00:02:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Вокуниши созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз қазияи "Азия-Плюс"

Иддае аз созмонҳои журналистии кишвар, аз ҷумла Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии "Хома" аз қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбати нашрияи  "Азия-Плюс" ва муҳаррири он Олга Тутубалина бо изҳори нигаронӣ изҳороти расмӣ интишор доданд.

azia-plus-00023Дар он гуфта мешавад:  "Мо бар онем, ки тавассути суди одилона баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои рӯйзада миёни васоити ахбори омма ва ниҳодҳову шаҳрвандон дар ҳар кишвар аз арзишҳои воло ва тақозои низоми демократӣ аст, вале ҳамзамон тарзи бархӯрд ва муносибати судҳо, ба хусус судҳои марҳалаи аввал, ба ин масъала низ ҷавобгӯ ба муқаррароти қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат бигиранд", - баён мегардад дар изҳорот.

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон изҳори таассуф кардаанд, ки мурофиаи судии қазияи муаллифи матлаби "Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён" ва иттиҳодияҳо ва намояндагони қишри зиёии кишвар бо халалдор шудани меъёру муқаррароти қонунҳои мурофиавӣ, яктарафа, бе назардошти ҳолатҳои воқеӣҷараён гирифта, қарори суди марҳалаи аввал принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд. "Илова бар ин, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон матлаби мазкурро баррасӣ намуда, дар он халалдор шудани "Меъёрҳои ахлоқии касбии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон"-ро дарнаёфта буд", - омадааст дар идома.

 Зикр мегардад, ки қарори суди марҳалаи аввал дар нисбати рӯзноманигор Ольга Тутубалина - муаллифи матлаби "Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён", намунаи тозаи чунин муносибати ноодилонаи мақоми судӣ буда, як навъ фишороварӣ ба фаъолияти озоди журналист, таҳдиде ба озодии баён дар ҷомеаи демократияхоҳи мо мебошад.

 Дар ҳамин ҳол Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо интишори баёния ва изҳороти расмӣ аз қарори суди  ноҳияи Фирдавсӣ нисбати "Азия-Плюс" ва муҳаррири он Олга Тутубалина шадидан интиқод карданд.

Дар изҳороти сафорати Амрико дар Тоҷикистон омадааст, ки "қарори имрӯза алайҳи ҳафтаномаи "Азия Плюс" ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба озодии матбуоти Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. "Мо боварӣ дорем, ки рӯзноманигорон, ки вазифаи худро бо истифода аз озодии сухан ва баён иҷро мекунанд, шоистаи баландтарин дараҷаи ҳифз бошанд".

«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi