нерӯҳои мухолифин бо нерӯҳои расмӣ, татбиқи ин банди муҳими Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва мавзӯоти муҳими марбут ба ин масъаларо дар миён гузоштем.

Каюмарси Ато, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854