| ИДРОРПУЛИИ МЕНДЕЛЕЕВ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК |
| Мақолаҳо - Ҷавонон ва варзиш | |||
| 26.02.2010 19:11 | |||
|
Даҳ тан аз донишҷӯёни тоҷик баррандаи стипендияи ба номи Дмитрий Менделевии Фонди тавсеаи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё»-и Русия шудаанд. Ба ин муносибат имрӯз бо ширкати масъулони ин Фонд, мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими эътои дипломҳои стипендияи ба номи Менделеев сурат мегирад.
Ба таъкиди ӯ, баррандагони идрорпулӣ асосан донишҷӯёне ҳастанд, ки дар фанҳои дақиқ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд. Ҷаноби Нуралиев, мӯътақид аст, ки ин тасмим барои ҳавасманд шудани донишҷӯёни тоҷик такони ҷиддӣ аст. Тибқи иттилои вай, ҳоло мизони идрорпулии донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 50 то 100 сомонӣ, ё муодили 20 доллари амрикоист.
Бад ин тартиб теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки соҳиби идрорпулии ба номи Менделевии Фонди тавсеаи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё» - и Русия шуданд, ба 20 нафар мерасад. Соли гузашта низ ба 10 нафар аз донишҷӯёни тоҷик чунин идрорпулӣ ҷудо шуда буд.
Сандуқи тавсеи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё»-и Русия соли 2005 таъсис шуда ва барқарорӣ ва густариши равобити илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳадафи аслии ин муассисаи илмӣ-пажӯҳишӣ аст.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/javonon-va-varzish/1825-2010-02-26-14-39-23.html
|






