22:47:51 01-уми Июни 2025 сол

ТӮРАҶОНЗОДА: "ТАСВИБИ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН МУСИБАТ АСТ"

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни бонуфуз дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар робита бо тасвиби қонуни баҳсбарангез дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияти фарзанд ба мусалмонони ин кишвар "ибрози таслият" мекунад.

turajanzoda30442414.jpgБа эътиқоди ин чеҳраи мазҳабӣ, дар авоили даҳаи 1990 қозии мусалмонони Тоҷикистон буда ва пас аз имзои созишномаи сулҳ муддате ҳам муъовини нахуствазир буд, қабули ин қонун “барои мусалмонони кишвар мусибати бузург” аст, зеро озодиҳои мазҳабии сокинон ба василаи он маҳдуд мешавад. Оқои Тӯраҷонзода рӯзи панҷшанбеи 16 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки чунин “иқдомҳои даҳшатнок ва маҳдудиятҳо ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ намешуданд.”

Рӯзи чаҳоршанбеи 15 июн аъзои порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд”-ро тасвиб кард. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар иҷлоси порлумон нақши ин санади ҳуқуқиро дар тарбияти фарзандон ва раванди таҳсилу илмомӯзии онҳо муҳим арзёбӣ кард.

Вале ба эътиқоди мунтақидони ин тарҳ, нуктаи аслӣ дар ин қонун ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонони зери 18-сола ба масҷид будааст. Оқои Раҳмонов дар ҷаласаи порлумон тавзеҳ дод, ки тибқи муфодди ин тарҳ, ҷавонони зери синни 18 сол пас аз фориғ шудан аз таҳсил ё дар рӯзҳои таътилу ид метавонанд дар тадобири мазҳабӣ ширкат кунанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф аст, дар ҷаласаи порлумон Қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд”-ро ноқизи ҳуқуқи мазҳабиён дар Тоҷикистон унвон кард.

Оқои Тӯраҷонзода, ки пайравони зиёде дар саросари Тоҷикистон дорад, бо изҳори таассуф аз тасвиби ин қонун гуфт, ки дар ҷаласаи порлумон ба ҷуз аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дигар касе аз муфодди ин қонун интиқод накард. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, “дар сӯҳбатҳо бо ман аъзои порлумон иқрор мекарданд, ки тарҳи ин қонун мухолифи озодиҳои инсон аст.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки тарҳи ин қонун ба ибтикори Президент Раҳмон таҳия шудааст ва ба ин далел, ҳеҷ як аз аъзои порлумон нахостааст алайҳи он раъй диҳад. Вай афзуд: “Бо тасвиби ин қонун ҳукуматдорон нафрати худро ба ислом нишон доданд. Онҳо “алҳамдулиллоҳ мусалмонем” мегӯянду, вале дар асл мухолифи ислом будани худро нишон медиҳанд. Зеро манъи рафтан ба масҷид ба маънии мухолифи ислом будан аст.”

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки мақомот набояд мардумро "фиреб диҳанд": “Дар ҷомеъа ҳар шахс ҳақ дорад, ки атеист (мулҳид) бошад ё пайрави мазҳабе бошад ва дар ин замина мушкиле набояд роҳандозӣ шавад. Вале ҳамзамон ҳамаи онҳо метавонанд аз фидоиёни ватани худ бошанд.”

Ҳамчунин, ин рӯҳонии тоҷик аз тасвиби муқаррарот дар бораи таъсиси ғайриқонунии муассисоти таълимии дорои хусусияти динӣ ё ифротгароӣ, сармоягузорӣ дар ин муассисот ва таҳсил дар онҳо, ки муҷозоти кайфариро пешбинӣ мекунад, интиқод кард. Ба гуфтаи вай, агар шахсе дар манзили худ барои ду нафар ҷавон хондани Қуръон ё “Чаҳор китоб”-ро таълим диҳад, ӯро низ метавонанд то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, тасвиби ин муқаррарот дар порлумон озодиҳои инсон ва озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро шадидан маҳдуд кардааст. Вай афзуд, ки “мардуми Тоҷикистон бояд аз ин амр огоҳ бошанд.”

Мавзӯъи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзандон нахуст дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кормандони ниҳодҳои илму маъорифи ин кишвар дар моҳи декабри соли 2009 матраҳ шуда буд. Дар авохири соли гузашта ба ибтикори ӯ тарҳи Қонуни “Масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияти фарзандон” таҳия ва ба баррасии умумӣ гузошта шуда буд.

Вале бархе аз расонаҳо гузориш доданд, ки аз оғози соли ҷории милодӣ маъмурони интизомӣ ва амниятӣ бидуни тасвиби тарҳи ин ду қонун дар порлумон ба иҷрои муфодди онҳо оғоз карда буданд. Аз ҷумла, маъмурон аз вуруди ҷавонони зери 18 сол ба масҷид ва ҳузури кӯдакон дар интернет-кофеҳо ҷилавгирӣ мекарданд. Ахиран, донишҷӯёни бархе аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки маъмурони интизомӣ ва амниятӣ бо онҳо сӯҳбатҳое анҷом дода ва аз онҳо хостаанд, ки ба масоҷид нараванд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854