20:45:47 25-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

ш. Душанбе, 1 феврали соли 2010                

 

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Шӯрои оид ба ВАО Тоҷикистон, дигар созмонҳои рӯзноманигорон бо сабаби аз ҷониби намояндагони ҳокимиятҳои иҷроия ва судӣ зиёд шудани даъвоҳои судӣ аз болои нашрияҳои мустақил дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ ва ҷуброни зиёни маънавӣ ба андозаи калон изҳори ташвиш менамоянд.

 

Тибқи хабари расида, ду нафар судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нур Нуров ва Улуѓбек Мамадшоев, инчунин судяи суди шаҳри Душанбе  Фахриддин Додометов аз болои се нашрияи Тоҷикистон – «Азия-плюс», "Фараж" ва "Озодагон", инчунин аз болои адвокат Солиҷон Ҷӯраев дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ ба суд даъво пеш оварда, талаб намудаанд, ки ба онҳо ба андозаи 5,5 миллион сомонӣ (беш аз 1 миллиону 250 ҳазор доллари ИМА) зарари маънавӣ ҷуброн кунанд.

 

Онҳо инчунин талаб намудаанд, ки фаъолияти рӯзномаҳои мазкур то аз роҳи судӣ ҳал гаштани масъалаи мазкур мутобиқи моддаҳои 142-143 Кодекси гражданию мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дошта шавад. Сабаби даъвои судӣ дар саҳифаҳои нашрияҳои мазкур (№3 аз 20 январи соли 2010) ба табъ расондани изҳорои кушодаи адвокат Солиҷон Ҷӯраев дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон мебошад, ки он рӯзи 14 январи соли 2010 дар маҷлиси коллегияи касатсионии Суди Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд ва нишасти матбуотии рӯзи 18 январи соли 2010 барпошуда садо додааст.

 

Қаблан Вазорати кишоварзии мамлакат ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз болои рӯзномаи «Миллат» даъво оварда, талаб намуда буд, ки рӯзнома ба андозаи як миллион сомонӣ (қариб 229 ҳазор доллари ИМА) зарари маънавӣ ҷуброн кунад.

 

Мо ба ҳамаи кӯшишҳои мазкур ҳамчун идомаи амалҳои ѓайриқонунӣ ва истифодаи нодурусти меъёрҳои қонун нисбат ба телевизиони мустақили «Симои мустақили Тоҷикистон», инчунин нашрияи «Пайкон» баҳо медиҳем. Ҳамаи амалҳои мазкур қатъиян хилофи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» мебошанд.

 

Маъмулан, муроҷиат ба суд дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳуқуқи қонунии ҳар як шаҳрванд, аз он ҷумла судяҳо ва вазирон мебошад. Вале, бо вуҷуди ин, ба назари мо, агар масъала ба барқарор намудани адолат – ислоҳи хатоҳо, ба табъ расондани посух ё радия дар ВАО алоқаманд бошад, пас ин масъаларо бо роҳи то расидан ба суд ҳал намудан, яъне бо роҳи ба Шӯрои оид ба ВАО Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, ҳал кардан ба мақсад мувофиқ аст. Вазифаи Шӯрои оид ба ВАО танзим намудани баҳсҳои марбут ба иттиллоот мебошад.

 

Таъқиб кардани шаҳрвандон, аз ҷумла, адвокати ҳимоячии ҳуқуқ барои истифодаи ҳуқуқи конститутсиониаш ба озодии сухан, танқиди ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин истифодаи чораҳои ҷазодиҳӣ нисбат ба озодии баён хилофи принсипҳои демократӣ мебошанд ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни ҷомеаи ҷаҳон, махсусан дар давраи арафаи интихобот, паст мезананд. Ба андешаи коршиносони маҳаллии соҳаи воситаҳои ахбори омма, ин тамоюли манфӣ метавонад боиси маҳдуд шудани озодии ВАО ва баланд гаштани сатҳи худсенсорӣ дар байни журналистони Тоҷикистон гардад.

 

Ба андешаи қавии мо, истифодаи санксияҳо нисбат ба ВАО бояд ба муфлисшавӣ ва баста шудани нашрияҳо боис нагарданд.

 

И.Усмонов, Раиси Шӯрои оид ба ВАО ҶТ

А.Сатторов, Раиси ИЖТ

Н.Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ

М.Боқизода, Раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон

Х. Ниёзов, Раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

К.Шарифзода, Раиси ҶК «Журналист»

С.Сафаров, Директори иҷроияи Мактаби мустақили журналистика

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1667-2010-02-02-20-45-49.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ