"Интер" қаҳрамони Суперҷоми Итолиё шуд
Дар Риёз бозӣ барои Суперҷоми Итолиё миёни дастаҳои “Милан” ва “Интер” баргузор шуд. Дастаҳарифро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, соҳиби ҷоми фахрӣ гардид.
Голҳои ғолибонро Федерико Димарко, Эдин Жеко ва Лаутаро Мартинес заданд.
"Интер" ҳафтумин Суперҷоми худро дар таърихи бошгоҳ ба даст оварда, дар ин нишондод бо “Милан” баробар шуд. Рекорддори ин мусобиқа дастаи «Ювентус» мебошад. Дастаи “Турин” нӯҳ унвон дорад.
Вести.ру