17:36:54 01-уми Июли 2025 сол

ПОЙТАХТИ ЮНОН ДАР ҲАЛҚАИ ОТАШ МЕСӮЗАД

Пойтахти Юнон боз ба оташ кашида шуд. Ҳаштод ҳазор нафар эътирозгор, ки дар аввал бо нияти нек, бо шиорҳои тағйироту дигаргунӣ ворид кардан ба сиёсати иқтисодии ҳукуматашон тазоҳурот карданд, инак даст ба оташсӯзии дӯкону мағозаҳо, тарабхонаҳо заданд. Хадамоти оташнишонии шаҳр тавони сари вақт расидагӣ кардан ба мушкилоти пешомадаро надорад.

voynaПулис ба хотири пешгирӣ кардан аз бетартибиҳои оммавӣ даҳҳо нафар аз тазоҳуротгаронро боздошт намудааст. Телевизиони Афина саҳнаҳои даргириҳои байни намоишгарон ва пулисро нишон медиҳад. Дар ин задухӯрдҳо дастикам 50 нафар шаҳрванд ва ҳашт нафар корманди полис захм бардоштааст.

Сабаби даст ба тазоҳурот задани мардумро таҳлилгарон дар ислоҳоти иқтисодии ҳукумат медонанд, ки ахирин таъсири он ба зиндагии табақаҳои мухталифи ҷомеъаи Юнон, махсусан ҷавонон хеле вазнин будааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ