09:12:04 26-уми Июни 2025 сол

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД БА ДУ СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавонро ба ду соли зиндон маҳкум кард.  Вай тибқи моддаи 36 қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон ба ҳамдастӣ ё шарикӣ дар ҷиноят ё кумак ба фирори Фаррух Рӯзиев, ки дӯстписараш муъаррифӣ мешавад, аз толори додгоҳ, муҷрим шинохта шуд. Додситонӣ қаблан аз додгоҳ хоста буд, ки ин овозхони ҷавонро барои дуву ним сол равонаи зиндон кунад. Аммо додгоҳ бо таваҷҷуҳ ба нукоти мухталифи қонун ӯро ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.

 

Бо ин ҳол, пайвандон ва вукалои мудофеъи хонуми Хуршед метавонанд дар муҳлати даҳ рӯз дархости истиноф ё бознигарӣ дар ҳукми ин додгоҳро кунанд. Додгоҳи ноҳияи Сино баррасии парвандаи ҷиноии Фарзонаи Хуршедро рӯзи 9 феврал оғоз карда буд. Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавон, духтари Сурайё Қосимова, сарояндаи шинохта ва хоҳари Шабнами Сурайё, овозхони дигари тоҷик аст, ки тарафдорони зиёде дар миёни шунавандагони форсизабон дорад.

 

Кормандони интизомии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиевро, ки дӯстписари Фарзона хонда мешавад, ба қаллобӣ муттаҳам кардаанд. Эъломи ҳукми қозӣ алайҳи хонуми Хуршед бо гиряи Сурайё Қосимова, модари Фарзона ва фарёди Шабнами Сурайё, хоҳараш, дар бораи ғайримунсифона будани ҳукми додгоҳ ба ҳамроҳ буд.

 

Дар беруни додгоҳи ноҳияи Сино ва атрофи он аз субҳ то замони судури ҳукми додгоҳ овозхонҳо Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Суҳроби Сафарзод, Зикруллоҳ Ҳакимов, ҳунармандони гурӯҳи "Анис" ва чанд овозхони ҷавони дигар ва даҳҳо нафар аз тарафдорони Фарзонаи Хуршед ва хонаводаи ӯ таҷаммуъ карда буданд.

 

Қозии додгоҳ дархости гурӯҳе аз овозхонони тоҷикро дар бораи табрааи Фарзонаи Хуршед рад кардааст. Зимнан, ин аз мавориди нодири маҳкумияти овозхонҳо ва ҳунармандон дар Тоҷикистон аст. Сурайё Қосимова, модари хонуми Хуршед ва овозхони маъруф, дар рӯзи оғози муҳокимаи додгоҳӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки духтараш гунаҳкор нест, балки фиреб хӯрдааст.

 

Пайвандони Фарзонаи Хуршед мегӯянд, ки вай қасди гурезондани дӯстписарашро надошта ва танҳо ӯро дар беруни додгоҳ дидааст ва Фаррух Рӯзиев ба ӯ гуфтааст, ки аз муҳокима озод шудааст. Онҳо якҷо савори мошине шуда ва ба тарафи дараи Варзоб ҳаракат кардаанд ва рӯзе баъд дар он ҷо дастгир шудаанд. Оқои Рӯзиев тобистони гузашта ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ боздошт шуда буд. Аммо як моҳ пеш дар ҷараёни яке аз ҷаласоти додгоҳ, вай аз толор берун шуда ва ба ҳамроҳии хонуми Хуршед фирор кардааст.

 

Зимнан, додгоҳ Фаррух Рӯзиев, дӯстписари Фарзонаи Хуршедро ба даҳ соли зиндон ба изофаи мусодираи амволаш маҳкум кардааст. Додгоҳ ӯро дар кулоҳбардорӣ муҷрим шинохтааст. Додгоҳи ноҳияи Сино ҳамчунин Шамсиддин Ғафуров, як масъули додгоҳ ва Ҳикматуллоҳ Қурбонов, як корманди пулисро, ки онҳо низ дар ҳамдастӣ дар фирори оқои Рӯзиев аз толори додгоҳ муҷрим шинохта шудаанд, барои ду сол равонаи зиндон кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1805-2010-02-23-17-01-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ