20:43:33 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУФТУГӮЙИ ТЕЛЕФУНИИ РАҲМОН ВА МЕДВЕДЕВ

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистонy Русия дар як сӯҳбати телефунӣ хостори анҷоми сареъи бархе аз тарҳҳои муштараки ин ду кишвар шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар ҷараёни ин гуфтугӯ тасмим гирифтаанд, ки ҳамзамон бо мусобиқоти аспдавонӣ барои дарёфти ҷоизаи раёсати ҷумҳурии Русия дар 18 июл дар шаҳри Маскав мулоқоти кӯтоҳе анҷом диҳанд. Бар асоси иттилоъи сойти раёсати ҷумҳурии Русия, Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯйи телефунии рӯзи сешанбеи худ ҳамчунин тадорукот барои дидори қарибулвуқӯъи худ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Онҳо ҳамчунин вазоратҳои зидахли кишварҳояшонро муваззаф кардаанд, ки барои иҷрои сареъи тарҳҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон талошҳои бештаре ба харҷ бидиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 июл барои ширкат дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Ҷунбиши Адами Таъаҳҳуд ба шаҳри Шармушшайхи Миср сафар кардааст, аз он кишвар бо оқои Медведев сӯҳбати телефунӣ анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки Президент Раҳмон аз Шармушшайх мустақиман ба Русия сафар хоҳад кард. Ҳарчанд дар пайи ҳимояти Президент Медведев аз мавзеъи Ӯзбакистон дар қиболи тарҳҳои энержии Тоҷикистон, равобити ду кишвар ба тирагӣ гаройид, вале бархе аз коршиносони минтақа Русияро ҳамчунон аз шарикони аслии Тоҷикистон медонанд.
 
Тарҳҳои муштарак
 
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар ду соли ахир афзоиши назаррасе карда ва мизони он ба як милёрд дулор расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2007 30 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Яке аз тарҳҳои аслие, ки дар солҳои ахир ду кишвар муштаракан роҳандозӣ карданд, сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 дар ҷануби Тоҷикистон аст. 

Интизор меравад дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон турбини ниҳоии ин нерӯгоҳ ба кор андохта шавад. Мавзӯъи ширкати сарони Русия ва Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи турбини охирини нерӯгоҳи Сангтуда-1 аз авоили соли ҷорӣ матраҳ буд.

Аммо ба далоили мухталиф, аз ҷумла мушкилоти фаннӣ ва ихтилофи назарҳо бар сари пардохти маблағи истифода аз нерӯи барқи ин нерӯгоҳ аз сӯйи ширкати “Барқи тоҷик” ифтитоҳи охирин турбини ин нерӯгоҳ чанд бор ба тавиқ уфтодааст.

Александр Кариченко, муҳандиси нерӯгоҳи Сангтуда-1, гуфт, ки қарор аст дар ҷараёни сафари Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон, ки эҳтимолан дар поёни моҳи июл доир хоҳад шуд, маросими ифтитоҳи чаҳорумин турбини ин нерӯгоҳ баргузор шавад.

Вале замони дақиқи сафари Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон расман эълом нашудааст. Тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 дар пайи имзои як созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ дар соли 2004 шурӯъ шуд.

Ширкати "РАО ЕЭС"-и Русия бо касби 75 дарсад аз саҳмияҳои ин нерӯгоҳ эҳдоси онро бар уҳда гирифт ва 25 дарсади тавлидоти нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро ҷониби Тоҷикистон ба таври ройгон дар ихтиёр дорад.

Би-Би-Сӣ


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi