00:28:23 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИНОСОИИ ҲУВИЯТИ 5 КУШТАШУДАИ ТАВИЛДАРА

Мақомоти Тоҷикистон дар як изҳорот ҳувияти 5 шаҳрванди дар даргириҳои Тавилдара кушташудаи Русияро эълон карданд. Ба гуфтаи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ду нафари онҳо доғистонӣ, як рус, як қазоқ ва як тотор буда, дар шаҳрҳои гуногуни Русия, ба монанди Новочеркасск, Нижневартовск, Санкт-Петербург ва Старый Оскол ба сар мебурдаанд.

Дар изҳороти мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ин афрод "рӯзи 16-уми июл дар посгоҳи Ҳави Кабуди ноҳияи Тавилдара дарёфт шуда, ба талабҳои қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарданд ва ба таври ногаҳонӣ ба посгоҳ ҳамла оварданд. Дар натиҷа ду низомии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Бар асари амалҳои ҷавобӣ аз тарафи ҷинояткорон тирандозӣ сар шуд ва дар натиҷа онҳо ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд."

Ҳангоми таъқиби ҳамлаварон 5 нафари онҳо кушта шудаанд. Аз ҷойи даргирӣ ҷасади ин панҷ нафар, асноди ҳувият, аслиҳа ва муҳимоти онҳо кашф шудааст.

Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри ном, номи хонаводагӣ, номи падари кушташудагон ва маҳалли сабти ном ё иқомати онҳо дар Русия, мегӯянд, аз оғози амалиёти "Кӯкнор - 2009" то имрӯз 9 нафари мусаллаҳ дар даргириҳои шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд.

Аммо дар изҳорот ҳувияти 4 нафари дигар шиносоӣ нашудааст ва инчунин тасдиқи ҳувияти ин панҷ нафар аз тарафи манобеъи дигар ва мустақил низ ба даст нарасидааст. Аз ҷумла Сафорати Федерасиюни Русия дар Тоҷикистон низ то ҳоло ҳувияти кушташудагонро ҳамчун шаҳрвандони Русия тасдиқ ё рад накардааст. Намояндагони сафорат ба пурсиши хабарнигорони мо посух намедиҳанд.

Дар ҳоле ки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи кушташудагон узви созмони ҷиноятие буданд, ташреҳ намешавад, ки ин гурӯҳ оё бо қочоқи маводи мухаддир машғул буда ё марбут ба ҷумбишҳои тундрави исломист. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, 5 чечентабори Русияро дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд, вале ҳувияти онҳо ва рабташон ба кушташудагони Тавилдара эълон нашудааст.

Аксаран дар чунин рӯйдодҳо шаҳрвандони Чеченистон ва Доғистон ҳамчун афроди марбут ба гурӯҳҳои террористӣ муаррифӣ мешаванд ва мавҷудияти онҳо дар чунин воқеаҳо ишора ба терроризми байнулмилалист.

Дар ҳоле ки изҳороти мақомоти Тоҷикистон нашр шудааст, акси кушташудагон ва нусхаи асноди онҳо дар телевизиони кишвар намоиш наёфтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi