16:19:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАНТОВӢ: "АРТИШ ИҶОЗА НАХОҲАД ДОД МИСР БА ДАСТИ ЯК ГУРӮҲ БИАФТАД"

Субҳи душанбе Ҳилларӣ Клинтон вориди Исроил шуд то бо нахуствазир ва мақомоти дигари ин кишвар гуфтугӯ намояд. Интизор меравад, ки музокироти ба дарозо кашидаи сулҳи Исроилу Фаластин ва барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон дар садри масъалаҳои мавриди баҳси ҷонибҳо қарор бигирад.

/images/stories/2012/07/16_hillary-clinton-160712.jpgҲилларӣ Клинтон дар Қоҳира пойтахти Миср рӯзи якшанбе бо Ҳусейн Тантавӣ-раҳбари низомии Миср мулоқот кард. Ин мулоқот  бахше аз барномаҳои боздиди хонум Клинтон буд, ки ба таъмини амният дар марҳилаи гузори сиёсӣ ихтисос дорад.

Маршал Ҳусейн Тантавӣ аз соли гузашта, яъне баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешин то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва оғози фаъолияти президенти нав раҳбарии Мисрро бар ӯҳда дошт.

Ҳилларӣ Клинтон, ки боздидаш аз Миср рӯзи шанбе оғоз ёфт ва бо Муҳаммад Мурсӣ -раиси ҷумҳури тозаинтихоб дидору гуфтугӯ анҷом дод, аз низомиёни Миср хост, ки ба натиҷаҳои интихоботи ахир эҳтиром гузоранд ва “барои таъмини амнияти миллӣ содиқона хидмат кунанд”. Хонум Клинтон ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мулоқот анҷом дод.

​​Вай дар мулоқот гуфт, ба Қоҳира омадааст, то ба таври рӯшан паём бидиҳад, ки ҳуқуқи башари байналмиллалӣ барои ҳамагон аст ва демократия яке аз унсурҳои аслии ин ҳуқуқҳост:

“Ин ҷо дар Миср мо ӯҳдадор шудаем, ки аз ҳуқуқи ҳамаи мардумони Миср, мардону занон, мусулмонону масеҳиҳо дифоъ кунем ва ин ҳуқуқро равнақ диҳем. Ҳар касе, ки шаҳрванди Миср аст, тибқи қонун ба он ҳақ дорад. Ман ин нуктаро дирӯз ҳангоми мулоқот ба президент Мурсӣ расондам, ки мо мехоҳем аз ҳар ҳукумате, ки интихоб шудааст, ҷонибдорӣ кунем”.

Хонум Клинтон гуфт, Амрико аз демократия ҳимоят мекунад, вале демократия аз интихобот дар сафи пеш аст: “Ман ба Қоҳира омадаам, то хеле рӯшан паём бидиҳам, ки Амрико аз ҳуқуқ дифоъ мекунад, аз ҳуқуқи умумии ҳамаи мардум. Ва мо аз демократия ҳимоят мекунем, вале демократия бояд бештар аз интихобот арзиш дошта бошад. Ин бад-он маъност, ки аксарият аз ҳуқуқи ақалиятҳо дифоъ мекунанд”.

Баъзе аз шахсиятҳои масеҳӣ аз ширкат дар мулоқот бо хонум Клинтон даст кашиданд ва онро нишонаи эътироз ба мудохилаи Амрико ба корҳои дохилии Миср арзёбӣ карданд.

Рӯзномаи “Ал-Аҳром” навиштааст, намояндагони калисои Копт ва баъзе шахсиятҳои дигар гуфтаанд, ки онҳо бар зидди Амрико барои ҳимояташ аз баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ дар Миср эътироз кардаанд. Даҳҳо нафар фаъолон рӯзи шанбе дар назди сафоратхонаи Амрико дар Қоҳира бар зидди сиёсати хориҷии Амрико ба эътироз баромаданд.

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико баъд аз мулоқоти рӯзи якшанбе аз Қоҳира ба шаҳри шимолии Александрия рафт, то дар маросими гушоиши консулгарии Амрико дар ин шаҳр ширкат ҷӯяд.

Клинтон баландтарин мақоми расмии Амрикост, ки бо Муҳаммад Мурсӣ-узви ҷунбиши Ихвонулмуслимин мулоқот кард. Муҳаммад Мурсӣ баъд аз пирӯзӣ дар интихобот ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi