16:53:23 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Боздошти шоҳиди парвандаи пурсарусадои Тоҷикистон

Рафаэл Мақсудов шаҳодат дода буд, ки Ҳамза Икромзода аз зарбу лати бераҳмонаи посбонони зиндон ҳалок шудааст.

rafael-maqsudov 56455478Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки Рафаэл Мақсудов зиндонии собиқ ва шоҳиди парвандаи пурсарусадои марги Ҳамза Икромзода як зиндонии дигарро боздошт кардаанд. Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор рӯзи 25 –уми август ба мо гуфт, Рафаэл Мақсудов, бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ва бар асоси шикояти чанд сокини ноҳия боздошт шуд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Рафаэл Мақсудовро дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор бо 10 нафар ҷабрдидаҳо рӯ ба рӯ кардаанд. Зиндонии собиқ аз манзили ин афрод пул ва дигар молу авмоли онҳоро дуздидааст ва ҳатто бо қасди дуздӣ ба хонаи хоҳари Ҳамза Икромзода ворид шудааст, аммо ӯро дидаанд.

Яке аз ин ҷабрдидаҳо, ки аз овардани номаш худдорӣ кард гуфт, Рафаэл чаҳор рӯз қабл вақте тирезаи хонаашро шикаста хоста ба хонаашон ворид шавад, аммо онҳо аз ин кор бохабар шуда ба кормандони милисаро даъват кардаанд.

Рафаэл Мақсудов дар гузашта бо гуноҳи дуздӣ ба сеюним соли зиндон маҳкум шудааст ва ӯро моҳи апрели ҳамин сол баъди адои ҳукмаг озод карданд. Номи Рафаэл дар матбуот аз он вақт сари забони матбуоти Тоҷикистон шуд, ки ӯро дар робита ба марги Ҳамза Икромзода муфаттишон бозпурсӣ карданд.

Волидони Ҳамза Икромзода иддао мекунанд, ки писари 27-солаи онҳо рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 бар асари латукуби бераҳмонаи маъмурони зиндон  ҳалок шудааст. Онҳо мегуфтанд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода осори шиканҷа аз ҷумла пайи дарзмол буд, вале мақомот ин иддаоҳоро рад кардаанд. 

Мақомот мегуфтанд, ки Ҳамза Икромзода бар асари сактаи қалб фавтидааст, вале баъдан як Маҳмуд Исмоилов як посбони зиндони рақами якро бо гуноҳи баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ, ки боиси марги инсон шуд, ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард.

Худи Ҳамза Икромзода бо гуноҳи дуздиву авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд. Парвандаи мазкур соли 2012 сару садои зиёдеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт ва дигарбора баҳсро дар бораи мавҷудияти бадрафториву шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо доғ кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi