00:30:27 28-уми Апрели 2025 сол

ТӮҲФАИ ДОНА БАҲРОМ БА МУХЛИСОНАШ

«Шаби барфӣ» ва «Хаймаи кӯҳсор» чунин ном доранд ду албоми сурудҳои Дона Баҳром, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ аз сӯйи ширкати сабти овози «Сомон»  дар дӯконҳои СD-фурӯшии  пойтахти кишвар ба фурӯш бароварда шудаанд.

 

Дона Баҳром агарчи яке аз овозхонҳои  маъруф ва собиқадори  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор равад ҳам, вале суруду таронаҳои ӯ дар шакли албом то ба ин дам ба нашр нарасида буданд. Албомҳои мазкур нахустин албомҳои аудиоии таронаҳои ӯ мебошанд, ки ба дасти алоқамандони садои гирову дилангезаш мерасанд. Дар ин ду албом беш аз сӣ таронаи дар солҳои 70-ум то 2000-ум эҷоднамудаи ӯ аз миёни осори ғаниву мақбулаш гулчин карда шудаанд. Дар байни ин сурудҳо таронаҳои машҳури лирикии ӯ  «Дидам нигори худро мегашт гирди хона» бар ғазали Ҷалолиддини Балхӣ,  «Гуфти бигӯ дар чи хаёливу ҳол чист?», бар ғазали Ҳилолӣ, «Турки дилошӯби ман» бар ғазали Ҳасани Деҳлавӣ, «Моҳи кишвари русӣ» ба шеъри Авлиёҳусайни Мағмум,  таронаҳои панду ахлоқии «Ҷавон гарчи доно бувад боҳунар» бар матни Фирдавсӣ, «Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам», бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ,

 

«Даст бар сӯрох барӣ аз заҳри мор андеша кун» бар ғазали Ҷалолиддини Балхӣ, сурудҳои моҳияти иҷтимоӣ дошта аз қабили  «Шаби барфӣ» бар матни  Нодири Нодирпур, «Ай мурғи кӯчбаста зи боғу чаман, биё»  ба шеъри Алимуҳаммади Хуросонӣ, «Марсия дар сӯги шаҳидони зилзилаи Шарора»  бар матни Назри Яздонӣ низ ҳастанд.

 

Дона Баҳром, ки феълан ба кори муаллимӣ гузашта дар Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов ва Коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов воқеъ дар шаҳри Душанбе ба толибилмони мусиқӣ дарс мегӯяд, дар сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» гуфт, ки ният дорад тамоми осорашро, ки беш аз 120 таронаи нобро ташкил медиҳанд ба тадриҷ ҳамин гуна  дар оянда дастраси алоқамандони ҳунараш гардонад.

 

 

Муштариёни гиромӣ, ҷустуҷӯҳои мо дар шабакаи интернетӣ ба нияти пайдо кардани наворҳои видеоии Дона Баҳром дар ин шабака бенатиҷа буд. Аз ин рӯ ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» аз тариқи сомонаи www.youtube  бори аввал ба Шумо навори видеоии суруди «Зилзилаи Шарора» («Марсия дар сӯги шаҳидони зилзилаи Шарора»)-ро пешниҳод менамояд.

 

Ин навор боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки он дар маҳали вуқӯи ҳодисаи заминларзаи Шарора баъди ним соли ин воқеа ба навор гирифта шудааст ва дар он наворҳои  дар соатҳои аввали  фоҷиа сабтшуда низ истифода гардидаанд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1734-2010-02-11-19-39-50.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ