05:24:55 16-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Муҷозоти 17 пулис барои ҷанҷоли бинокорони рус бо муҳоҷирон

Ҳафтдаҳ афсари полиси Русия ба хотири ҷанҷоли бинокорони рус бо муҳоҷирон, ки боиси марги як шаҳрванди Русия гардидааст, ҷазо гирифтаанд.

poolice-54855454Дар поёни тафтиши хидмати ҷанҷоли дастамъӣ миёни бинокорони рус ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ, Идораи умури дохилии вилояти Свердлови Русия 17 афсари полисро муҷозот кардааст.  Дафтари матбуотии Идораи умури дохилии вилояти Свердлови Русия ба хабаргузории «Интерфакс” гуфтааст, ки шаш нозири минтақавӣ, се раҳбари онҳо ва ҳафт мансабдори дигари полис ба хотири назорати суст ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ба қавли "Интерфакс" шашуми август ҳашт бинокори рус дар як кафеи шаҳраки Арамил истироҳат намуда, дар баромадгоҳи он бо гурӯҳи иборат аз 12-14 фарди осиёӣ ру ба рӯ шудааст. Дар натиҷаи ҷанҷоле, ки байни ду гурӯҳ ба вуқӯъ пайваст, бо зарби корд як бинокор аз шаҳри Красноярск ҳалок шудааст.

Муфаттишон шаҳрванди 25-солаи Узбакистон Баҳодур Рӯзиевро бо иттиҳоми куштор боздошт намудааст. Дар чорчӯби ҳамин қазия се шаҳрванди Тоҷикистон, ки номҳояшон ошкор нашудааст, бо айбномаи авбошӣ дастгир шудаанд.

“Интерфакс” менависад, тафтиш ба амали зодаи Тоҷикистон Раҳимҷон Аюбов, ки баъди куштор саъй намудааст, Рӯзиевро пинҳон кунад, ҷазои ҳуқуқӣ хоҳад дод. Ба қавли муфаттишон, Аюбов мехост фирори Рӯзиев ба хориҷ аз Русияро ташкил кунад.

Аз моҳи июл ба ин тараф мақомоти Русия ҳазорҳо муҳоҷири ғайрирасмӣ, асосан муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро боздошт кардаанд. Камаш 600 нафари онҳо ва аз ҷумла наврасон, дар як урдугоҳи Маскав ҷой дода шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар талаб доранд, ки ин урдугоҳ баста шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi