13:35:19 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ҒУССАҲОИ БЕКОРИИ МУҲОҶИРОН ДАР РУСИЯ

 

Дар Русия милюнҳо муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд, ки аксари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба инҷо омадаанд. Аммо пас аз ҳамлаи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод бештари онҳо ҷойҳои кори худро аз даст додаанд. Дар натиҷа, мизони пуле, ки аз сӯйи муҳоҷирон ба Осиёи Марказӣ интиқол мешуд, башиддат коҳиш ёфтааст.

Як севуми даромади мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳоест, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳои дар ин кишвар мунтақил мекунанд. Вале Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, ки имкон дорад мизони интиқоли пул ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирон дар соли ҷорӣ 30 дарсад коҳиш ёбад. Мартин Веннард, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сӣ, бо чанде аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Маскав дар бораи вазъияти онҳо суҳбат кардааст.

Бахтиёр, 22, Душанбе, Тоҷикистон

18 моҳ аст, ки ман дар Русия кор мекунам. Ман дар яке аз боғҳои умдаи шаҳр, Коломенское, ба кори сохтмонӣ ва тармим машғулам. Ман ва панҷ муҳоҷири дигари корӣ дар як хонаи дуҳуҷраӣ, ки иҷора гирифтаем, зиндагӣ мекунем. Дар моҳ ман ҳудуди 18000 рубли русӣ (600 дулор) даромад дорам ва ҳудуди 15 рубли русиро ба волидонам мефиристам. Ман тамоми сол ба ин кор машғулам, аммо ин кори душворе нест. Буҳрон ҳануз бар вазъи мо таъсир накарда, вале дар ҳоли ҳозир дар Маскав ҷойи кори зиёде ҳам нест. Ман хушҳолам, ки ҷойи кор дорам.

Дар Маскав мардуми зиёде аз Осиёи Миёна ҳастанд ва бисёре аз дӯстони ман ҷойи кори худро дар ин ҷо аз даст доданд. Баъзеҳошон корҳои дигаре пайдо карданд, вале бархи дигар ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯйи коранд. Иддае ҳам ба Тоҷикистон баргаштанд."

Толик, 23, Қашқадарё, ҷануби Ӯзбакистон

"Ман се сол аст, ки дар Маскав ҳастам, вале ҳудуди се моҳ боз бекор мондаам. Ман дар як маҳалли мошиншӯйӣ кор мекардам, вале ба далели бӯҳрони иқтисодӣ корамро аз даст додам. Бисёре аз дӯстонам, ки корҳояшонро аз даст доданд, ба Ӯзбакистон баргаштанд. Қаблан, ман ҳудуди 25 ҳазор рубл (800 дулор) маъоши моҳонамегирифтам ва сеяки ин пулро ба хонаводаам мефиристодам. Ҳоло ман муҳтоҷи кумаки ҳамхонаам ҳастам, ки кӯчарӯб аст.

Дар Ӯзбакистон ман варзишгар будам, унвони қаҳрамони минтақаро дар каратэ ба даст овардам, на менӯшидам, на сигор мекашидам. Аммо аз замоне ки корамро аз даст додам, арақу пиваи зиёде нӯшидам ва сигори бисёре кашидам.

Дилам мехоҳад ба Ӯзбакистон баргардам ва дубора ба варзиш машғул шавам. Баъзе вақтҳо мебинам, ки дӯстонам дар Маскав дар мусобиқот ширкат мекунанд.

Ҷудоӣ аз номзадам дар Ӯзбакистон бар вазъи саломати вай низ таъсири баде гузошт. Вай ҳар рӯз ба ман занг мезанад ва мегӯяд, ки дилаш бароям танг шудааст."

Расул, 23, Вахш, Тоҷикистон

"Ман, пас аз ин ки як моҳро ба хотири аппендисит ва захми меъда дар бемористон сипарӣ кардам, бекор ҳастам. Ман пештар бо Бахтиёр ва дигарон дар порк кор мекардам, вале ҳоло мехоҳам ба Тоҷикистон баргардам. Зан ва як фарзанди 6-моҳаам дар он ҷо зиндагӣ мекунанд. Пеш аз омадан ба Маскав ман дар Тоҷикистон бештар футболбозӣ мекардам, зеро дар он ҷо ҷойҳои кории зиёде нест, агар бошад ҳам, даромади хубе надорад. Пайдо кардани кори хуб дар он ҷо хеле душвор аст.

Ман Маскавро хеле дӯст медорам. Инҷо корҳои зиёде метавон кард ва дилам барои ин ҷо танг хоҳад шуд."

Бекзод, 22, Қаршӣ, ҷануби Ӯзбакистон

"Ман дар Маскав кӯчарӯб ҳастам. Ду сол аст, ки дар идораи яке аз шӯроҳои маҳаллӣ дар ин ҷо кор мекунам. Ман дар хобгоҳе дар ҷанубушарқи Маскав бо муҳоҷирони дигар зиндагӣ мекунам. Ман дар зимистон ҳудуди 18000 рубл (600 дулор) дар як моҳ ва дар тобистон ҳудуди 12000 рубл кор мекунам. Ба хонаводаам ҳудуди 900 рубл мефиристам.

Намедонам, ин тобистон бо ин бӯҳрони иқтисодӣ чи қадар ба мо пул медиҳанд. Маъмулан, дар фасли тобистон ба ман камтар пул медиҳанд, зеро кор дар зимистон душвор аст ва мо кӯчаро аз барфу ях пок мекунем.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi