18:51:02 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Нарху наво дар бозорҳо чӣ гунa аст?

Таҳмина КАРИМОВА, "Рӯзгор" 

Имрӯзҳо бархе аз мардум бар ин назаранд, ки нарху наво дар бозорҳо хеле баланд шудааст ва гурӯҳе ҳангоми оиди баланд будани нархи маҳсулот сухан гуфтан зуд даврони шӯравиро мисол меоваранд: "Давраи СССР пурию серӣ ва арзонӣ буд, аммо ҳоло як дона тухм 75 дирам ва чизи аз ҳама зарур, ки бе он зиндагиро тасаввур кардан ғайриимкон аст, як линча орд зиёда аз 100 сомонӣ шудааст. Пас чӣ тавр метавон, ки бо маблағи каме, ки ба даст доред, сӯйи бозор раҳсипор шавед? Албатта, ин ҳама гаронии нархҳоро дида намехоҳед, ки майли бозор кунед".

1.narkhu-navo 2013Ин ҳама суханонро аз як тан зане овардем, ки худро хонашин хонд. Ҳамаи ин гуфтаҳоро дар назар дошта хостем, ки дар масъалаи баланд будани нарху наво дар бозорҳо бо директори бозор, фурӯшанда ва харидорон ҳамсуҳбат шавем. Мо барои муқоисаи нарху навои маҳсулоти гуногун бозори "Саховат" ва "Сафариён"-ро зери таҳлил гирифтаем. 

Ҳангоме ба бозори "Сафариён", ки байни мардум  бо номи "Автовокзал" машҳур аст, омадем, мутаассифона, директори бозор Гулов Мӯҳсин Сафаралиевич дар утоқи кориаш набуд. ҳангоме ки пурсон шудем, гуфтанд, ки барои кори муҳиме ба куҷое рафтааст. Вале мо вақтро ғанимат шуморида, бо масъули бахши санитарию гигиенӣ Холиқов Ҳасан дар бораи сабаби баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва озмоиши гигиении он, инчунин аз тарафи кӣ муқаррар шудани нархҳо ва дигар масъалаҳои бархурди рӯзгори мардум ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ дар ҷавоб чунин гуфт:

"Ҳар як ҳафта, рӯзҳои душанбе ва ҷумъа дар бораи нарху навои хӯроквории бозор ба ҳукумати ноҳия ва роҳбарияти бозор маълумот медиҳем. Ба андешаи банда, сабаби асосии баланд шудани нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ин қимат шудани нуриҳои минералӣ мебошад. Илова бар ин арзиши маводи сӯзишворӣ ва гази моеъ агар баланд гардад, нархи маҳсулот ҳам баланд мешавад. Бар замми ин, роҳкиро низ бояд ба инобат гирифта шавад. Имрӯзҳо қариб ҳамаи чиз дар бозорҳои шаҳр муҳайёст. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи ҳукумати шаҳр муқаррар карда мешавад ва раёсати савдо низ ширкат мекунад".

Ҳамсуҳбати дигар масъули дӯкони ордфурӯшӣ, Давлатов Саиданвар буд, ки дар хусуси нархи маҳсулоти орд чунин иброз дошт: "Дар дӯкони мо нархи як халта орд 140 сомонӣ аст, ки дар қиёс бо чанд муддат пеш 20 сомонӣ поин фуромадааст. Доир ба масъалаи баланд гардидани нарх ҳамин қадар гуфта метавонам, ки навъҳои гуногуни ордҳои мо аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шудаанд. Агар аз он ҷо бо нархи гарон диҳанд, мо низ ба болояш зам мекунем, дар натиҷа нархи орд гаронтар мешавад. Агар аз он ҷо ба мо арзонтар равон кунанд, дар ин ҷо ҳам арзон хоҳад шуд. Ин ҷо ман ҳамчун як шахси масъул инро сабаби асосии гаронии нархи орд мешуморам".

Савдогари дӯкони тухм, Раҳмонов Аҳлиддин доир ба сифату нархи тухм мегӯяд: "Аслан ҳамаи ин тухмҳое, ки ҳоло дар ин дӯкон дида истодаед, ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, яъне аз Эронанд. Аз нархи тухмҳои ватанӣ тухмҳои аз Эрон овардашуда арзонтаранд. Дар дӯкони мо нархи тухм аз 40 дирам то ба 60-70 дирам аст, ки ба фикри мо, ин нархҳо ба талаботи буҷети мардум мувофиқанд".

Нархҳои дигар маҳсулотро аз савдогарон пурсон шудем ва огоҳ гаштем, ки 5 литри равғани "Олейна" 55 сомонӣ ва равғани пахта 40 сомонӣ, як кило шакар 5 сомонӣ, биринҷ аз 6 сомонӣ сар карда, то 11 сомонӣ, пиёз 1 сомонию 20 дирам, картошка 2 сомонӣ мебошад.

Инчунин доир ба ин масъала бо чанде аз харидорон низ мусоҳиб гаштем: муаллима Лола Неъматова мегӯяд: "Ба ростӣ, банда ҳамчун як муаллимаи одӣ аз чунин нарху навои бозорҳо шод нестам. Ба ҷойи он ки нарх паст шавад, баръакс, рӯз то рӯз баланд шуда истодааст. На ҳар кас дар ин тарзи нархгузорӣ чизе харида метавонад".

Аслиддини Назар ронанда: "Мана ман имрӯз бо умеди харидани чанд хели маҳсулот ба бозор омадаам, мутаассифона, барои ҳамаи он маҳсулот маблағ нарасид. Ин худ аллакай як мушкили рӯзгор: Дирӯзакак нархи 1кило помидорро пурсидам, 4 сомонӣ гуфтанд, ҳоло 5 сомонӣ шудаст. Хоҳиши ман аз аҳли савдо ҳамин, ки аз рӯйи инсоф каме нархҳоро паст кунанд, то халқ чизе харида тавонад".

2.narkhu-navo 2013Суҳбати дигари мо аз нарху нархгузории маҳсулоти бозори "Саховат" оғоз мегардад. Нахуст мо хостем, бо директори бозор мусоҳиб шавем, аммо мутаассифона, бо сабабҳои номаълум раиси бозорро дар ҳуҷраи кориаш надидем. Сипас, аз пайи пурсиши нархи маҳсулот шудем ва дидем, ки нархи 1 халта орд 145 сомонӣ, 1кило шакар 5 сомонӣ, 5 литр равған аз 49 то 60 сомонӣ, 1 кило картошка аз 2 то 2 сомонию 80дирам, пиёз аз 1сомонӣ то 2 сомонию 30 дирам аст. Чун ягон нафари мутасаддиёни бозор бо мо ҳамсуҳбат шудан нахостанд, дар масъалаи нарху анво ва сабаби гарон шудани он бо яке аз савдогарон, ки худро Неъмат Одилов муаррифӣ кард, суҳбат намудем:

"Сабаби гаронии нархҳои имрӯза пардохти баланди андоз аст. Миқдори андози муқарраршуда ба хараҷоти истеҳсоли маҳсулот ва талаботи харидорон рост намеояд, барои ҳамин мо ҳисобу китоб менамоем, он маблағҳои хароҷоткардаамонро ба болои арзиши маҳсулот зам карда нархи маҳсулотро муқаррар менамоем. Ин нархи гузоштаи мо ба мардум маъқул нест. Мо аз ҷангу таънаҳои мардум озурда нестем, чунки мардум аз ҳукумат кам кардани пардохтани андозро талаб намоянд, мо ҳам нархҳои маҳсулотамонро арзон карда мефурӯшем".

Харидор Латофат Икромова чунин мегӯяд: "Нарху навои бозорҳо имрӯз бо пардохти маошҳои корхонаҳо мувофиқ намеояд ва мо ҳар моҳ зиёда аз 500 ё то 1000 сомонӣ маош мегирем, аммо як қисми маошҳоямон ба роҳкиро харҷ мегардад ва боқимондаи он барои харидани орду равған ва дигар маҳсулоти лозима намерасад. Мо бояд он нархҳои муқараррнамудаи фурӯшандаҳоро бо маошҳои гирифтаамон мутобиқ намоем. Ин корро бояд кормандони кумитаи савдо ва тиҷорат анҷом диҳанд, аммо имрӯз ҳар фурӯшанда ба хости худ нарх мегузорад. Шахсоне, ки аз дасти онҳо яклухт мехаранд, як баробар қимат мефурӯшанд. Охир ин маоши гирифтаи мо ба харидани маҳсулоти хӯрокворӣ харҷ мегардад. Илова бар ин, мо оилаву хешу табор дорем, аммо он маоши гирифтаамон барои хабаргирии бемору хешу ақрабо намерасад. Лозим меояд, ки аз сари маоши ҳармоҳаамон на камтар аз 100 ё 200-сомонӣ ба ин масъалаҳо пасандоз намоем. Аммо  аз сабаби баланд гардидани нарху наво ягон илоҷи пасандоз намудан надорем. Акнун мо имрӯз маҷбурем, то қанду шоколад нахарем ва ҳар сол либоси нав напӯшему барои рӯзгузаронӣ ҳамон маҳсулоти барои хӯрдан зарурро бихарем".

Ҳадаф аз тадқиқи ин матлаб он буд, ки масъалаи нарху наво дар бозорҳои шаҳр дар кадом самт қарор доранд. Ҳамчунин ин мавзӯъ аз диди мардум чӣ тавр баррасӣ мешавад ва амсоли инро мавриди таҳлил қарор додем. Дар охир баъди ин ҳама суҳбатҳо ба хулосае омадем, ки сабаби баланд кардани нархҳоро савдогарон аз қимат будани андоз меҳисобанд ва харидорон бошанд, ин нархҳое, ки дар баъзеи бозорҳо чашмрасанд, ба маошу талаботи худ номувофиқ меҳисобанд.

Илова бар ин, вақти ба бозори "Сафариён" барои тадқиқ рафтанамон, яке аз масъулини бозор ба мо як варақаи маълумотнома оид ба нарху навои хӯрокворӣ дар бозори "Сафариён", ки дар таърихи 10.06.2013 буд, дод. Ва мо он варақаро гирифта бозорро давр задем, дар воқеъ дидем қариб куллӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи маълумотнома ҷавобгӯянд. Аммо доир ба чунин варақаи маълумотнома, ки тамоми нархҳои маҳсулотҳои хӯроквории дар бозор буда оварда шудаанд, дар бозори "Саховат" ягон нафар аз масъулин ба мо надоданд, то ин ки мисли бозори боло таҳлил менамудем, ки оё мувофиқи он фурӯшандаҳо нархҳоро гузоштаанд ва ё на. Агар дар қиёс гирем, нархи як халта орд дар бозори "Сафариён" 140 сомон бошад, вале дар бозори "Саховат" 145 сомонӣ аст. Хуллас, пас аз таҳлили нархи маҳсулот маълум гардид, ки нархгузории бозори аввал, яъне "Сафариён" нисбат ба бозори дуввум каме бартарӣ дошта, нархҳо арзонтаранд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi