07:55:43 26-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ БАҲСИ ДОДГОҲИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО «МИЛЛАТ»

Имрӯз панҷшанбеи 25.02.2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиаи додгоҳии вазорати кишоварзӣ ва рўзномаи «Миллат» оғоз мегардад. Бино ба иттилоъи додгоҳи ин ноҳия «дар истеҳсолоти судии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи гражданӣ аз рўи даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақолаи бемуаллиф «Вазорати кишоварзӣ  фасодзадатарин ниҳод», ки дар шумораи 49 (223) аз 10.12.2009 сол рўзномаи «Миллат» чоп гардидааст, дар марҳиллаи баррасӣ қарор дорад».

 

Вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ хостааст, ки барои беасос ва ғайриқонунӣ бардурӯғ чоп шудани мақола ва расонидани зарари маънавӣ аз ҳисоби рўзномаи «Миллат» тибқи қонунҳои муқарраршуда ба маблағи як миллион сомонӣ рўёнида ба суратҳисоби «НБО»-и Роғун гузаронида шавад.

 

Аммо масъули нашрияи «Миллат» мегўяд, ба ақидаи мо, аз тарафи даъвогар ба суд пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рўзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад. Аз ин рў мо дар асоси моддаҳои 140 ва 141 КМГ ҶТ аризаи даъвогии муқобили даъворо ба додгоҳ супурдем ва барои ҷуброни рамзӣ аз Вазорати кишоварзӣ  тариқи додгоҳ 1 сомонӣ талаб кардем.

 

«Миллат.tj»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1819--lr.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ