17:05:31 08-уми Июни 2025 сол

USAID ВА БАРНОМАИ НАВИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИСТОН

21 январи соли ҷорӣ ҷонишини сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Ниша Квост, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муродалӣ Алимардон, ҷонишини Вазири кишоварзӣ ҷаноби Сиҷовуддин Исроилов ва Мудири минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба тараққиёти байналмиллалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Эндрю Сиссон ба Барномаи рушди самаранокии кишоварзии USAID дар Тоҷикистон ифтитоҳи расмӣ бахшиданд. 

 

«Ҳар дуюмин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби кишоварзӣ рӯз мебинад. Лекин бо сабаби норасоии маводҳо, захираҳо, технология ва бозор аксарияти деҳқонон даромади кам ба даст меоранд. Лоиҳаи USAID деҳқононро дастгирӣ мекунад, то онҳо тавонанд ҳосилхезӣ ва самаранокии заминҳоро баланд бардошта, робитаҳои худро бо бозорҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мустаҳкам кунанд.

 

Ин ба густариши рақобатпазирии кишоварзон дар бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва даромаднокии меҳнати онҳо мусоидат мекунад», қайд намуд ҷонишини сафир хонум Ниша Квост зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳӣ дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Тӯли панҷ соли оянда лоиҳаи мазкур бо буҷети  9,7 миллион доллари ИМА баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар маҳалҳои вилояти Суғд, қисмати ғарбии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе амалӣ мегардад. Лоиҳа ба ривоҷдиҳии панҷ намуди зироат - зардолу, лимӯ, пиёз, помидор ва полизиҳо равона шудааст. Инчунин ба деҳқонон нисбати баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ кӯмак расонида мешавад.

 

Барномаи USAID дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои молиявӣ  деҳқононро бо омӯзиш, тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва лавозимоти дигари  кишоварзӣ таъмин менамояд.  Он инчунин ба даст овардани маблаггузорӣ ва дигар намудҳои дастгириро, ки барои ноил гаштан ба максадҳои лоиҳа, яъне ба бисту панҷ фи сад баланд бардоштани даромаднокии деҳқонон заруранд, таъмин менамояд.

 

Барнома аз ҷониби созмонҳои ACDI/VOCA, Иттиҳодияи рушди иқтисодии менонитҳо (MEDA), Маркази байналмиллалии инкишофи нуриҳо (IFDC) ва E-NOETEC Консалтинг амалӣ карда мешавад.

 

Барномаи рушди самаранокии кишоварзӣ яке аз барномаҳои кӯмакдиҳандаи USAID  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз номи мардуми Амрико амалӣ мегардад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 300 миллион доллари ИМА-ро ба татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ, бунёди институтҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/iqtisod/1589-usaid-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854