11:18:55 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРХОСТИ ТАЛВЕҲӢ БАРОИ БАРКАНОРИИ ХОМЕНАӢ

Маҷмаъи намояндагони адвори Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар номае ба раиси Маҷлиси Хубрагони ин кишвар хостори "баррасии қонунии вифқи (созгории) асли 111 Қонуни асосӣ" шудааст, ки ба мавзӯъи азли (барканории) раҳбари ин кишвар ихтисос дорад.

Ин маҷмаъ дар номае саргушода ба Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 22 мурдод (13 август) мунташир шуд, навиштааст, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ мутобиқи Қонуни асосӣ бо соири афроди кишвар дар муқобили қонун баробар аст ва "ҳамаи масъулиятҳои ношӣ аз вилояти амрро бар уҳда дорад." Дар ин нома ба "юриши" маъмурони ҳукумат ба мардум ва "ба хоку хун кашидани" онҳо ва ҳамчунин "достони шиканҷаҳои боздоштшудагони Каҳрезак" ишора шуда ва омадааст: 

"Намоишгоҳи додгоҳи саднафарӣ, ки ёдовари муҳокимоти Истолин аст, дили ҳар инсони озодаеро ба дард меоварад."

Маҷмаъи намояндагони адвор ҳамчунин бо ҳимоят аз дархости Меҳдии Каррубӣ барои баррасии мавзӯъи таҷовузи ҷинсӣ ба духтарону писарони ҷавон дар боздоштгоҳҳо навиштааст: "Наметавон дар баробари ин вақоеъи шум сукут пеша кард."

Ин маҷмаъ дар номаи худ раҳбари Ҷумҳурии Исломиро масъули авзоъи кишвар муъаррифӣ мекунад ва аз аъзои Маҷлиси Хубрагон мехоҳад, ки ба амалкарди ниҳодҳои интизомӣ, низомӣ ва амниятии зери назари Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ расидагӣ кунанд.

Дар ин нома хитоб ба раиси Маҷлиси Хубрагон омадааст: "Маҷмаъи намояндагони адвори Маҷлиси Шӯрои исломӣ лузуми баррасиҳои қонунии вифқи асли 111 Қонуни асосиро, ки аз вазоифи хубрагони раҳбарӣ аст, мавриди дархост қарор дода ва аз ҳазрати олӣ интизор дорад, ки бино ба вазифа ва рисолати қонунӣ иқдомоти лозимро ба амал оваранд."

Асли 111 Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд: "Ҳар гоҳ раҳбар аз анҷоми вазоифи қонунии худ нотавон шавад ё фоқиди яке аз шароити мазкур дар усули панҷум ва яксаду нуҳум гардад, ё маълум шавад аз оғоз фоқиди баъзе аз шароит будааст, аз мақоми худ барканор хоҳад шуд. Ташхиси ин амр ба уҳдаи хубрагони мазкур дар асли яксаду ҳаштум мебошад..."

Як рӯз пеш аз интишори номаи саргушодаи Маҷмаъи намояндагони адвори Маҷлиси Шӯрои исломӣ, Алӣ Муҳаммади Дастғайб, узви Маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ низ хостори ташкили ҷаласаи фаврии Маҷлиси Хубрагон шуда буд.

Оқои Дастғайб навишта буд: "Инҷониб содиқона ва хайрхоҳона арз мекунам, то дер нашуда, хубрагон барои иъодаи ҳайсият аз марҷаъият, ташкили ҷаласа диҳад, он ҳам аланӣ (ошкор) ва матолиб баррасӣ гардад ва ба хости мардум, ки ҳамон Қонуни асосист, ҷавоб дода шавад ва шикоёти онҳо ба василаи намояндагони онҳо, яъне оқои Мусавӣ ва оқои Каррубӣ, расидагӣ шавад."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi