01:20:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Додгоҳи Олӣ боздошти муовини раиси додгоҳи ВМКБ-ро иҷозат дод

Додгоҳи Олӣ барои боздошт ва ба ҳабс гирифтани муовини раиси додгоҳи ВМКБ Ҳазратулло Иброҳимов, ки ба ришватситонӣ муттаҳам мешавад, санксия содир кард.

bozdoshti-muovin 4558778Ба гуфтаи манобеи раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ВМКБ, санкисия пас аз он дода шуд, ки Додоҳи Олӣ асноди пешниҳодшударо омӯхта, муовини раиси додгоҳи вилоятӣ барои идомаи бозпурсӣ ба Душанбе интиқол гардид. Манобеи Оҷонсии мубориза бо коррупси изҳор доштанд, ки бо анҷоми таҳқиқи парванда, он ба Додгоҳи Олӣ ирсол мешавад, вале парванда дар маҳалли ҳодиса дар Хоруғ, ки бештари шоҳидон ҳам дар ин ҷо ҳастанд, баррасӣ хоҳад шуд.

Муовини раиси додгоҳи ВМКБ Ҳазратулло Иброҳимов субҳи 6-уми август дар утоқи кориаш ҳангоми ситондани ришват дар ҳаҷми 1000 долари амрикоӣ аз шаҳрванд Қаниев Қиматшо, аз сӯи кормандони Оҷонсӣ мубориза бо коррупсия дастгир шуд. Қаниев Қиматшо, собиқ директори яке аз макотиби ноҳияи Рӯшон соле қабл ба исрофкории маблағи буҷавӣ айбдор шуда, парвандааш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардида буд. Аммо муовини раиси суди вилоятӣ бар ивази пардохти ришва, ба собиқ директор ваъда кардаст, ки ӯро аз муҷозот   озод мекунад.

Масъулини додгоҳи Бадахшон мегӯянд, ки парвандаи исрофкории собиқ директории мактаб дар дасти додрас Аҷиков қарор дошт ва бар ин боваранд, ки муовини раиси додгоҳи вилоятӣ дар муносибат бо собиқ директории мактаб ба қаллобӣ роҳ додааст. Ба гуфтаи масъулини додгоҳи вилоятӣ, боздошти муовини раиси додгоҳи вилоятӣ дар утоқи кориаш бо иттиҳоми ришватситонӣ барояшон ҳодисаи ғайриинтизор будааст, зеро як рӯз қабл аз ин ҳодиса, барои сафари хидматии оқои Иброҳимов ба Душанбе амр содир карданд.

Вале манобеи раёсати Оҷонсии мубориза бо коррупсия бар ин боваранд, ки оқои Ҳ. Иброҳимов дар симмати муовини раиси додгоҳи вилоятӣ метавонист ба тақдири парвандаи собиқ директории мактаб таъсир гузорад ва бо сӯистифода аз ваколати мансабӣ, тамаъҷӯи ва ришватситонӣ кардааст.

Ба гуфтаи собиқ директории мактаб, вай хабар дошт, ки парвандааш дар дасти додрасӣ дигар қарор дорад, вале аз кашолакорӣ дар баррасии парванда ба танг омада, барои маслиҳат ва кӯмак ба муовини додгоҳи вилоятӣ, ки чун мутахассиси пуртаҷриба шинохта мешуд, муроҷиат кард. Бо ваъдаи кӯмак расонидан, муовини раиси додгоҳи вилоятӣ қаблан низ тамаъҷӯи кардааст, вале ахиран талаби пули калони ришват, собиқ директори мактабро маҷбур сохтааст, ки ба Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кунад.

Ҳазраттуло Иброҳимов қаблан дар Додгоҳи олӣ фаъолият мекард. Ду сол қабл  ҳамчун мутахасиси пуртаҷриба ба манзури таҳким бахшидани ҳайати додгоҳӣ  ба Бадахшон фиристонда шуда, дар симмати муовини раиси суди вилоятӣ кор мекард. Сокинони Хоруғ ин меҳмони суханвари доимии телевизиони Бадахшонро дар ёд доранд ки, дар мавриди адолат додгоҳӣ ва таъмини волоияти қонун баромад мекард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi