04:58:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКУМАТИ АМРИКО САТҲИ ОГОҲИРО ОИД БА БЕМОРИИ СИЛ БАЛАНД МЕБАРДОРАД

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъракаи ҷамъиятиро барои гузарондани Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи бемории сил ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба он байни гуруҳҳои осебпазир, ҷонибдорӣ намуд. 

vahdatОҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) тавассути Лоиҳаҳои USAID “Муошират оиди ВНМО ва сил” ва “Тандурустии босифат” ҳама чорабиниҳои мазкурро дар ҳамкории наздик бо муасиссаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷонибдорӣ намуд. Паҳншавии сил дар ҷаҳон ва, хусусан, дар Тоҷикистон, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Омори ҷаҳонӣ мудҳиш аст. Соли 2009 аз бемории сил 1.7 миллион нафар фавтиданд, ки ин ба 4,700 марг дар як рӯз баробар аст.

Илова бар ин, 380,000 мавориди марг аз бемории сил бо ВНМО алоқа доранд. Дар Тоҷикистон нишондиҳандаҳои сироятшавӣ ҳамчунин хеле баланд мебошанд, аммо беҳбудӣ низ ҷой дорад. Омори Вазорати тандурустӣ нишон медиҳад, ки ҷоринамоии стратегияи дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Курси табобати кӯтоҳмуддати мустақиман мушоҳидашаванда (ДОТС) ва кӯшишҳои барномаҳои пешгирӣ боиси беҳбудиҳо дар чанд мавориди сил ва ВНМО шуд.

vahdat 2Лоиҳаи USAID “Муошират оиди ВНМО ва сил” 16-24 марти соли 2011 дар минтақаҳои лоиҳавии худ дар Душанбе, Ваҳдат, Кӯлоб, Хӯҷанд ва Қӯрғонтеппа якчанд чорабиниро барои гурӯҳҳои осебпазир аз қабили кормандони шаҳвонӣ, нашъамандони тазриқӣ, мардони ҳамҷинсбоз ва шахсоне ки бо БНМО зиндагӣ доранд, баргузор намуд.

Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабиниҳо таъмин кардани ин гурӯҳҳо бо маълумоти лозимӣ оид ба бемории сил, яъне аломатҳои ин беморӣ, роҳҳои интиқол, зарурати сари вақт муроҷиат кардан ба муасиссаҳои тиббӣ, ва ҳамчунин натиҷаҳои табобати нодурусти он аст. Барномаи корӣ мусобиқаи варзишӣ, озмуни расми беҳтарин ва викторина дар мавриди масъалаҳои бемории силро дар бар гирифт. Иштирокчиёни фаъол аз гурӯҳҳои осебпазир ва ҷавонон бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Лоиҳаҳои USAID “Муошират оиди ВНМО ва сил” ва “Тандурустии босифат” ба коҳиш додани тамғагузорӣ ва табъиз нисбати беморони сил кӯмак карданд. Ҳар ду лоиҳа, дар ҳамкории зич бо Маркази иттиллоотии Вазорати тандурустӣ миёни хабарнигорон дар чор самт озмун доир намуданд: беҳтарин мақола дар рӯзнома, беҳтарин мақола дар расонаҳои электронии хабарӣ, беҳтарин барномаи радио ва телевизион оид ба масъалаҳои бемории сил (). Дар натиҷа, беҳтарин мақолаҳо, барномаҳои радио ва телевизион ва мақолаҳои электронӣ, ки маълумоти дурустро оид ба сил пахш намуданд муайян шуданд ва 26 марти соли 2011 бо ҷоизаҳои пулӣ мукофотонида  хоҳанд шуд.

vahdat 3Лоиҳаи USAID “Тандурустии босифат” дар ҳамкорӣ бо Бахши тиббии шаҳрии Вазорати тандурустӣ чорабинии ҳарсолаи мукофотонии кормандони тибро (духтурон ва ҳамшираҳо), ки дар ташхис ва табобати сил саҳми арзанда гузоштанд, ҷонибдорӣ намуд. Гурӯҳи мутахассисони Барномаи миллии алайҳи бемории сил, тибби оилавӣ, ва ҳамчунин Лоиҳаи USAID “Тандурустии босифат” фаъолияту кори духтурон ва ҳамшираҳоро, ки аз тарафи сардорҳои муасиссаҳои тиббӣ пешниҳод шуданд, арзёбӣ кард.

Дар натиҷа, шаш духтур ва чор ҳамшира аз муасиссаҳои Кӯмаки аввалияи тиббии шаҳри Душанбе сазовори ҷоизаҳо дониста шуданд. Маросими ҷоизадиҳӣ дар маҷлисе, ки аз тарафи Шӯъбаи тиббии шаҳрии Вазорати тандурустӣ 31 марти соли 2011 доир мегаордад, баргузор ххоҳад шуд.

Лоиҳаҳои USAID “Муошират оиди ВНМО ва сил” ва “Тандурустии босифат” ду лоиҳа аз лоиҳаҳои сершумори мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе  барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 900 миллион доллар кӯмак намуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi