23:19:54 06-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

ҲАФТ СОЛИ ЗИНДОНИ ТИМОШЕНКО. ВОКУНИШҲО АЗ ДУШАНБЕ Равзана ба ҷахон 11.10.2011 20:12 1228
Додгоҳи шаҳри Киев сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенкоро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Ҳизби Иттиҳодияи Тамоми Украина, ки зери назорати Тимошенко қарор дорад, гуфтааст, ки бознигарии ҳукми додгоҳро талаб мекунад.
РУСИЯ: РАСОНАҲОИ МУСТАҚИЛРО "БӮҒӢ" МЕКУНАНД Равзана ба ҷахон 11.10.2011 20:09 1042
Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия. Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав ...
САФАРИ НАХУСТИН ГУРӮҲИ ЗОИРОНИ ТОҶИК БА ҶИДДА Хабар 11.10.2011 20:06 1106
Яксаду ҳаштоду панҷ тан аз довталабони зиёрати хонаи Каъба аз пойтахти Тоҷикистон ба Ҷидда парвоз карданд. Парвози нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик тавассути ҳавопаймои ширкати “СомонЭйр”, ки аз умдатарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст ...
МАРГИ БОЗ ЯК ЗИНДОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУБОРА ТАҲҚИҚ МЕШАВАД Иҷтимоъ 11.10.2011 20:04 1132
Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи марги боз як зиндонии дигар дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанберо аз сар гирифтааст. Бар асоси санадҳои таҳияшуда тавассути табибони ин зиндон, Дилшод Муродови 32-сола дар моҳи августи соли 2009 ...
ЭЪТИРОЗИ ДОДСИТОНӢ: "ПАЙРАВОНИ МАҲМУДРО ОЗОД КУНЕД!" Иҷтимоъ 11.10.2011 20:02 1121
Додситонии Хатлон аз ҳукми додгоҳ нисбат ба 7 пайрави Маҳмуд Худойбердиев изҳори норизоиятӣ кардааст. Моҳи сентябр додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини навоҳии Вахшу Румиро дар пайравӣ аз гурӯҳи сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ...
ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ АЛАЙҲИ РАҲБАРИ ШИРКАТИ “ТК-МОБАЙЛ” Хабар 11.10.2011 20:00 1029
Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар қиболи Сюн Няншен, мудири кулли ширкати муштараки иртибототии “ТК-Мобайл” ба иттиҳоми сарпечӣ аз иҷрои мусаввабаи додгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
АВРУПО "НОМҲОИ СИЁҲ"-И ЭРОН ВА БЕЛАРУСРО БЕШТАР КАРД Равзана ба ҷахон 11.10.2011 09:55 1102
61 нафар аз Эрон ва 192 нафар аз Беларус ҳаққи сафар ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро нахоҳанд дошт. Иттиҳоди Аврупо таҳримҳояш алайҳи афроди наздик ба режимҳои ҳокими Беларус ва Эронро дар посух ба саркӯби ҷунбишҳои мухолиф ва нақзи ҳуқуқи ...
ҒАМБЕМОРӢ. ОҚИБАТИ ҶАНГ, ФАҚР, МУҲОҶИРАТ... Иҷтимоъ 11.10.2011 09:52 1125
Як сокини Душанбе мегӯяд, фарзанди нахустинашро, ки ҳоло 8 сол дорад, бо нишонаҳои бемории равонӣ ба дунё овардааст. Иллати аз батни модар бемор ба дунё омадани кӯдакро пизишкон ба фишори равоние марбут донистаанд, ки модар ба он гирифтор буд.
РУСИЯ ДАР НАҚШИ ЖАНДАРМИ СПАД? Сиёсат 11.10.2011 09:49 979
Вокунишҳо ба тасвиби протоколи иловагӣ ба СПАД аз сӯи Думаи Русия, дар маҳофили Тоҷикистон ба гунаи мухталифе баён мешаванд. Ин тағйиру иловаҳо ба асосномаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, заминаи мудохилаи созмони мазкур дар умури кишварҳо ба ғайр аз мавриди ҳуҷум қарор гирифтанро низ фароҳам мекунад.
КОРЗОРИ ВИЖА БАРОИ ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ТАҲСИЛ Иҷтимоъ 11.10.2011 09:47 990
Дар Тоҷикистон корзори вижаи ташвиқотӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба аҳамияти таҳсил барои духтарон ва авоқиби бесавод мондани духтарон оғоз шудааст. Ин корзор, ки аз рӯзи душанбеи 10 октябр шурӯъ шуд то 30 октябр идома хоҳад дошт ва дар чорчӯби он мизҳои гирд бо ширкати занони фаъол ва духтарони таҳсилкарда дар ....