20:16:34 22-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АЛИАСҒАРИ ШЕЪРДӮСТ: «НАМОИШГОҲИ АКСҲОИ ОЛИМПУРРО СОЛИ ОЯНДА ДАР ЭРОН БАРГУЗОР ХОҲЕМ КАРД»

Чил акси шодравон Муҳиддини Олимпур, собиқ аккос ва хабарнигори бахши форсии радиои ББС, дар як намоишгоҳе дар нигорхонаи «Мино»-и марбути Иттиҳодияи Меъморони Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд.

/images/stories/2012/12/14_sheerdost-namoishgoh.jpgДар ифтитоҳияи ин намоишгоҳ, ки бахшида ба 17-умин солрӯзи марги ин журналисти маъруфи тоҷик аз сӯи Бунёди байналмилалии Олимпур бо кӯмаки бахши тоҷикистонии Бунёди Сорос созмондиҳӣ шудааст, аҳли зиёи тоҷик ва дипломатҳои хориҷӣ, азҷумла сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Фаронса, инчунин Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ширкат намуданд.

Ҳамза Камол, раиси Бунёди байналмилалии Олимпур, Алиасғари Шеърдӯст, сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ортиқи Қодир, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Исфандиёри Одина, раҳбари шӯъбаи тоҷикистонии бахши форсии радиои ББС ва дигарон дар суханрониҳо худ зикри хайри Муҳиддини Олимпурро намуда аз зиндагиномаи ӯ ба некӣ ёд карданд.

Азҷумла гуфта шуд, ки Муҳиддин Олимпур дар журналистикаи тоҷик аз нахустин рӯзноманигороне буд, ки дар ба ҳам наздик кардан ва аз  ҳаёту фаъолияти ҳамдигар бохабар сохтани зиёиёни се кишвари ҳамзабон Тоҷикистону Эрону Афғонистон талошу хизматҳои зиёде кардааст.

/images/stories/2012/12/14_muhiddin-olimpor-namoishgoh.jpgБо ибтикори ӯ дар телевизони Тоҷикистон барномаи «Ситораҳои Шарқ» роҳандозӣ шуд, ки аз маҳбубияти зиёде бархурдор буд. Ҳангоми ба ҳайси хабарнигори бахши форсии радиои ББС фаъолият карданаш бо ибтикори ӯ сафари ҳунарии яке аз беҳтарин хонандаҳои эронӣ Саттор ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки дар нахустин сафари Олимпур ба ҶИЭ ӯро шахсан ҳамроҳӣ кардааст ва акнун талош хоҳад варзид, ки чунин як намоишгоҳи аксҳои ӯро соли оянда дар Эрон, кишваре, ки онро Олимпур «бӯи модар мекунад» мегуфт, баргузор намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки аксҳои Олимпур имрӯз, чунин ба назар мерасад, ки аз аксҳои оддии хабарнигорӣ ба як асари дорои қиммати фарҳангӣ дошта табдил ёфтаанд. «Ман имрӯз дар баробари тамошои ин аксҳои ҷолиб чунин эҳсос кардам, ки муаллифи ин аксҳо низ аз дохили он манзараҳои дилфиреб ба мо нигоҳ мекунаду моро ба дарки масъулияти бештар водор месозад»-, афзуд ӯ.

Ин 8-умин намоишгоҳи аксҳои Муҳиддини Олимпур аст, ки баъди марги ӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муҳиддини Олимпур 13-уми декабри соли 1995 дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳодат расида буд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi