07:04:56 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВКД истирдоди "дасти рост"-и У.Қувватовро рад мекунад

Мақомоти Тоҷикистон истирдоди Мақсуд Иброҳимов, яке аз ёрони раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ  Қувватов аз Маскав ба Душанберо рад мекунанд. Аммо наздикони Иброҳимов иддао доранд, ки ӯро шаби 20 ба 21 январ ба Душанбе бурдаанд.

maqsud-ibrohimov 54566665Шоҳҳусайн Коров, муовини раиси раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21 январ дар сӯҳбат бо мо хабарҳои нашршуда дар бораи истирдоди Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” аз Маскав ба Душанберо рад кард. Шоҳҳусайн Коров гуфт: “Тамоми маводи марбут ба истирдоди афроди гумонбар аз дасти мо мегузарад ва дар рӯйхати истирдодшудаҳо дар рӯзҳои охир аслан нафаре бо номи Мақсуд Иброҳимов нест. Ин хабари матбуоти Русия ягон ҳақиқат надорад.”

Аммо нафароне, ки худро намояндагони созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” меноманд, рӯзи 21 январ ба мо хабар доданд, ки бино ба маълумоти дарёфтии онҳо,  раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати кунуниро аллакай аз Маскав ба Душанбе бурдаанд. Намояндагони ин созмон, ки ба далелҳои амниятӣ аз овардани номи худ худдорӣ мекунанд, мегӯянд, Мақсуд Иброҳимов баъди ҷавоб шуданаш аз бемористон таҳти назорати мақомоти амниятии Русия қарор дошт ва бо онҳо тавассути Скайп ва Вайбер дар тамос буд. Вале аз рӯзи 19 январ телефони Иброҳимов ба таври ногаҳонӣ хомӯш шуда ва робита бо ӯ комилан қатъ шудааст.

Онҳо мегӯянд, бино ба иттилои, ба ақидаи онҳо, “мӯътамад”-е, ки аз манобеи худашон дар ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба даст овардаанд, Иброҳимовро шаби 20 ба 21 январ аз тариқи фурудгоҳи низомии Чкаловск, воқеъ дар вилояти Маскав, ба Душанбе бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Иброҳимовро ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигоҳ медоранд.

Кумитаи амният ин хабарро шарҳ надодааст, вале намояндаи баландпояи вазорати умури дохилӣ истирдод шудани нафаре бо номи Мақсуд Иброҳимов дар ин рӯзҳои охирро “як хабари комилан беасос” меномад.

Номи Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” ва узви раёсати эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” дар ду моҳи пеш баъди як сӯиқасд ба ҷонаш даор пойтахти Русия вирди забонҳо шуд. Ба қавли наздиконаш, ин ҳамла шаби 26 ба 27 ноябр дар назди манзили иқомати ӯ дар кӯчаи Бокуи шаҳри Маскав сурат гирифта, ӯро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол доданд. Ӯқариб як моҳро дар бемористон ба сар бурд, вале баъди ҷавоб шуданаш ҳам, ба гуфтаи ёрони ӯ, таҳти назорати мақомоти амниятӣқарор дошт.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар рӯзи нашри хабари сӯиқасд ба ҷони ин сиёсатмадори мухолифи тоҷик гуфта буданд, ки баъди табобаташ Иброҳимов ба ҳабс гирифта хоҳад шуд, чунки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ гузошта шудааст.

Наздикони Иброҳимов мегӯянд, дар Душанбе алайҳи Мақсуд Иброҳимов ва 11 нафари дигар аз аъзои созмони ҷавононн “Барои эҳёи Тоҷикистон” бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ (ташкили иттиҳоди ифротӣ, ташкили фаъолияти чунин созмонҳо ва даъватҳои оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон” як мӯҳраи калидӣ дар сохтори эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” ва худи Иброҳимов яке аз ёрони наздик ва ба гуфтаи бархе, ҳатто "дасти рост"-и раҳбари нирӯҳои меҳварии ин эътилоф "Гурӯҳи 24" УмаралӣҚувватов ба шумор мерафт. Масъулони он мегӯянд, аксари гирдиҳамоиҳо дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамин созмон ташкил дода буд. Баъди митинги баргузорношудаи рӯзи 10 октябр ин созмон аз бедарак шудани дастикам 3 узваш хабар дод. Баъдан мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки чанде аз тарафдорони УмаралӣҚувватовро ба далели насби шиорҳои зидди ҳукумат дастгир кардаанд.

Ҳоло дар додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи парвандаи Умедҷон Солиҳов ном зодаи Ваҳдат шурӯъ шудааст, ки ба узвият дар “Гурӯҳи 24”, ширкат дар як гирдиҳамоии мухолифони ҳукумат дар шаҳри Новосибирски Русия ва барои дар суханрониаш дар он ҳамоиш ба фурӯши заминҳои Тоҷикистон ба Чин айбдор кардани Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқири президент айбдор мешавад.

Эътилофи “Тоҷикистони нав”, ки ба ҷуз аз созмони Мақсуд Иброҳимов, боз “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ УмаралӣҚувватов ва чанд созмони дигари мухолифини бурунмарзиро муттаҳид мекунад, рӯзи 27 ноябр бо пахши як изҳорот сӯъиқасд ба Мақсуд Иброҳимовро маҳкум ва масъулияти онро ба дӯши мақомоти вижаи Тоҷикистон бор карда буд. Дар он изҳорот гуфта мешуд, ки Иброҳимов баъди ташкили як силсила тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Русия бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати сиёҳ афтодааст ва чандин бор ӯву аъзои хонаводааш мавриди таҳдиду тарсдиҳии мақомоти тоҷик қарор гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба иддаои ин созмон, ки онҳоро ба даст доштан дар сӯъиқасд ба ҷони Мақсуд Иброҳимов гунаҳкор мекунад, вокунише нишон надодаанд.

УмаралӣҚувватов, ки ду сол пеш баъди фирораш аз Тоҷикистон Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ғасби тиҷоратҳояш айбдор кард ва “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод, ҳамроҳ бо боз 3 тани дигар аз ёронаш аз 19 декабр дар шаҳри Истамбули Туркия низ дар боздошт қарор дорад.

Дар гузашта низ  мавридҳои ба таври мармуз дар Русия ғайб задану баъди чанде дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон пайдо шудани мухолифини сиёсии ҳукумати кунунӣҷой дошт. Аз ҷумла дар соли 2004 раиси вақти ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров баъди расман рад шудани дархости истирдодаш аз сӯи додгоҳи Маскав ногаҳон дар Душанбе пайдо шуд ва ӯро баъдан ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар соли 2012 соҳибкори фирорӣ Низомхон Ҷӯраев низ ба чунин сурати ногаҳонӣ ва низ баъди рад шудани дархости истирдодаш аз сӯи додгоҳи Маскав дар Душанбе пайдо шуд ва тобистони соли 2014, баъди бар асоси шаҳодатҳои ӯ боздошт шудани чандин мақоми баландпоя, ҳамон тавр ба таври мармуз аз Душанбе ғайб зад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Абдулвосит Латифов, мулаққаб ба "Қорӣ Восит", яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақаи Кофарниҳон низ ба ҳамин шева аз Русия ба Душанбе бурда шудааст. Аммо бо гузашти инак 2 сол аз ғайб заданаш, ҷониби Тоҷикистон то ҳол истирдоди ин ҷангии собиқи мухолифинро тасдиқ накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi