ТАЪКИДИ БОРОК УБОМО БАР ТАШДИДИ ТАҲРИМҲО АЛАЙҲИ ЭРОН
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва қудратҳои бузурги миллӣ чанд ҳафтаи оянда маҷмуъае аз таҳримҳои ҷиддиро алайҳи Эрон омода хоҳанд кард. Ба гуфтаи Борок Убомо, ин кишварҳо аз роҳҳои мухталиф ба Эрон нишон хоҳанд дод, ки хатти машйи атомии ин кишвар барои ҷомеъаи байналмилалӣ ғайриқобили қабул аст. Ин дар ҳолест, ки Эрон рӯзи сешанбе ғанисозии урониюм то сатҳи 20 дарсадро оғоз кард.
Раиси ҷумҳурии Омрико дар Вошингтун гуфт, ки таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид бахше аз "талоши фарогири" ташдиди муҷозотҳо алайҳи Эрон хоҳад буд. Ӯ гуфт наметавонад пешбинӣ кунад, ки Чин ҳам аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон ҳимоят мекунад. Бо ин ҳама, ӯ аз мавзеъгириҳои ахири Русия дар қиболи барномаи атомии Эрон қадрдонӣ кард.
Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти миллии Русия, гуфтааст, ки оғози тавлиди урониюми 20 дарсадӣ "тардидҳоеро дар мавриди барномаҳои атомии Эрон" падид меоварад ва аз давлати ин кишвар хостааст нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ дар мавриди иҳонати барномаҳои ҳастаии ин кишварро бартараф созад. Борок Убомо дар нишасти хабарии Кохи Сафед гуфт ҳарчанд қадами баъдӣ ташдиди таҳримҳост, роҳи музокира ҳамчунон боз аст.
Рӯзи сешанбе, 9 феврал, ба нақл аз Алиакбари Солеҳӣ гузориш шуд, ки амалиёти ғанисозии урониюм бо холисии кам ба манзури дастёбӣ ба урониюми бо холисии 20 дарсад дар занҷираи ҷудогонае дар таъсисоти ғанисозии Натанз зери назари бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ оғоз шудааст. Оқои Солеҳӣ гуфтааст, агар Ғарб роҳе барои таъмини ниёзи реоктури Теҳрон ба сӯхти мавриди ниёз ироа диҳад, мумкин аст тавлиди урониюм бо холисии 20 дарсад дар дохили Эрон зарурӣ набошад.
Борок Убомо яке аз мушкилоти музокира атомӣ бо Эронро равшан набудани мавзеъи ниҳоии Ҷумҳурии Исломӣ донист ва гуфт ағлаб рӯшан нест, ки чи касе аз тарафи Эрон суҳбат мекунад.
Ӯ гуфт алорағми таъкиди Эрон, ки барномаи атомиаш сулҳомез аст, ин кишвар ҳамчунон хатти машйеро идома медиҳад, ки дар ниҳоят ба силоҳи атомӣ хатм хоҳад шуд.
Мақомҳои аршади давлати Убомо мегӯянд, ки Иёлоти Муттаҳида хоҳони афзоиши фишорҳо бар ниҳодҳои давлатии Эрон ва низ ширкатҳо ва мақомҳои сипоҳи посдорон аст. Конгреси Омрико ҳамчунин тарҳи таҳрими густардаеро дар дасти баррасӣ дорад, ки дар сурати тасвиби ширкатҳои хориҷӣ таъминкунандаи бензини Эронро низ ҳадаф қарор хоҳад дод.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1724-2010-02-10-14-50-04.html