20:56:03 25-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

СОБИҚ САРИҚТИСОДЧИИ DEUTSCHE BANK: ЕВРО ДАР НАЗДИКИИ ФУРӮПОШӢ АСТ

Евро метавонад аз сабаби таварруми тӯлонӣ аз байн равад. Ин ҳушдор аз ҷониби собиқ сариқтисодчии Deutsche Bank, Томас Майер дода шудааст. Дар мусоҳиба бо Deutsche Wirtschafts Nachrichten иқтисоддон тавзеҳ дод, ки ноустувории евро метавонад сокинони Иттиҳодияи Аврупоро ба ҷустуҷӯи алтернатива ба пули расмӣ водор кунад.

5 deutsche bank 121212Томас Майер таъкид кард, ки "Бонки марказии Аврупо дар шароити идомаи таваррум чопи пулҳои навро идома медиҳад. Ё Бонки марказии Аврупо коре кардан намехоҳад, ё карда наметавонад".

Дар баробари ин, иқтисоддон тавзеҳ дод, ки таваррум на танҳо оқибатҳои иқтисодӣ, балки сиёсиву иҷтимоӣ низ дорад. Ба сифати мисол, Томас Майер як ҳикояеро мисол меорад: гиперинфлятсияи солҳои 1920 ба сари қудрат омадани национал-социалистҳо дар Олмон мусоидат кард, хотиррасон мекунад иқтисодчӣ.

Хабаргузории РИА Новости таъкид мекунад, ки кишварҳои аврупоӣ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия, пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ва безарарсозии Украина, кишварҳои аврупоӣ бо болоравии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ мувоҷеҳ шудаанд. Таҳримҳо алайҳи Русия ба таъмини маҳсулоти технологӣ ва тамоми бахши бонкӣ таъсир расониданд.

Русия аз системаи SWIFT ҷудо шуд, Ғарб 300 миллиард доллар дороиҳои Русияро яхбаста кард. Кремл ин таҳримҳоро як зуҳури ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия номид. Маскав дар посух ба таҳримҳо ва ҳабси ҳисобҳои хориҷӣ ба як қатор кишварҳои ғарбӣ пешниҳод кард, ки аз 1 апрели соли 2022 пули интиқоли гази табииро бо рубл пардохт кунанд.

Дар моҳи феврал сатҳи таваррум дар Британияи Кабир ба 6,2 дарсад расид. Харочоти сокинони Британияи Кабир соле 700 фунт стерлинг зиёд шуд. Дар Фаронса сокинон ба таври оммавӣ равғани офтобпараст ва орд мехаранд, дар ҳоле ки дар Олмон аз соли 1981 инҷониб нархи рекордӣ боло рафтааст, пеш аз ҳама нерӯи барқ.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi