15:43:31 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Русия ғайриқонунӣ будааст

Додгоҳи олии Русия гуфт, Низомхон Ҷӯраев, соҳибкори сарватманди тоҷикро ғайриқонунӣ ба Душанбе истирдод кардаанд.

nizomkhon-juraev-45872121Додгоҳи Олии Русия ҳукми истирдоди Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилоятӣ ва соҳибкори сарватманди тоҷикро беэътибор эълон кардааст. Низомхон Ҷӯраев, ки чанде пеш ба таври асроромез дар Тоҷикистон нопадид шуд, дар кишвар ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва бантидизму дигар ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад.

Анна Ставитская, вакили дифои Низомхон Ҷӯраев рӯзи 6-уми сентябр ба мо гуфт, ки Додгоҳи олии Русия, қарори Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар бораи истирдоди ғайриқонунии Низомхон Ҷӯраевро дуруст шуморида ва эътироф кардааст, ки мақомоти Русия эҳтимоли шиканҷа шудани соҳибкори тоҷик дар ватанашро ба инобат нагирифта ва ӯро ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Анна Ставитская афзуд: “Рӯзи 3-уми сентябр Додгоҳи олии Русия қарор кард, ки парвандаи истирдоди Низомхон Ҷӯраев бознигарӣ шавад, чунки бар асоси ҳукми Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар, ки Русия амрҳои онро бояд иҷро кунад, истирдоди Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ будааст. Низомхон Ҷӯраевро бо кӯмаки мақомоти Русия ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурдаанд ва масъулияти ин амали ғайриқонунӣ бар дӯши мақомоти Русия аст.”

Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара ва яке аз тоҷирони маъруф дар вилояти Суғдро мақомоти Тоҷикистон дар аввал ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, даст доштан дар қатли Толиб Бобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон, хусусигардонии ғайриқонунии 16 иншооти давлатӣ ва дуздии 38 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 11 миллион доллар муттаҳам мекарданд. Ӯро соли 2010 дар Русия боздошт карданд ва сипас соли 2011 бо ҳукми Додситонии кулли Русия ва ризоияти Додгоҳи шаҳри Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Ҳарчанд мақомоти Русия гуфтаанд, ки Ҷӯраев ба Тоҷикистон истирдод нашудааст, вале баъди раҳоиаш аз боздоштгоҳи шаҳри Маскав, Низомхон Ҷӯраев аз ин шаҳр ғайб зад ва чанд рӯз баъд дар телевизиони Тоҷикистон зоҳир шуд ва гуфт, ки худаш ба Тоҷикистон омадааст.

Баъд аз ин муҳокимаи Низомхон Ҷӯраев соли 2012 шурӯъ шуд ва ӯ дар чанд парвандаи пурсарусадо аз ҷумла парвандаи ҷиноии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат шаҳодат дод, ки гӯё корхонаи “Тоҷикатлас”-ро ба зӯрӣ аз худ кардааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон соҳибкори тоҷикро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ нигаҳ медоштанд, вале ҳоло мегуянд, ки намедонанд, дар куҷост.  Анна Ставитская, вакили дифоаш низ гуфт, аз сарнавишти Низомхон Ҷӯраев хабар надорад: “Ман намедонам, ки ӯ дар куҷост. Фақат иттило гирифта будам, ки дар муносибат бо ӯ усулҳои ғайриқонуниро ба кор бурдаанд. Мутаасифона ман ҳоло аз тақдири ӯ хабаре надорам.”

Баъди боздошти Низомхон Ҷӯраев, созмони Авфи Байналмилал низ аз мақомоти Русия хоста буд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, зеро эҳтимол дорад, нисбаташ бадрафторӣ кунанд ва ё азобу шиканҷааш бидиҳанд. Низомхон Ҷӯраев аз ин ҳукм ба Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар шикоят бурд ва ин додгоҳ низ қарори Русияро ғайриқонунӣ донист ва ба мақомоти Русия амр дод, ки ба Низомхон Ҷӯраев 44 ҳазор евро ҷуброн бипардозанд. Русия ин амрро иҷро кард ва акнун ҳукми истирдоди ӯҳам беэътибор шуд. Ҳарчанд Русия наметавонад, бозгардонидани Низомхон Ҷӯраевро аз Тоҷикистон тақозо кунад, аммо акнун ба гуфтаи Анна Ставитская, мақомоти Русия бояд таҳқиқ кунанд, ки дар “рабудан” ва ба Тоҷикистон фиристодани НизомхонҶӯраев кӣ гунаҳкор аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi