14:17:23 09-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaflagi-america-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaflagi-america-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/02_--01-a-aaaaaflagi-america-2.jpg'

ИНТИҚОДИ САФОРАТИ АМРИКО АЗ ИНТИХОБОТИ ТОҶИКИСТОН

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар тақаллуб ва тахаллуфоти фаровоне ба мушоҳида расидааст. Дар баёнияи сафорати Амрико дар ин бора омадааст, ки нозирони ин сафоратхона дар марокизи раъйгирӣ шоҳиди мавориди “раъйдиҳии таҳти фишор, мавориди тақаллуб ва додани раъй ба ҷои аъзои дигари хонавода” будаанд.

 

Ҳамчунин, мудохилаи аъзои кумисиюнҳои интихоботӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва ҳимояти онҳо аз манофеъи ҳизби ҳокими халқи демукрот аз сӯйи ин нозирон сабт шудааст. Афзун бар ин, нозирони сафорати Амрико гкфтаанд ба ҳангоми шумориши оро шоҳиди мувофиқат накардани баргаҳои раъй бо теъдоди раъйдиҳандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ шудаанд, ки ин тафовут зоҳиран ба суди нафъи ҳизби халқи демукрот будааст.

 

Дар баёнияи сафорати Амрико таъкид шудааст, ки аҳзоби мухолиф дар корзори интихоботӣ имконоти маҳдуд дошта ва бо ҳизби халқи демукрот, ки аз ҷониби масъулони ниҳодҳои давлатӣ пуштибонӣ мешуд, дар рақобати нобаробар қарор доштаанд. Тибқи ин баёния, авроқи таблиғотӣ ва плокотҳои ҳизби халқи демукрот бо сармояи давлат таҳия ва паҳн шудаанд.

 

Сафорати Амрико аз наҳваи пӯшиши корзори интихоботӣ аз сӯйи расонаҳои давлатӣ, бахусус шабакаҳои телевизиюни миллӣ, интиқод карда ва гуфтааст, ки ин шабакаҳои телевизиюнӣ аз пахши мубоҳисоти интихоботӣ худдорӣ кардаанд. Дар баёнияи сафорат омадааст, вақти сӯҳбати номзадҳо дар телевизиюн маҳдуд буда ва онҳо имкони матраҳ сохтани мушкилоти миллӣ ва интиқод аз сиёсатҳои давлатро надоштаанд.

 

Ба эътиқоди сафорати Амрико, ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили "Asia-Plus", "Озодагон", "Фараж", "Миллат" ва "Пайкон" дар зарфияти васоили ахбори умумӣ барои инъикоси масоили сиёсӣ дар остонаи интихобот асароти номатлубе гузоштааст.

 

Пештар, ҳайъати нозирони Созмони Амнияту Ҳамкориҳои Урупо низ дар баёнияе гуфта буд, ки бо вуҷуди бархе пешрафтҳо, баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон бо мавозини байналмилалӣ созгор набуд.

 

Дар ин баёния омадааст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои давлати Тоҷикистон ба баргузории интихоботи демукротиктару шаффофтар, нозирони байналмилалӣ тақрибан дар як чаҳоруми марокизи раъйгирӣ тахаллуфот ва номуназзамиҳоеро сабт кардаанд. Ин ҳайъат дар гузоришаш ҳамчунин ҳузур наёфтани нозирони аҳзоби сиёсӣ дар ҷараёни шумориши оро дар ҳавзаҳоро аз ҷумлаи мавориди нақзи муқаррароти қонун хонд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1854-2010-03-02-20-49-26.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854