12:28:27 26-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/27_--01-a-aaaaachili-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/27_--01-a-aaaaachili-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/02/27_--01-a-aaaaachili-2.jpg'

ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ДАР ЧИЛӢ

Заминларзаи сахте, ки нерӯи он 8,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мешавад, Чилиро такон дод. Дар бораи харобиҳо ва талафоти ҷонӣ феълан хабар нарасидааст. Маркази огоҳӣ аз мадду ҷазри Амрико аз бархостани сунами дар соҳилҳои Чилӣ ва Перу иттилоъ додааст. Бино бар иттилоъи маркази зилзиласанҷии Амрико, маркази заминларза дар дурии 317 километр аз пойтахти Чилӣ - шаҳри Сантяго ҷойгир будааст.

 

Хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки ларзиши замин дар Сантяго дар ҳудуди 10-30 сония эҳсос шудаанд. Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, бархе аз биноҳо фурӯ рехтаанд. Ба эҳтимол, хаттҳои интиқоли нерӯи барқ, алоқаи телефонӣ ва интернетӣ низ хароб шудааст. Дуввумин шаҳри бузурги Чилӣ бо номи Консепсйон дар наздикии маркази зилзила воқеъ будааст.

 

Чилӣ маркази бузургтарин зилзила дар асри 20 буд – панҷоҳ сол қабл, дар соли 1960 заминҷунбии 9,5 балла бештар аз якуним ҳазор нафарро дар шаҳре бо номи Валдивия кушта буд. Дар аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи заминларзаи шадиди 7-балла дар Ҳаитӣ тақрибан 230 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуданд.

 

Дар охири соли 2004 пас аз зилзилае бо шиддати 9,2 дараҷа сунами бархост ва Осиё тақрибан 250.000 нафарро кушт. Дар садаи бистум зилзилаҳо бо шиддати 9 дараҷа ва бештар аз он ҳамчунин дар Аляска дар соли 1964 ва дар Камчатка дар соли 1952 рух додаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1830-2010-02-27-11-22-35.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ