09:01:28 01-уми Июли 2025 сол

ОҒОЗИ БУНЁДИ МАНЗИЛИ НАВИ РАҚИБОВҲО

Дар рустои Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзил барои хонаводаи Рақибовҳо шурӯъ шудааст. Атовулло Рақибов гуфт, мақомоти маҳаллӣ барои сохтмони манзили нави ӯ 8 сотих замин ҷудо кардааст.

Ҷаноби Рақибов мегӯяд, ҳоло корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва то фаро расидани фасли сармо манзили якошёнаи иборат аз чаҳор ҳуҷра сохта хоҳад шуд. Даъвои хонаводаи серфарзанди Рақибовҳо, ки ду соли ахир, пас аз ғайриқонунӣ эълон шудани хонаи бунёдкардаи ӯ ва хароб шудани он бо амри ҳукумати ноҳияи Файзобод идома дошт, дар матбуоту Интернет сару садои зиёде ба вуҷуд овард.

Дар баробари пайгирии пайвастаи нашрияҳои мустақил аз ин қазия, ҷомеаи интернетии Тоҷикистон ташаббуси кӯмаки молӣ ба хонаводаи Рақибовҳоро роҳандозӣ карда, чандин нафар ба ин хонавода кӯмакпулиҳои худро ирсол карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили ин ҳизб дар парлумон низ пас аз он ки бо вазъи хонаводаи Рақибовҳо аз наздик ошно шуд, мақомоти Файзободро барои ҳалли ин қазия даъват кард ва гуфт, ки дар сурати ҷудо шудани замин онҳо барои бунёди манзили нави Рақибовҳо кӯмак хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфтаи Атовулло Рақибов то кунун ҲНИТ барои бунёди манзили нави онҳо аз Душанбе ба Файзобод маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла чаҳор тонна семент фиристодааст. Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда буд. Нахуст додситонии ноҳия алайҳи ӯ парвандаи шаҳрвандӣ боз намуда, сипас онро ба парвандаи ҷиноӣ табдил дод.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Атовулло Рақибов аз сӯи маъмурони интизомӣ боздошт шуд ва додгоҳ ӯ, ҳамсар ва ду хоҳарашро шартан аз як соли озодӣ маҳрум кард. Рақибов барои ҳалли одилонаи баҳси замину манзилаш борҳо ба раисиҷумҳур, Додситонии кулли Тоҷикистон, Додгоҳи олии Тоҷикистон, Омбудсмени Тоҷикистон, Идораи Ҳуқуқи башар ва дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо муроҷиат карда буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ