21:17:15 18-уми Июни 2025 сол

ЗОИРОВ: ҲАДАФИ МО АДОЛАТИ ИҶТИМОЪИСТ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки соли 2002 дар вазорати адлия сабти ном шуд, ҳамакнун дар дувумин интихоботи порлумонӣ ширкат мекунад. Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии 28 феврал бо ҳафт номзад аз феҳристи ҳизбӣ ва се номзад аз ҳавзаҳои инфиродӣ ширкат мекунад. Ин ҳизб ҳамчунин беш аз даҳ нафар аз номзадҳоро ба интихоботи маҷолиси маҳаллӣ пешниҳод кардааст.

 

Масъулони ин ҳизб мегӯянд, ки онҳо дар интихоботи порлумонии соли 2005 натавонистаанд ҳеҷ як аз номзадҳои худро ба порлумон ворид кунанд. Оё аз он замон то имрӯз сатҳи ошноии раъйдиҳандагон бо барномаҳои ин ҳизб ва фаъолиятҳои аъзои он афзоиш ёфтааст? Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт барои дарёфти посух ба ин суол ва суолоти дигар, бо Раҳматуллоҳ Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикимстон, суҳбати ихтисосии зерро анҷом додааст:

 

-Дар меҳвари барномаи интихоботии ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон чӣ мавзӯъ қарор дорад?

 

-Дар аввал мо эълом кардем, ки аъзои ин ҳизб афроди мустақил ҳастанд ва ба ҳангоми пазируфтан ба узвияти ин ҳизб мо ба миллият ва маҳалли афрод аҳаммият намедиҳем. Мо шаҳрвандони як давлат ҳастем ва сокинонро ба миллияту маҳал ҷудо намекунем. Зеро яке аз мушкилоти аслӣ, яъне буҳрони иқтисодӣ, ки кишвари мо солҳои тӯлонӣ аз он берун рафта наметавонад, ба худпарастии маҳаллгароӣ дар Тоҷикистон бастагӣ дорад. Мо порлумон дорем, аммо волоияти қонунро надорем. Ва порлумоне надорем, ки ба иҷрои ин қонунҳо назорат кунад.

 

Аксари қонунҳо бад нестанд, агар онҳоро мукаммал кунанд, аммо яке аз душвориҳои аслӣ фасоди молӣ дар миёни мақомот аст ва мубориза бо фасоди молӣ то замоне ки дар давлати Тоҷикистон бисёре аз мақомот барои фаъолиятҳои номуассир ба таври нобаробар ҷавобгӯ ҳастанд, аз миён нахоҳад рафт.

 

Вақте ки баробарӣ вуҷуд надорад, барқарор кардани адолати иҷтимоъӣ дар ҷомеъа душвор хоҳад буд. Чаҳор барномаи аслие, ки ҳизби мо дар миён гузоштааст, мубориза бо ҳамаи ин мушкилот аст. Аз ин рӯ дар меҳвари барномаи мо ин мавзӯъот қарор доранд.

 

1. Таъмини адолати иҷтимоъӣ дар ҷомеъа.

2. Барқарор кардани ҳокимияти воқеъии мардуми аз поён ба боло.

3. Волоияти қонун ва ҳуқуқ.

4. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дифоъ аз он.

 

Дар сурати касби курсиҳо дар порлумони ҷадид, бо таваҷҷуҳ ба шумори аъзои ҳизби мо дар он, баъид ба назар мерасад, ки мо қувваи ҳалкунанда дар ин порлумон шавем ва ё тавонем масъалаҳои пешниҳодии хешро таъйид ё такзиб кунем.

 

Аммо мо ҳадди ақал метавонем масъалагузорӣ кунем ва кӯшиш хоҳем кард, ки зарурати ин масоилро ба намояндагони дигари порлумони ҷадид тавзеҳ диҳем. Ҳамчунин, мо имкон хоҳем дошт, ки мардуми ин кишвар, яъне интихобкунандагонро дар ҷараёни он гузорем, ки дар порлумон чи иттифоқоте мегузарад ва чаро ин ё он қонун таъйид ё такзиб шудааст.

 

Ман фикр мекунам, ки агар порлумони Тоҷикистон ба қонунҳои қабулшуда аз нигоҳи адолати иҷтимоъӣ расидагӣ накунад ва бо маънавиёт ва ҳуқуқи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ онҳоро мутобиқ накунад ва дар ин қонунҳо адолати иҷтимоъӣ набошанд ва, муҳиммтар аз ҳама, дар порлумон назорат бар иҷрои қонунҳо вуҷуд надошта бошад, порлумон амал карда наметавонад.

 

Ва яке дигар аз ҳадафҳои аслии мо мушаххас кардани моликияти замин дар Тоҷикистон мебошад. Зеро заминро дар ҳоли ҳозир ҳар як раиси ноҳия дар ин кишвар метавонад ба фурӯш монад.

 

-Бо таваҷҷуҳ бо суҳбатҳое, ки бо мардум дар манотиқи мухталиф дар бораи ошноии онҳо бо аҳзоби сиёсии мухталиф доштем, чунин ба назар мерасид, ки аксари мардуми оддӣ ба ҷуз аз се ҳизб, яъне ҳизби ҳокими халқи демукрот, ҳизби кумунист ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дигар аҳзоб шиносоии андаке доранд. Чи мушкиле вуҷуд дорад, ки аксари мардум дар ин кишвар аз мавҷудияти аҳзоби дигар ва барномаҳои онҳо, аз ҷумла ҳизби шумо, иттилоъи зиёде надоранд?

 

-Садо аз ду даст мебарояд - мегӯянд дар урфият. Мо дастрасӣ ба васоили электронӣ дар Тоҷикистон надорем ва ҳамчунин, шахсан ман танҳо дар панҷ сол як бор имкон дорам, ки тавассути телевизюнҳои давлатӣ суханронӣ кунам. Он ҳам дар давраи корзори интихоботӣ.

 

Аммо ростӣ, дар сойтҳои интиернетӣ дар як назарсанҷӣ пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар бораи ҳизби мо бештар медонанд ва назарпурсиҳои интернетӣ баёнгари маҳбубияти ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар миёни ҷавонон аст.

 

Ва ман мехоҳам таъкид ба он кунам, ки дар бархе аз маҳаллоти шаҳри Душанбе ва навоҳии мухталиф руасои маҳаллаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ ба мардум амдан мегӯянд, ки бо мо ҳамсӯҳбат нашаванд.

 

Барои мисол, ман аз яке аз мулоқотҳои худ бо мардум ёдовар мешавам, ки дар ҷараёни он аз ман суоле накарданд ва ман аз мулоқоткунандагон, ки дар назди дари вуруди интизорӣ мекашиданд, пурсидам, ки чаро аз мо чизе напурсиданд, онҳо гуфтанд, ки қабл аз мулоқот масъулон ва раиси маҳалла онҳоро ҳушдор додаанд, ки аз Зоиров ҳеҷ саволе дар мавриди масоили Тоҷикистон накунанд.

 

Дар манотиқи дуруфтодаи Тоҷикистон, ки сокинон аксаран ба телевизиюнҳои давлатӣ дастрасӣ доранд, дар ин ширкатҳои телевизиюнӣ барои муъарифии барномаҳои мо дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот фурсати хеле андаке ихтисос медиҳанд. Дар мавориди дигар, аслан ба аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, ба ҷуз аз ҳизби ҳоким, яъне ҳизби халқи демукрот, имкони баромад дар телевизиюн ва родиюро намедиҳанд. Ҳамчунин, ҳафтаномаҳо низ дастраси ҳамагон дар Тоҷикистон нестанд.

 

-Дар миёни аъзои ҳизби шумо бештар намояндагони кадоме аз ақшори ҷомеъаи Тоҷикистон ҳастанд?

 

-Бархе аз аъзои ҳизби мо аз ҷумлаи афроди маълул ҳастанд ва мо тасмим гирифтем, ки барои дифоъ аз ҳуқуқу манофеъи маълулон, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор нафар ҳастанд, номзадеро аз ҷумлаи онҳо ба интихоботи 28 феврал пешниҳод кунем.

 

Аммо дар охирин фурсат худи ин фард аз ин пешниҳоди мо ҷонибдорӣ накард. Фақат гуфтанд, ки дар интихобот ба номзадҳои мо раъй хоҳанд дод ва аз мо дархост карданд, ки дар сурати ба даст овардани курсиҳо дар порлумон аз манофеъи афроди маълул низ дифоъ ва мушкилоти ин қишри ҷомеъаро дар назди давлат матраҳ кунем.

 

Ман аз он изҳори таассуф мекунам, ки дар миёни раҳбарони бахшҳои ҳизби мо дар Душанбе ва манотиқи мухталиф занон ва духтарон кам ҳастанд. Ҳарчанд ҳудуди чилу ду дар сади аъзои моро занон ташкил медиҳанд. Вале занҳо дар солҳои ахир аз сиёсат худро дур мегиранд.

 

Дар оянда мо ширкати занону духтаронро дар ҳайъати раҳбарии бахшҳои маҳаллии ҳизби худ афзоиш хоҳем дод. Дар миёни аъзои ҳизби мо намояндагони ақаллиятҳои мухталиф узвият доранд, аммо барои мо онҳо ҳама шаҳрвандони тоҷикистонӣ ҳастанд ва дар фаъолиятҳои ҳизбӣ мо бо ҳамаи онҳо баробар рафтор мекунем.

 

-Ташаккур барои суҳбат.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1778-2010-02-18-15-11-11.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ