14:54:16 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

КӮМАКИ ИМА ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ЛОИҲАИ «ТАНДУРУСТИИ БОСИФАТ»

Кормандони 20 созмони ғайридавлатӣ аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» барои иштирок дар омӯзиш оид ба идораи захираҳои инсонӣ даъват шудаанд.

 

USAIDҲадафи ин омӯзиши амалӣ мустаҳкамгардонии қобилияти СҒД барои пешниҳоди хидматҳои худ ба аҳолии таҳти хатар, ҳамчунин ҳалли мушкилоти азкорравии мутахассисон аст, ки ба СҒД барои  боло бурдани дастрасӣ ба хизматрасониҳои онҳо халал мерасонад, Омӯзгорон омӯзишро мувофиқи дастурҳои навтарин дар корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва усулҳои омӯзиши кормандони иҷтимоӣ, стратегияи қабули кормандон ва пардохти музди меҳнат, ҳамчунин идораи кадрҳо аз тарафи СҒД барои боло бурдани самаранокии барномаҳо мегузаронанд.

 

Дар доираи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» дастгирии минбаъдаи техникӣ ва амалигардонии роҳбаладӣ барои СҒД баҳри истифодаи беҳтар ва дар амал татбиқ намудани донишу малакаҳои ҳангоми омӯзиш ба даст овардашуда пешниҳод мегардад. Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз чанд лоиҳаҳои мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе  ба миқдори 900 миллион доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi