16:23:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ

24 август дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар ҷаласаи Шӯро Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони ҳориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қимматбаҳо» баррасӣ гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Муғулистон ва байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия -Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Дар ҳусуси қарор оид ба Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон барои солҳои 2007-2010 ва дар хусуси Қарор дар бораи Шӯрои байнидавлатии роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.Дар охир аз рӯи масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi