14:21:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҚАЛЛУБРО ДАР ИНТИХОБОТ ЭЪТИРОФ КАРДАНД

Кумисюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ дар Афғонистон орои беш аз сӣ маркази раъйдиҳиро ба далели мавҷудияти тақаллуб дар он ботил эълом кардааст.

Масъулони ин кумисюн мегӯянд "мадорики возеҳ ва қаноатбахш" дар мавриди тақаллуб дар ин оро ба даст омадааст. Ин оро шомили бисту ҳафт маркази раъйдиҳӣ дар вилоёти Ғазнӣ, панҷоҳу як марказ дар вилояти Қандаҳор ва панҷ маркази раъйдиҳӣ дар дар вилояти Пактико аст. Ин нахустин бор аст, ки бахше аз орои интихоботи Афғонистон, ки дар моҳи август баргузор шуд, расман ботил эълон мешавад.

Дувумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз замони суқути режими толибон бо иддаъоҳо дар мавриди маҷудияти тақаллуби густарда дар он рӯбарӯ будааст. Бархе ниҳодҳои нозир бар интихобот аз ҷумла нозирони Иттиҳодияи Урупо ва низ шуморе аз номзадҳои интихобот аз мавҷудияти "тақаллуби густарда" дар интихобот сухан гуфтаанд.

Кумисюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ эълон накарда, ки дар маҷмуъ орои ботилшуда чи теъдод будааст, аммо мақомот мегӯянд дар ҳар як 25450 маркази раъйдиҳӣ дар саросари Афғонистон ҳудуди шашсад то ҳафтсад баргаи раъйдиҳӣ мавҷуд будааст.

Ин оро дар дар ҳоле ботил эълон мешавад, ки бар асоси шумориши 91 дарсад аз орои рехташуда ба сандуқҳои ахзи раъй Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури кунунии Афғонистон тавониста ҳудуди панҷоҳу чаҳор дарсади ороро ба даст биоварад.

Пештар Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби умдаи Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфта буд, ки ниҳоди баргузоркунандаи интихобот таҳти таъсири раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай қарор дорад. Дар айни ҳол қабл аз он ки натоиҷи ниҳоии интихобот расман эълом ва таъйид шавад, бояд ба садҳо мавриди шикоят аз тақаллуб дар интихобот расидагӣ шавад.

Ин нахустин бор аст, ки дуктур Абдуллоҳ иддаъои вобастагии кумисюни интихобот ба рақиби аслии худ, Ҳомиди Карзайро матраҳ мекунад. Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Ин (кумисюн) аслан мутақил нест, Аз раиси ҷумҳур Карзай ҷонибдорӣ мекунад."

Ӯ афзуд: "Ин (кумисюн) фосид будааст ва бадрафториҳои он ҳоло зиёд шуда. Ман фикр мекунам, ки ин ба суди кишвар нест, ки касе ки ба тақаллуби густарда даст зада, кишварро барои панҷ соли дигар раҳбарӣ кунад."

Авоили ин ҳафта кумисюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ дар нахустин вокуниши худ нисбат ба иддаъои тақаллуб дар интихобот гуфт, ки кумисюни интихобот бояд тамомии ороеро, ки дар мавриди саломати онҳо тардид вуҷуд дорад, бозшуморӣ кунад.

Қарор буд натоиҷи ниҳоии интихобот моҳи ҷорӣ эълом шавад, аммо ба назар мерасад баррасӣ ва расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботро бо таъхир рӯбарӯ хоҳад кард.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi