15:12:34 03-уми Июни 2025 сол

ЧОПИ АСАРИ РАИСИ ФАРҲАНГИСТОНИ УЛУМИ ЭРОН БА ХАТТИ СИРИЛЛИК

Китоби “Дар бораи илм”-и Ризо Доварии Ардаконӣ, раиси Фарҳангистони улуми Эрон дар Тоҷикистон ба хатти сирилик мунташир шудааст. Дар маросими муаррифии китоби “Дар бораи илм”, ки ахиран дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон баргузор шудааст, окодемисян Маҳмадшо Илолов, раиси ин фарҳангистон, онро осори боарзиши фалсафӣ ва барои донишмандони тоҷик муфид арзёбӣ кард.

/images/stories/2011/11/30_davari.ardakani_301111.jpgБа гуфтаи оқои Илолов, дар зарфи 50 сол Ризо Доварии Ардаконӣ ба пажӯҳиши бахши фалсафа машғул буда ва дар ин муддат мақолоту кутуби зиёдеро мунташир кардааст. Манобеъи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтанд, китоби “Дар бораи илм”-и Ризо Доварии Ардаконӣ аз маъдуд осори илмӣ ва пажӯҳишии донишмандони эронӣ маҳсуб мешавад, ки ба таври комил ба хатти сирилик баргардон шудааст.

Ҳамчунин, оқои Ардаконӣ бо аксари кулли орои донишмандони тоҷик узви ифтихории Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб гардид. Дуктур Ризо Доварӣ Ардаконӣ аз донишмандони саршиноси Эрон буда, раёсати Фарҳангистони улуми ин кишварро ба ӯҳда дорад ва профессури Донишгоҳи Теҳрон аст.

Оқои Ардаконӣ муаллифи осори ғании илмӣ буда ва “Пушти тафаккури муъосир”, “Пояҳои назарии тамаддуни ғарбӣ” ва “Дар бораи илм” аз маъруфтарин китобҳои ӯ маҳсуб мешавад. Ин китоб нашриёти "Дониш"-и Тоҷикистон ба дасти чоп расид.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854