20:49:59 18-уми Июни 2025 сол

АСОЗОДА: МО ОРОИ БЕШТАРЕ БА ДАСТ ХОҲЕМ ОВАРД

Ҳизби ҳокими халқи демократи Тоҷикистон аз лиҳози теъдоди ҷонибдоронаш, ки ҳудуди 120 ҳазор нафар эълом шудааст, бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар маҳсуб мешавад. Намояндагони ин ҳизб аксари кулли курсиҳо дар порлумони феълии Тоҷикистон ва маҷолиси вилоёт, шаҳрҳо ва навоҳии кишварро ба худ ихтисос додаанд. Мӯсо Асозода, раҳбари бахши маҳаллии ҳизби халқи демократ дар шаҳри Душанбе, дар сӯҳбати ихтисосӣ гуфтааст, ки дар интихоботи соли ҷорӣ низ ин ҳизб бештари орои мардумро ба даст хоҳад овард:

 

-Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон бо чӣ шиъоре вориди корзори интихоботии соли ҷорӣ шуд?

 

-Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон - шиъори ҳизби халқи демократ дар интихоботи феълӣ аст. Бо ин шиъор мо мардуми Тоҷикистонро даъват кардем, ки дар интихоботи рӯзи 28-уми феврал ба ҷонибдории номзадҳои мо раъй диҳанд.

 

-Дар муқоиса бо интихоботи порлумонии соли 2005 барномаи қаблазинтихоботии ҳизби халқи демократ чӣ тафовуте дорад?

 

-Ин барнома аз паҳлӯҳои гуногун иборат аст. Вале бояд таъкид кунам, ки дар муқоиса бо панҷ сол қабл бахши иқтисодӣ ва иҷтимоъии барномаи интихоботии мо тақвият ёфтааст.

Такмили роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон паёми аслии ин барнома мебошад.

 

-Вале дар заминаи сиёсӣ чӣ пешниҳоде доред?

 

-Дар ин барнома таъкид шудааст, ки суботи ҷомеъа, ҳамкорӣ ва рақобати солими сиёсӣ барои касби нуфуз ва қудрати давлатӣ муҳиммтарин дастоварди Тоҷикистони озоду демократик аст.

Таҳкими равандҳои демократик, рушди устувори демукросӣ, ислоҳот ва боло бурдани мизони судмандии низоми идораи давлатӣ аз аҳдофи дигари ҳизби мо мебошад.

 

Такмили раванди таҳияи қавонин, худидоракунӣ дар маҳаллот, озодии баён дар расонаҳои гурӯҳӣ, бунёди ҷомеъаи маданӣ, мубориза бо фасод омилҳои тақвиятдиҳандаи барномаи интихоботии ҳизби халқи демократ аст.

 

-Дар маҷмӯъ, ҳизби шумо дар интихоботи ҳам порлумонӣ ва ҳам маҷолиси маҳаллӣ чӣ теъдоде аз номзадҳоро муъаррифӣ кард?

 

-Аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ барои порлумони Тоҷикистон мо 22 номзад пешниҳод кардаем. Ҳамчунин аз куллияи 41 ҳавзаи инфиродӣ низ номзадҳои ҳизби мо муъаррифӣ шудаанд.

 

-Вале иттилоъ ҳаст, ки дар бархе аз ҳавзаҳои инфиродӣ барои интихоби вакили порлумонӣ ду номзади ҳизби шумо сабти ном шудаанд.

 

-Дуруст аст. Чунин ҳавзаҳо низ ҳастанд. Ҳизби халқи демократ расман барои ҳар як ҳавза як номзади расмии худро муъаррифӣ кардааст. Вале ҳастанд ҳавзаҳое, ки дар он ҷо аъзои ҳизби мо ба шеваи “худмуъаррифӣ” номзад шудаанд. Мо албатта ба чунин номзадҳо низ кумак мекунем, вале интихоби ниҳоӣ ба раъйи мардум бастагӣ дорад.

 

Ба ин тартиб, дар куллияи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоби вакилони маҷолиси вилоятҳо ва шаҳрҳову навоҳӣ ва шӯроҳои деҳот низ номзадҳои ҳизби халқи демократ пешниҳод шудаанд.

 

-Дар гузашта гузориш шуда буд, ки раёсати ҳизби шумо барои поксозии суфуфи худ иқдоме анҷом додааст. Ин ҳам ба омодаги ҳизби халқи демократ ба интихоботи феълӣ рабт дошт? Оё ҳадаф доштед ба интихоботи феълӣ бо чеҳраи тозае ворид шавед?

 

-Дуруст аст. Дар зарфи ду соли ахир ҳудуди бист ҳазор аз аъзои ҳизб аз суфуфи он ихроҷ шуданд. Далоили ин амр мухталиф аст. Агар яке аз кишвар муҳоҷират карда бошад, дигаре барои содиқ набудан ба аҳдофи ҳизб ва ё риъоят накардани ойинномаи он ихроҷ шудааст.

 

Вале муҳим ин аст, ки дар остонаи интихобот сохтори ҳизбӣ низ тағйир ёфт. Дар анҷумани ахир тасмим шуд, ки фаъолияти панҷ нафар аз муъовинони раҳбари ҳизб муассир нест. Ба ин далел тасмим шуд, ки ду нафар муъовин боқӣ бимонад, ки мутмаинам, онҳо метавонанд рушди фаъолияти ҳизби моро таъмин кунанд. Гузашта аз ин, ба раёсати ҳизб чеҳраҳои ҷадид, аз ҷумла ҷавонон интихоб шуданд, ки низ ба муассир шудани фаъолияти ҳизби халқи демократ мусоъидат хоҳад кард.

 

-Президент Раҳмон, ки раҳбари ҳизби халқи демократ аст, баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифонаро замонат додааст. Вале намояндагони аҳзоби мухолиф ба ин амр чандон эътимод надоранд ва аз эҷоди мавонеъ дар корзори интихоботӣ ва нақзи қавонини кишвар аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ расман шикоёте кардаанд. Назари Шумо дар ин бора чист?

 

-Раҳбари кишвар дар муроҷиъаи худ ба мақомоти Тоҷикистон таъкид карда буд, ки бояд шаффофияти раванди интихобот таъмин карда шавад. Яъне мақомоти зидахл муваззаф шудаанд, ки ба нақзи қавонини интихобот роҳ надиҳанд. Ва ин амр ба фаъолияти ҳар як фарди масъули баргузории интихобот рабт дорад.

 

Дар мавриди шикоёти аҳзоби мухолиф бояд бигӯям, ки аз таҷрубаи интихоботи қаблӣ дар Тоҷикистон медонем, ки интихобот бе камбудӣ намешавад. Ва мо медонем, ки рақибони мо аз аҳзоби мухолиф пайваста дар пайи ошкор кардани чунин маворид ҳастанд. Ва ҳамин тур ҳам бояд бошад.

 

Вале камбудиҳое, ки ҳоло аз сӯйи аҳзоби мухолиф матраҳ мешаванд, умдатан ба фаъолияти ҳавзаҳои интихоботии маҳаллҳо рабт доранд ва бештари онҳоро метавон ҷузъӣ арзёбӣ кард. Ва ин камбудиҳо наметавонанд раванди корзори мунсифонаи интихоботӣ дар Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳизае хадшадор созанд. Ба ин далел, мо ҳоло омилҳои ҷиддиеро, ки аз баргузории корзори озодонаи интихоботӣ монеъ мешаванд, мушоҳида намекунем.

 

-Шумо худ номзади интихоботӣ ба Маҷлиси шаҳри Душанбе ҳастед. Оё эҳсос мекунед, ки фазои корзори интихоботӣ озод ва мунсифона аст?

 

-Бале. Мебинам, ки ҳоло куллияи ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд озодона номзадҳои худро таблиғ кунанд ва ҳеҷ монеъае дар ин замина мушоҳида намешавад. Фикр мекунам дар чанд рӯзи дигар, ки то замони баргузории интихобот боқӣ мондааст, аҳзоби сиёсӣ барои таблиғи худ иқдомоти бештаре анҷом медиҳанд ва ҳамчунон ҳеҷ мушкиле дар ин замина пайдо нахоҳад шуд.

 

-Ба назари Шумо, ҳизби халқи демократ дар интихоботи қарибулвуқӯъ чи миқдор аз курсиҳоро дар порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ соҳиб хоҳад шуд?

 

-Ҳарчанд ҳизби мо дар заминаи рӯҳияи мардум барои пуштибонӣ аз ҳизбе дар миёни сокинони шаҳри Душанбе пажӯҳише анҷом додааст, вале дақиқан гуфта наметавонем, ки чи теъдоде аз номзадҳои ҳизби мо барандаи интихобот хоҳанд шуд. Бо ин вуҷуд, метавонам бигӯям, ки ба эҳтимоли зиёд теъдоди вакилони мо на камтар аз теъдоди феълӣ дар порлумон ё маҷолиси вилоятҳову шаҳрҳо ва навоҳии кишвар хоҳад буд.

 

-Сипосгузорам барои суҳбат.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1780-2010-02-18-16-09-36.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ