22:57:30 20-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАСТРАСӢ БА НУСХАИ ЭЛЕКТРУНИКИ "БУХОРОИ ШАРИФ"

Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақрибан куллияи шумораҳои нашрияи "Бухорои шариф", нахустин нашрияи форсизабон дар Осиёи Миёнаро, дар фурми электруник дарёфт кардааст.

/images/stories/2012/04/11_bukharai_sharif-1112.jpgНосирҷон Салимов, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи ҷумъа 13-апрел ин маҷмӯъаи шумораҳои "Бухорои шариф" дар қолаби электруник дар маросиме муъаррифӣ хоҳад шуд.

Оқои Салимов гуфт, ки ин амр барои муҳаққиқон ҳодисаи муҳим аст, зеро шумораҳои мухталифи нахустин нашрияи форсизабон дар Осиёи Миёна дар кишварҳои мухталиф ба шакли пароканда вуҷуд дошт ва дастрасӣ ба онҳо сахт буд.

Вай гуфт: "Дар ҳоли ҳозир дар китобхонаи миллӣ аз 153 шумораи "Бухорои шариф" танҳо 111 шуморааш гирди ҳам омадааст. Ва вуҷуди ин шумораҳо дар Тоҷикистон барои таҳқиқот муфид аст."

Аксари нусхаҳое, ки ҳоло дар китобхона ҷамъоварӣ шудаанд, бо кумаки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз китобхонаҳои Ҳуланд ва Узбакистон ва бархе аз нусхаҳо аз афроди ҷудогона ба китобхона тақдим шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Пайванди Гулмуродзода, ки солҳо бо таҳқиқи нашрияи "Бухорои шариф" машғул аст, аз гирди ҳам овардани шумораҳои ин нашрия дар фурми электруник истиқбол кард. Вай афзуд: "Ин кор бояд дар замони шӯравӣ анҷом мегирифт. Вале дертар ҳам шуда бошад, хуб аст, ки ин кор анҷом ёфт."

Вай афзуд, ки ӯ низ чанд шумораи дигари нашрияро, ки дар дастраси ӯст, ба ин китобхона тақдим хоҳад кард. Оқои Гулмуродзода афзуд, ки ба далели 100-умин солгарди матбӯъоти миллӣ дар Тоҷикистон, ки аз рӯзи нашри аввалин шумораи "Бухорои шариф" шурӯъ мешавад, таваҷҷуҳ ба нашрияи "Бухорои шариф" бештар шудааст.

Вале ба ақидаи оқои Гулмуродзода, пас аз нашри "Бухорои шариф" дигар нашрияҳо ба монанди "Ойина" ва "Шуълаи инқилоб" низ чоп шудаанд, ки арзиши таҳқиқи он нашрияҳо на камтар аз нашрияи "Бухорои шариф" аст.

"Шӯълаи инқилоб" дар интизори чоп

Дар ҳамин ҳол, шумораҳои маҷаллаи "Шуълаи инқилоб", нахустин маҷалла ба забони форсӣ дар Осиёи Миёна, ки аз моҳи апрели соли 1919 то моҳи декабри соли 1921 дар Самарқанд ба хатти форсӣ чоп мешуд, ба хатти сириллик баргардон шуда, вале то ҳол мунташир нашудааст.

Ин маҷаллаи ҳафтавор таҳти сардабирии Сайидризо Ализода дар тӯли як солу ҳафт моҳ дар 91 шумора чоп шудааст. Кори баргардони ин шумораҳоро Маҳвашхон Ҳодизода, ки 24 сол дар бахши мероси адабии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон фаъъолият дошт, анҷом додааст.

Вай ба Би-би-сӣ гуфт, ки тасмим дар ин бора дар авосити даҳаи 1980 гирифта шуд ва ӯ дар тӯли ду сол мутуни ин маҷалларо ба хатти сирилик баргардон кардааст. Ба гуфтаи вай, қарор буд ин матнҳо дар шакли китоб барои кумак ба кори муҳаққиқони бахшҳои мухталиф, ки таҳқиқоташон ба таърихи авоили қарни 20-и Осиёи Миёна бармегардад, чоп шавад.

Вале ба гуфтаи вай, ин кор анҷом нагирифт. Ӯ мегӯяд: "Ман намедонам барои чи онро чоп накарданд, аммо медонам, ки ин матнҳо дар бойгонии бахши мероси адабии пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт маҳфуз аст."

Дар соли 2007 танҳо мақолаҳои Сайидризо Ализода, ки дар ин нашрия чоп шудаанд, дар шакли китоб таҳти унвони "Маслаки мо ҳақ" мунташир шуд. Хонуми Ҳодизода афзуд: "Интишори ин китоб метавонад барои муҳаққиқони забон ва адабиёт, сиёсатмадорон, таърихшиносон ва ҳатто иқтисоддонҳо муҳим бошад."

Дар ҳафтаномаи "Шуълаи инқилоб" дростонҳо ва мақолаҳои чеҳраҳои матраҳи вақт, ба мисли Абдуррауфи Фитрат, Ҳамза Ниёзӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, чоп мешуданд. Садриддин Айнӣ, ки сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик маҳсуб мешавад, муҳаррири адабии ин маҷалла буд. Яке аз аҳдофи муҳимми Сайидризо Ализода аз таъсиси ин маҷалла ба ҷуз аз расондани хабар, паҳн кардани "афкори бедорӣ ва ифтихори миллӣ" будааст.

Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ, дар мақолаи мавсум ба "Плюрализм дар масъалаи миллӣ!?" менависад, ки интишори "Шуълаи инқилоб", нахустин маҷаллаи ҳафтагии тоҷикони Осиёи Миёна дар Самарқанд, "далели аввалин пирӯзии тоҷикон дар мубориза ба муқобили понтуркисм буд."

Вай дар ин мақолааш меафзояд: "Муҳаррири "Шуълаи инқилоб" Сайидризо Ализода дар мақолаи "Як суиқасди ғаразкорона дар муқобили маҷаллаи мо" аввалин бор бо овози баланд аз ифтихори миллии халқи тоҷик сухан гуфт ва барои муттаҳидии миллат камар баст."

Муҳаққиқон мегӯянд, ки насли тоза дар Тоҷикистон бояд аз ин манобеъи таърихӣ барои шинохтани қаҳрамонони миллии худ истифода кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi