ТАШКИЛОТИ УМУМИРУСИЯГӢ МАНФИАТИ КИРО ҲИМОЯ МЕКУНАД?
Дирӯз, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муаррифии кушодашавии намояндагии ташкилоти ҷамъиятии умумируссиягии «Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ хабарнигорони шабакаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ иштирок карданд.
Роҳбари ташкилот Владимир Мамаев дар бораи мақсад ва ҳадафҳои Комиссияи мазкур иттилоъ дода қайд кард, ки мусоидат ба амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани ҳамкориҳои васеи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди коррупсия, ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди ошкор шудани ҳолатҳои характери коррупсионидошта аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар ташкилоту хадамот аз ҷумлаи самти фаъолияти ин ташкилот мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ асосан афсарон - собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия фаъолият мекунанд. Ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» «ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягӣ дар Тоҷикистон манфиати киро ҳимоя мекунад?», посух дода шуд, ки онҳо манфиати ҳам Руссия ва ҳам манфиати Тоҷикистонро ҳифз хоҳанд кард.
Дар ҳамин маврид ба суоли корманди Прокуратураи генералии Тоҷикстон оё маълумотҳои ҷамъовардаи ин ташкилот ба амнияти Точикстон аз ҷумла ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ халал намерасонад ва ин маълумот чӣ тавр истифода мешаванд, ҷавоби дақиқ нагуфтанд.
Акрам Ҳаитов, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1863-2010-03-04-04-20-00.html