21:39:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ВАСЕЪ МЕГАРДАД

 

Доираи пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» торафт васеъ мегардад. Муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Хабибов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба наздикӣ дар маркази шаҳри Хоруғ бунгоҳи пахшкунандаи мавҷҳои телевизионии (фиристанда) иқтидораш 200 ватт дар канали 12-уми телевизиони вилоятӣ насб карда, ба истифода дода шуд. Имрӯз 80% - и сокиноми шаҳри Хоруғ барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо карда метавонанд. 

Хуршед Ҳабибов зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар Хоруғ боз 2 фиристандаи пуриқтидор насб карда мешавад. Дар ин маврид ҳамаи сокинони маркази ВМКБ барномахои шабакаи мазкурро тамошо хоҳанд кард.

Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ҶСК «Телерадиоком» ягона операторест, ки воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифиро барои пахш намудани барномаҳои радиою телевизион дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра ба ӯҳда дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи мутавассит қудрати пахши барномаҳои радиоиро ба самти Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад. 

Охири соли 2008 ҷиҳати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» каналҳои интиқолкунанда ба воситаи хатҳои радиорелеӣ то вилоятҳои Хатлон ва Суғд насб карда шуда буданд.

Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi